Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аморат"-и Маскав. Чаро шаҳрвандони Русия ба Дубай паноҳ мебаранд? ВИДЕО


Дубай, акс аз бойгонӣ
Дубай, акс аз бойгонӣ
Теъдоди шаҳрвандони Русия, ки аз зери бори таҳрим ва сафарбаркунӣ ба артиш ба Иморати Муттаҳидаи Арабӣ мекӯчанд, ҳарчӣ бештар мешавад. Онҳо дороӣ ва тиҷорати худро ба ин кишвар мебаранд ва зиндагии худро дар онҷо месозанд. Дар Дубай аллакай намояндагии мактабҳои русӣ фаъол шуда, бино бар пажӯҳишҳо, соли гузашта аз ҳама бештар шаҳрвандони Русия дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хона харидаанд.

Аз Киселев то духтари Шойгу

Дубай, бузургтарин аморат дар Халиҷи Форс, ба макони кору зиндагии элитаи Русия табдил ёфтааст. Онҳо аз таҳримҳо ва "мобилизатсия" гурехта, дар ин ҷойи аз нигоҳи сиёсӣ бетараф панаҳ бурдаанд.

Як пажӯҳиши "The New York Times" муайян кардааст, ки пас аз шурӯи ҷанг дар Украина хати асосии парвози ҳавопаймоҳои Русия ба Дубай будааст. Сарфи назар аз талаби Владимир Путин, ки аз сарватмандон хост, дороиҳои худро барои рушди тиҷорат дар кишвар равона кунанд, аксар сармоядорон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯ овардаанд.

Мансабдорони рус ва хонаводаи онҳо ошкоро дар ин ҷо истироҳату маишат мекунанд.

Дар моҳи майи соли 2022, баъд аз се моҳи ҷанг дар Украина, Дмитрий Киселев, таблиғгари сиёсатҳои Русия, ҳангоми истироҳаташ дар Иморати Муттаҳидаи Арабӣ дида шуд.

Моҳи ноябри 2022 Наталя Попова, корманди бунёди духтари Валадимир Путин, дар Дубай чатрбозӣ мекард. Ҳамин тавр, навори хушгузаронии Лиза Пескова, духтари сухангӯйи Путин дар як "бар" ва Ксения Шойгу, духтари вазири дифои Русия ҳам дар Дубай нашр шуд.

Адам ва Алӣ, фарзандони Рамазон Қодиров, аксаран дар Дубай ҳастанд. Аксу навори онҳо дар Инстаграм, ки истифодаи он дар ҳудуди Русия манъ аст, нашр мешавад.

Пештар сафари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва мулоқоташ бо шоҳзодаву тӯҳфаҳои гаронбаҳо ба ӯро дар телевизионҳои ин кишвар нишон медонанд, ҳоло чунин сафарҳояшро расонаӣ намекунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро русҳо ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мегурезанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Песков розӣ, Пригожин норозӣ

Дар давраи таҳримҳо ва ҷанги Русия дар Украина дар баробари мансабдорону фарзандони онҳо чеҳраҳои машҳури “шоу-бизнес”-и ин кишвар ҳам аксар вақти худро дар Дубай мегузаронанд. Мисли Иосиф Пригожин ва ҳамсараш овохон Валерия.

Дар бораи манъи истироҳати мақомдорони рус дар хориҷ аз кишвар ягон қоидаву дастуре содир нашудааст. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин, моҳи феврал гуфт, касе сафари мансабдоронро ба берун манъ намекунад. Евгений Пригожин, мудири ширкати низомии “Вагнер”, мансабдорону вакилонеро ки "бо истифода аз мақоми хидматии худ дар Дубай маишат мекунанд”, танқид кард.

Бо афзоиши русҳо, дар Иморати Муттаҳидаи Арабӣ барои кору зиндагии онҳо шароиту муҳити мутобиқ месозанд. Моҳи ноябри 2022 вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз намояндагии гимназияи Русия дар Абузаби дидан кард. Дар ин ҷо ба кӯдакон тибқи барномаи давлатии Русия ва ҳатто дарсҳои ватандӯстона медиҳанд. Моҳи марти соли 2023 Вазорати маорифи Русия пешниҳод кард, дар Имороти Муттаҳидаи Араб мактабҳои русиро бештар кунанд. Ин пешниҳод сару садо ба по кард.

Ҳамчунин баъзе аз хидматрасониҳо ва маҳсулоте, ки русҳо ба он одат кардаанд, акнун ба Дубай содир мешаванд. Моҳи марти имсол дар Дубай мағозаи русии “Вкусвилл” ба фурӯши маҳсулоти худ сар кард. Гурӯҳи корхонаҳо бо номи “Барои Ватан” аз Калининград ҳам тасмим дорад, як навъи ғизоро аз моҳӣ ба Дубай содир кунад.

Дар Дубай русҳои “фирорӣ” тарабхонаву маконҳои фароғатии худро доранд. Онҳо бештар шоми худро дар Chalet Berezka, ки аз наздикони Алишер Усмонов, сарватманди Русия аст, мегузаронанд. Ҳунармандони машҳури рус, онҳое, ки дар ҷанг бо Украина аз мавқеи Русия пуштибонӣ мекунанд ва гурӯҳе, ки зидди ҷанги дар Украина садо баланд кардаанд, дар ин ҷо овозхонӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG