Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коротеев: "Тоҷикистон масъул аст, Путинро ба Гаага супорад, аммо..."


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар ҷараёни яке аз сафарҳояш дар Душанбе
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар ҷараёни яке аз сафарҳояш дар Душанбе
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар Гаага ду ҳафта пеш қарори боздошти президенти Русия Владимир Путинро баровард. Ӯ ба ихроҷ ва кӯчонидани иҷбории сокинон, аз ҷумла кӯдакон аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина гумонбар аст. Қарори боздошти Путин чӣ пайомад дорад? Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, посухи ин ва суолҳои дигарро аз мудири созмони ҳуқуқи башари "Агора" Кирилл Коротеев пурсид.

Радиои Озодӣ: Дар ҳоли ҳозир чанд кишвар Асосномаи Рими Додгоҳи байнулмилалии ҷиноиро имзо кардаанд ва аз нигоҳи назариявӣ метавонанд Владимир Путинро ҳатто дар ҷараёни сафари расмияш ба ин давлатҳо боздошт кунанд?

Кирилл Коротеев: "Агар хато накунам, феълан 123 кишвар узви Асосномаи Рими Додгоҳи байнулмилалӣ ҳастанд. Аз миёни ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ кишварҳои Балтик, Гурҷистон ва Тоҷикистон санади шомил шудан ба узвияти Додгоҳи байнулмилалии ҷиноиро ба тасвиб расондаанд. Украина салоҳияти додгоҳро танҳо барои ҳаводиси баъд аз соли 2014 эътироф кард. Эътирофи салоҳиятҳои додгоҳ бидуни тасвиби санад ҳам имкон дорад. Ин айнан ҳамон корест, ки Украина анҷом дод. Масъалаи дигар ин аст, ки қарори боздошт, хушбахтона ё мутаассифона, ба таври автоматӣ амал намекунад. Он аз кишваре вобастааст, ки дар он ҳузур доред. Барои намуна, президенти Судон Умар ал-Башир бо вуҷуди баромадани қарори ҳабсаш аз сӯи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ озодона аз кишварҳое боздид мекард, ки узви додгоҳ буданд. Ал-Башир дар Африқои Ҷанубӣ бо баъзе сахтиҳо рӯбарӯ шуд, вале қарори додгоҳи Африқои Ҷанубӣ дар бораи ҳабси ӯ пас аз рафтанаш содир шуд ва ин тарҳрезишуда ҳам буд. Вай боре, аллакай ғайринақшавӣ, маҷбур шуд Нигерияро тарк кунад. Бинобар ин, таҷриба нишон медиҳад, ки ҳатто давлатҳои узв на ҳамеша қарорҳои Додгоҳи байнулмилалии ҷиноиро иҷро мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Бо вуҷуд, фарз кардем, ки Владимир Путин бо як сафари расмӣ барои иштирок дар ягон нишасти байнулмилалӣ меравад. Агар раҳбарони кишварҳои узви Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ иродаи сиёсӣ нишон диҳанд, метавонанд, ӯро дар асоси ин қарор дастгир кунанд?

Кирилл Коротеев: “Албатта, инҷо масъала на ба иродаи сиёсӣ, балки ба уҳдадориҳои ҳуқуқӣ бастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҳам ба монанди Чехия вазифадор аст, ки Владимир Путинро дастгир карда, ба Гаага интиқол диҳад, аммо дар асл омилҳои сиёсӣ нақш мебозанд. Масъалаи дигар ин аст, ки низомномаи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ чӣ пешбинӣ кардааст: ҳеч гуна дахлнопазирӣ раҳбари давлатро аз қарори додгоҳ наҷот намедиҳад. Бинобар ин, агар Владимир Путин ҳатто барои иҷрои вазифаҳои худ ҳамчун президенти Русия бо сафари расмӣ ба ягон кишвар ҳам биравад, ин монеи боздошти ӯ шуда наметавонад. Ва дигар ин ки тавре маълум аст, Путин солҳои охир сафарҳои худро ба таври ҷиддӣ коҳиш додааст ва намедонам чаро. Фикр мекунам, дар умум акнун таваҷҷуҳ ба уҳдадориҳои кишвари мизбон боз ҳам бештар хоҳад шуд. Чин, Амрико, Исроил ва тақрибан ҳафтод кишвар то ҳол ба узвияти додгоҳ шомил нашудаанд.”

Радиои Озодӣ: Яъне, аз нигоҳи эҳтимоли дастгиршавӣ сафари Путин ба ин кишварҳо хатар надорад?

Кирилл Коротеев: “Тавре медонем, сафар ба кишварҳои узви додгоҳ низ на ҳамеша хатарзо аст ва инро таҷрибаи Умар ал-Башир нишон дод. Ӯро дар ниҳоят худи шӯришгарони судонӣ дастгир карданд. Дар ҳар сурат, кишварҳое, ки ба узвияти Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ шомил нашудаанд, уҳдадор нестанд, ки гумонбарро боздошт ва таслим кунанд.”

Радиои Озодӣ: Агар Владимир Путин тасмим гирад, ба кишваре ё ба назди президенте, ки бо ӯ равобити дӯстона дорад, парвоз кунад, метавонанд ҳавопаймои вайро, ки аз ҳарими ҳавоии кишвари узви додгоҳ мегузарад, маҷбурӣ ба замин фароранд?

Кирилл Коротеев: “Ба назари ман, масири парвоз дар чунин ҳолатҳо бо назардошти ин омилҳо интихоб мешавад. Мо медонем, ки Умар ал-Башир баъзан маҷбур буд, масири парвози худро тағйир диҳад. Аммо ин масъала ба вақт ва харҷи сӯзишворӣ бастагӣ дорад. Ба ҳар сурат, аз нигоҳи назариявӣ, ин имкон вуҷуд дорад.”

Радиои Озодӣ: Метавонанд Владимир Путин ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдакони Русия Мария Лвова-Беловаро, ки қарори ҳабси ӯ низ баромадааст, дар худи Русия дастгир кунанд?

Кирилл Коротеев: “Эҳтимоли хеле кам дорад, зеро Путин дар Русия ҳамчун раҳбари давлат аз дахлнопазирӣ бархӯрдор аст ва мақомоти Русия танҳо дар асоси равандҳое, ки Конститутсия пешбинӣ кардааст, метавонанд ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд. Мария Лвова-Белова шаҳрванди одӣ аст. Мақомоти Русия метавонанд, ӯро танҳо бо риояи Кодекси ҷиноӣ дастгир кунанд. Масъалаи дигар ин аст, ки оё муфаттиш ё додситони Русия далеле дорад, ки бар асоси он зидди хонум Белова айб эълон кунад. То ҷое медонем, мақомоти рус дар ҳоли ҳозир зидди ӯ ягон айб эълон намекунанд.”

Радиои Озодӣ: Оё Русия дар назди Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ уҳдадорие дорад ва ба узвияти он шомил аст?

Кирилл Коротеев: “Не. Русия замоне санади узвиятро ба имзо расонд, вале чанд сол мешавад гуфтааст, ки онро ба тасвиб расонданӣ нест. Яъне, уҳдадор нест, ки қарорҳои додгоҳро иҷро кунад.”

Радиои Озодӣ: Оё ин қарори Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ягон муҳлат дорад ва он то кай амал мекунад?

Кирилл Коротеев: “Ҷиноятҳое, ки баррасии онҳо ба салоҳияти Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ шомил мешаванд, муҳлат надоранд ва бинобар ин, иҷрои қарор низ то замоне ки гумонбар боздошт нашавад ё нафавтад ва ё худи он бозбиниву бозхонд нашавад, бас нахоҳад шуд.”

Радиои Озодӣ: Агар ба таърихи содир шудани қарор на аз нигоҳи амалӣ, балки аз нигоҳи сиёсӣ ва рамзӣ нигоҳ кунем, Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Владимир Путин чӣ паём дода метавонад?

Кирилл Коротеев: “Ман ҳуқуқшинос ҳастам ва танҳо метавонам ҷанбаҳои ҳуқуқиро шарҳ диҳам. Ба назари ман, додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ҳоло дар вазъияти на он қадар содда қарор дорад. Зеро ӯ ба далели он ки дар бораи вуҷуд доштани додгоҳҳои мушобеҳ барои муҷозоти Путин гуфтумонҳои зиёде аст, таҳти фишор қарор дошт ва зуд қарори ҳабси Путинро содир карда, хост нишон диҳад, ки ҳечгуна додгоҳи дигаре лозим нест ва аллакай дастури боздошти Путин содир шудааст. Ин якум омил аст. Омили дувум ин аст, ки додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ, ки тафтишот зидди низомиёни Амрико дар Афғонистонро қатъ кардааст, мехоҳад, номи ӯ на дар баробари ин, балки дар баробари қазияи бузургтар ва ботантана ёд шавад. Ин ҳам яке аз омилҳои ғайриҳуқуқие ҳаст, ки ба назари ман возеҳ менамояд.”

Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи ҳуқуқи байнулмилалӣ, Владимир Путин дар ҳоли ҳозир ҷинояткор аст ё гумонбар ба ҷиноятҳои махсусан вазнин?

Кирилл Коротеев: "Ҳеч кас ӯро ҷинояткор эътироф карда наметавонад. Зеро қарори додгоҳ ба иҷро надаромадааст. Бинобар ин, ҳоло танҳо сухан дар бораи гумонбарии ӯ дар ҷиноятҳои вазнин меравад. Зимнан, то кунун оқибати кори сарони давлатҳое, ки ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ эҳзор шудаанд, “он қадар бад набуд”. Барои намуна, президенти собиқи Ҷазираи Кот-д'Ивуар Лоран Гбагбо сафед карда шуд ва сиёсатмадори Кения Ухуру Кенятта баъд аз бегуноҳ эълом шудан аз ҷониби Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ президенти он кишвар интихоб гашт."

Радиои Озодӣ: Яъне, барои Путин ҳоло ҳама чиз тамом нашудааст?

Кирилл Коротеев: “Дар натиҷаи мурофиаҳои додгоҳӣ эҳтимоли эъломи ҳукми айбдорӣ ва ё бегуноҳӣ вуҷуд дорад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG