Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Camry-2" дар Амрико – $1800, дар Тоҷикистон – $12000. Чаро тоҷикон ба Гурҷистон рӯ оварданд?


Довуд Хотирӣ

Аз кӯшишҳои Рустам, дӯсти хастагинопазири замони наврасиам, дар ҳайрат мондам. Ӯ аз хурдӣ ба мошин ва ҳар чизи марбут ба нақлиёт таваҷҷӯҳ дошт. Солҳои 90-уми асри гузашта барои худ “ЗИЛ” харид ва бо дархости тоҷирони бозори “Саховат” бор мекашид.

Боре мо ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе рафтем. Он замон, агар ёдатон бошад, навбат барои харидани сӯзишворӣ барои нақлиёт дароз буд ва соатҳо бояд интизор меистодӣ.

Дар чунин ҳолат Рустам бо нороҳатӣ гуфт, агар мо навбати тӯлониро мунтазир шавем, рӯзамон шаб мешавад ва ба овардани молу колои тоҷирон ба бозор намерасем. Китф дарҳам кашид, каме фикр кард ва андаке дуртар аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба ман фармон дод, ки сари чанбари мошин шинам ва худаш ба бордони мошин гузашт.

“Сари чанбарак нишин, ба самти нуқтаи сӯзишворӣ ҳаракат кун, ман худамро дар бордони мошин меафганам ва вонамуд мекунам, ки мурдаам,” -- омирона гуфт ӯ.

Рустам инро тиҷорати “ҳалол” медонад ва хурсанд аст, ки кишвари мо воридоти мошинҳои кӯҳнаро манъ кардааст.

“Ту навбатро нигоҳ макун, мошинро мустақим ба дохили нуқтаи сӯзишворӣ рон, агар фурӯшанда пурсад, бигӯ, ҷасадеро мебарӣ. Мардуми мо нисбат ба зиндаҳо бештар мурдаҳоро эҳтиром мекунанд. Иҷозат медиҳанд ва мо бенавбат сӯзишворӣ гирифта, тез меравем,” -- идома дод Рустам.

Ман ба ҷуз розӣ шудан ба пешниҳоди дӯсти “эҷодкорам” роҳи дигаре надоштам. Мошинро ба дохили нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рондам ва вонамуд кардам, ки хеле ғамзадаам. Ронандагоне, ки дар навбат истода буданд, сари роҳи мошинро гирифта, талаб карданд, ки навбатро риоя кунам. Бо чеҳраи мотамзада узр пурсида, гуфтам, ки барои дафни майит дер мекунам.

Ронандагон ошуфта шуда, маро бенавбат роҳ доданд. Кадоме аз онҳо нобоварона ба бордон баромад, то “марҳум”-ро бубинад. Зоҳиран дӯсти ман нақши худро хеле хуб мебозид, ки ҳама муътақид шуданд, мотамзадаам.

Дар оғози пур кардани гази моеъ ногаҳон дастаи дастгоҳи рехтани сӯзишворӣ афтод ва якбора гази зиёд ба берун рехт. Гази табиӣ бо фишори баланд берун мешуд ва садои даҳшатнок дошт. Касе дод зад, ки ҳоло таркиш мешавад. Ҳар кас ба ҳар самт мегурехт. Дар ин моҷаро таваҷҷӯҳи фирориён ба сӯи Рустами “марҳум” ҷалб шуд, ки “зинда” шуда, аз бордони мошин ҷаҳида, мегурехт.

“Мурда”-и ман, ҳатто фурсат наёфта буд, ки манаҳбандашро берун кунад, вале чун варзишгари хуб аз ҳама ронандаҳои фирорӣ пеш гузашт. Хушбахтона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ натаркид, вале гурехтани “мурда” ва пеш гузаштанаш аз ҳама зиндаҳо дар зеҳни ман монд.

Ҳоло Рустам тоҷири бузург аст, ки даҳҳо мошинро аз хориҷ барои фурӯш ба Тоҷикистон меорад. Ӯ ба Гурҷистон сафар мекунад, чун ин кишвар як макони мувофиқ барои тоҷирони тоҷики машғул ба “мошинбизнес” шинохта мешавад.

Пештар тоҷирон аксаран аз Дубай ба Тоҷикистон мошин меоварданд, вале бартарии Гурҷистон нисбати Дубай дар он аст, ки мошинро бо роҳи замин ва раводиди ронанда то Тоҷикистон расонд.

Асосан мошинҳоро тоҷирон тариқи онлайн аз сомонаҳои фурӯши нақлиёт аз Амрико ва Канада мехаранд ва дархост мекунанд, ки бо роҳи обӣ то Гурҷистон расонанд. Гузашта аз ин, кишвари мо бо Гурҷистон низоми раводид надорад ва сафар ба ин кишвар дар муқоиса ба дигар кишварҳое, ки аз он ҷо имкони харидани мошин вуҷуд дорад, осонтар аст.

Ба гуфтаи Рустам, ҳоло тиҷорати мошин осонтар шудааст. Қаблан тоҷирон бояд ба Дубай мерафтанд, тарҷумон киро мекарданд, мошинро мехариданд ва мунтазир менишастанд, ки кай молашон то Тоҷикистон мерасад. Аз нигоҳи молӣ ва замон пулу вақти зиёди тоҷирон зоеъ мешуд, ки ҳоло он ба маротиб кам шудааст.

Ҳоло имкон дорад, ки дар хона каҷпаҳлӯ зада, тавассути сомонаҳои махсус даҳ дар сад депозит аз маблағи умумии музоядаро супорӣ ва дар хариду фурӯши мошинҳо ширкат кунӣ.

Тоҷирон аз Гана аслан мошинҳои кӯҳна, тоҷирони Дубай мошинҳои гаронбаҳо мехаранд, тоҷирони тоҷик бештар Камри 2, 3, 4 мегиранд.

Мисол, ӯ нақл кард, ки мошини навъи “Камри-2”-ро дар музояда ба 1800 доллар мехарад. Бо сарфи ҳуҷҷатгузорӣ ва то бандари баҳрӣ овардан нархи мошин 2400 доллари амрикоӣ мешавад. Ин мошин бо сарфи маблағи роҳкиро ва дигар харҷҳо то бандари Гурҷистон 4000-4500 доллар арзиш пайдо мекунад.

То Душанбе овардани он 1500 доллари дигар сарф мешавад. Бо чунин роҳ, пас аз аз супурдани пули ба расмиятдарории гумрукӣ дар Тоҷикистон “Камри-2” дар Душанбе 8500-9000 доллар мешавад. Он ба ҳисоби миёна ба 12 ҳазор доллар фурӯхта мешавад. Бо дарназрдошти ин ки аз лаҳзаи харидан то фурӯхтани мошин дар Тоҷикистон тақрибан ду моҳ мегузарад.

Аз сармояи гузошта дар ин тиҷорат дар як моҳ 15-16 дар сад фоида ба даст меояд. Ҳарчанд тавассути Дубай арзонтар мешавад, вале ба воситаи Гурҷистон осонтар аст.

Рустам инро тиҷорати “ҳалол” медонад ва хурсанд аст, ки кишвари мо воридоти мошинҳои кӯҳнаро манъ кардааст. Ба ҳар ҳол, ба андешаи ӯ, оҳанпора барои партобгоҳ ба кишвари мо ворид намешавад.

Ӯ шоҳид шудааст, ки дар музоядаи хариди мошинҳо ба ҳисоби миёна аз 3000 то 5000 ҳазор нафар иштирок мекунанд. Асосан, харидорон аз худи Амрико, Мексика, Салвадор, Гондурас, Гурҷистон, Гана ва Дубай ҳастанд. Тоҷирон аз Гана аслан мошинҳои кӯҳна, тоҷирони Дубай мошинҳои гаронбаҳо мехаранд, тоҷирони мо бештар Камри 2, 3, 4 мехаранд.

Рустам тиҷорати худро аз хариду фурӯши ВАЗ 2107 ва 099 дар охири солҳои 90-ум оғоз карда буд. Баъдан, ба Дубай роҳ ёфт ва аз онҷо “Камри-1” меовард. Аз соли 2010 ба воридоти мошинҳои навъи “Мерседес” ва “Опел” аз кишварҳои соҳили Балтик оғоз намуд. Ҳоло аз Амрико ба воситаи Гурҷистон ба бозорҳои кишвар мошинҳои дасти дуюм меорад.

Довуд Хотирӣ муҳандис ва соҳибкор аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, наметавонад, ба вазъи кишвар ва дурнамои рушди он бетараф бошад ва биноан ин блогро барои мо навиштааст.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG