Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони молдовӣ "руминӣ" шуд, забони мо кай "форсӣ" мешавад?


Исфандиёри Одина, рӯзноманигори озод

Дар наврӯзи имсол маҷлис ва давлати Молдова бо қабули қонуне номи забони миллии худро расман “руминӣ" номиданд. Пештар забони онҳо, ки ҳеч фарқе бо руминӣ надорад, “молдовӣ” хонда мешуд. Яъне як забон ду ном дошт!

Молдова ҷузъе аз имперотурии Шӯравӣ буд ва русҳо номи ҷудогонаеро барои забони онҳо таҳмил карда буданд, дуруст ҳамонгуна ки дар Варорӯд номи забони форсиро “тоҷикӣ” карданд. Акнун ин мероси истеъмори Русия дар Молдова ба гӯдоли таърих рафт, аммо Тоҷикистон ба назар мерасад ҳамчунон ба номи таҳмилшуда бар забонаш вафодор аст.

Мая Санду
Мая Санду

Сухани Мая Санду, раиси ҷумҳурии Молдова, ки рӯзи 22-юми март фармонеро дар ин бора содир кард, ҷолиб аст: “Касоне, ки даҳсолаҳо ба мо мегуфтанд, мо ба забони молдовӣ ва на руминӣ гап мезанем, фақат ба дунболи ин буданд, ки моро аз ҳам ҷудо кунанд."

Мардуми Молдова ин иқдомро чун як амри сода пазируфтаанд, ба истиснои гурӯҳе аз коммунистон ва тарафдорони Русия. Кремлин аз ин тасмим интиқод карда, вале молдавиҳо мегӯянд, ин умури дохилии кишварашон аст ва рабте ба Русия надорад.

Бисёре бар ин назаранд, ки таҷовузи Русия ба Украина мақомҳои Молдоваро ба ин иқдом водошта, чун онҳо аз тарафи Русия таҳдидҳоеро эҳсос мекунанд. Ҳарчанд “руминӣ” хондани забони ин кишвар аз даҳаи 90, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, оғоз шуда ва дар мактабҳои Молдова то кунун забони миллияшон бо номи “руминӣ” дарс дода мешуд. Бо иқдоми тозаи худ, давлати Молдова фақат ба як воқеияти мавҷуд дар ҷомеа расмият бахшидааст.

“Хати ниёкон”

Корзори мардумии мушобеҳе дар Тоҷикистон ҳам дар замони бозсозии Горбачев шуруъ шуда буд, ки ба тасвиби нахустин қонуни забон дар соли 1989 анҷомид. Дар матни он қонун номи забони расмии кишвар “тоҷикӣ (форсӣ)” хонда шуда буд. Мардум ҳам бо шавқу шӯр ба омӯзиши хати форсӣ пардохтанд ва қарор буд, Тоҷикистон дар муддати панҷ сол хати порсиро расмӣ кунад.

Акс аз Г.Ратушенко, АПН, соли 1989
Акс аз Г.Ратушенко, АПН, соли 1989

Нашрияҳо саҳифаҳоро барои омӯзиши “хати ниёкон” доштанд ва дарсҳои омӯзиши ин хат аз телевизион ҳам пахш мешуд. Дар дӯконҳо китоби форсӣ фаровон буд. Бархе нашрияҳо ҳам саҳифаҳоеро ба хати порсӣ мунташир мекарданд.

Ёдам ҳаст, ки дар соли 1992, замоне ки ба унвони донишҷӯ вориди Душанбе шудам, ҳамаҷо болои дари ресторанҳову мағозаҳо, идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ нивиштаҳоеро ба хати порсӣ мешуд дид. Шиору овезаҳое ҳам ба хати порсӣ кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро зеб медоданд. Вале пас аз оғози ҷанги дохилӣ ва вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи зери ҳимояти Русия, мавсум ба Ҷабҳаи Халқ (Фронти Халқӣ) ба Душанбе, тамомии ин навиштаҳо аз кӯчаву хиёбонҳо барчида шуд – иқдоме, ки хилофи арзишҳои истиқлоли Тоҷикистон буд!

Фароянди худогоҳӣ ва бозгашт ба асли худ, ки дар замони Горбачев сар шуд ва қарор буд ба самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва дастрасӣ ба мероси фарҳангию адабии гузашта пеш биравад, ба дасти иддае аз ҳаммеҳанони ноогоҳ мутаваққиф ва маъкус шуд.

Ҳазфи “форсӣ” аз матни қонун

Дар соли 1994 ҳангоми тасвиби матни нави Қонуни асосӣ, бар хилофи дархостҳои фарҳангиён номи “форсӣ” аз матни қонун ҳазф шуд. Устоди равоншод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар китоби “Хуросон аст инҷо” шарҳи муфассали ин рӯйдодро баён кардааст:

Муҳаммадҷон Шакурӣ
Муҳаммадҷон Шакурӣ

“20-уми июли соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад”. Намояндаи халқ Шуҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни асосӣ калимаи “форсӣ” фурӯгузор шавад. Ш.Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ, забони мо забони тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам, мо аз миллат ва забони худ бояд фахр кунем.”

Устод Шакурӣ меафзояд: "Вай ва баъзе касони дигар гумон доштаанд, ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад. Пешниҳоди он намоянда ва "далелу бурҳони" вай ба намояндагони халқ маъқул уфтод. Порлумони Тоҷикистон он рӯз тасмим гирифт, ки вожаи "форсӣ" аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад.”

Ба ин тартиб, порлумони Тоҷикистон, ки дар он замон аз аносири нохудогоҳ ва ҳатто мухолифи истиқлол пур буд, аз бурдани номи дурусту ростини забони тоҷикон, ки тамомии бузургони адаби мо дар гузашта ба кор бурдаанд, ор дошт, вале ба гардан ниҳодан ба амри Кремлин ифтихор мекард. Ҳарчанд фарзонагоне чун Акбари Турсон ва дигарон аз пайомадҳои зиёнбори ин тасмим ҳушдор дода буданд.

"Хиёнате нобахшиданӣ”

Ба рағми чунин ҳушдорҳое, давлати Эмомалӣ Раҳмон дар масире мухолиф бо ормонҳои миллии тоҷикон гом бардошт. Акнун, ки се даҳа аз он рӯзгор мегузарад, вазъияти забони миллӣ дар Тоҷикистон бадтар ва бадтар шудааст. Дарсҳои “алифбои ниёкон”, ки дар оғози даҳаи 1990 дар мактабҳо дарс дода мешуд, батадриҷ коҳиш дода шуд. Бавижа дар солҳои ахир давлат буҷети бештаре барои омӯзиши забони русӣ ихтисос дода ва ҳатто дар чорчӯби созишҳои дуҷониба аз Русия теъдоде муаллим овардааст.

Исфандиёри Одина
Исфандиёри Одина

Танҳо кори чашмгире, ки оқои Раҳмон дар ин даврон дар ростои ҳимоят аз забони форсӣ анҷом дод, табдили номи баъзе аз рустоҳову шаҳрҳо ва ноҳияҳо аст, ки он ҳам гоҳ бо иштибоҳ ҳамроҳ аст. Кори дигараш ҳазфи пасванди русии “ов” аз номи хонаводагии худаш дар соли 2007 буд, ки мебоист ин корро хеле пештар анҷом медод. Ба ҳар рӯй, ин корҳоро наметавон хеле арзишманд ва ҷиддӣ пиндошт.

Дар солҳои ахир мақомҳои Тоҷикистон ҳамора гуфтаанд, давлат бар он нест, ки хати порсиро дар кишвар расмӣ кунад.

Теъдоди зиёде аз мақомҳои давлатӣ хати порсӣ балад нестанд ва дар натиҷа арзиши ин хат ва корбурди номи ростини забонро дарнамеёбанд. Замоне устод Шакурӣ гуфта буд, оқои Раҳмон ваъда кард, ки фароянди гузор ба хатти порсиро оғоз хоҳад кард, аммо ба назар намерасад, ки раисҷумҳур ба ин қавлаш вафодор бошад.

“Порсии сода”

То пеш аз ишғоли Бухоро аз сӯи Русия ва ҳатто муддате баъд аз он ҳам забони мо дар осори адибон “порсӣ/форсӣ” номида мешуд. Рӯзномаи “Бухорои шариф” дар соли 1912 дар шумораи дувуми худ менависад: “Нашриёти мо иборат аз масоили мухталифа ва маълумоти мутафарриқа хоҳад буд...Лиҳозо рӯзномаи мо аввалан ҳарчи мумкин бошад, ба забони ПОРСИИ сода навишта мешавад.”

Садриддин Айнӣ, нивисандаи маъруф ҳам, ки худи раисҷумҳур ба ӯ унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” додааст, дар китоби худ “Намунаи адабиёти тоҷик” аз номи “форсӣ” фаровон кор гирифтааст. Чунончи вай дар бораи осори Фитрат мегӯяд: “Фитрат насри ФОРСИРО ҳам бағоят салису сода менигорад. Осори мансураи Фитрат якум намунаҳои адабиёти ҷадида аст дар забони ФОРСӢ ба хоки Мовароуннаҳр.”

Мояи таассуф аст, ки бархе аз маддоҳони раисҷумҳур имрӯз ҳатто саъй мекунанд дар осори гузашта ҳам дастбурд зананд ва ҳар ҷое номи “форсӣ” ҳаст, ҷои он “тоҷикӣ” бигзоранд. Мавориде аз ин дастро дар нашриёти солҳои ахир метавон мушоҳида кард. Ин дигар камоли нохалафист, ки намунаашро дар замони Шӯравӣ ҳам надоштем.

Ҳамонгуна, ки дар Молдова дар сояи сиёсатҳои Шӯравӣ номи забони он мардум “молдовӣ” хонда шуд, дар Варорӯд низ ба дастури Кремлин номи забони тоҷикон аз “форсӣ” ба “тоҷикӣ” табдил шуд. Ҳадаф ин буд, ки моро аз ҳамзабонони бурунмарзӣ ҷудо созанд. Раисҷумҳурии Молдова дуруст мефармояд, ки “миллати азҳампошида нерӯи воҳид ва муттаҳиде нест, то битавонад аз худ дифоъ кунад... Шумо вақте миллатеро таҷзия мекунед, метавонед ӯро зери сайтара (тасаллут)-и худ осон нигоҳ доред.”

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG