Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши боҷи гумрукӣ барои овардани қисмҳои эҳтиётии мошинҳо. Тоҷирон нигаронанд, Хадамот шарҳ намедиҳад. ВИДЕО


Боҷи гумрукии қисмҳои эҳтиётӣ афзоиш ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Тоҷикистон аз оғози имсол боҷи гумрукиро барои овардани қисмҳои эҳтиётии мошинҳо аз хориҷа то 90 дарсад боло бурдааст. Тоҷирон сабаби якбора зиёд шудани боҷи гумрукиро намедонанд ва хоҳони шарҳи Хадамоти гумрук ҳастанд.

То ин тағйир онҳо барои ба кишвар овардани як тонна қисми эҳтиётӣ 900 доллар мепардохтанд. Хадамот аз онҳо хостааст, аз соли нав барои ҳамин миқдор қисмҳои эҳтиётӣ бояд 1600 доллар боҷи гумрукӣ диҳанд.

Мақомот шарҳ надоданд, вале санад дастрас шуд

Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон то лаҳзаи омода шудани гузориш, бо вуҷуди фиристодани нома, сабаби ба таври қобили мулоҳиза боло бурдани боҷи гумрукиро барои овардани қисмҳои эҳтиётии мошинҳо шарҳ надоданд. Рӯзҳои 10 ва 11-уми январ масъулони дафтари матбуотии Хадамот гуфтанд, ки дар пайванд ба ин мавзуъ посух хоҳанд дод, вале нагуфтанд, ки кай.

Ин дар ҳолест, ки соҳибкорон мехоҳанд, далели якбора афзоиш ёфтани боҷи гумрукии қисмҳои эҳтиётиро донанд. Ба қавли онҳо чунин тағйирот ба кору зиндагии онҳо таъсири бад мерасонад.

Бозори мошин дар Хуҷанд
Бозори мошин дар Хуҷанд

Мизроб Рафиев аз тоҷиронест, ки даҳ сол боз ба овардани қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон машғул аст. Вай рӯзи 10-уми январ гуфт, нархи нави Хадамоти гумрук “хеле баланд аст” ва дар чунин шароит фаъолият кардан бар зарар хоҳад буд.

Муқоисаи нархи ҳозира ва оянда

"Як мотори мошинро ба 6,5 ҳазор сомонӣ мефурӯшем. Инро пеш аз болоравии боҷи гумрукӣ ворид карда будем. Агар боҷи гумрукӣ баланд шавад, мумкин аст, нархи он 8,5 - 9 ҳазор сомонӣ шавад. Маълум нест, бо ин нарх дар Тоҷикистон касе мотор (муҳаррик) мехарад ё не. Асосан мардуми оддӣ аз мошинҳои тамғаи "Опел", "Мерседес", "BMW", ки солҳои 90-ум истеҳсол шудаанд, истифода мекунанд," – афзуд ӯ.

Ҳарчанд намояндагони Хадамоти гумрук дар бораи афзоиши боҷи гумрукӣ чизе намегӯянд, баъзе аз санадҳои расмӣ тағйиротро дар нархнома нишон медиҳанд. Бино ба санаде, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд ва зери он Хуршед Шерализода, муовини раиси Хадамоти гумрук, имзо гузоштааст, арзиши “тавсиявии” боҷи гумрукии панҷ номгӯи молу маҳсулот аз 900-1000 долларӣ қаблӣ то ба 1600 доллар боло бурда шудааст.

"Мехоҳанд, планро иҷро кунанд"

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки ҳамчун брокер (миёнарав)-и гумрук кор мекунад ва нахост номаш бурда шавад, гуфт, сабаби асосии боло рафтани боҷи қисмҳои эҳтиётӣ “иҷрои плани даромади буҷет аст.”

Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Хадамоти гумруки Тоҷикистон

“Аз "боло" талаб мекунанд, ки Хадамоти гумрук нақшаи даромади буҷетро иҷро кунад. Инҳо чӣ кор мекунанд? Мебинанд, ки воридоти кадом маҳсулот зиёд аст. Соли гузашта ва аз он пеш маҳз воридоти қисмҳои эҳтиётии мошинҳо зиёд шуда буд, чун аксари мошинҳои мардум кӯҳна аст ва зуд-зуд ба таъмир ниёз дорад. Акнун ҳаминро дида, нархи боҷиро боло бурданд, то плани даромади буҷет иҷро шавад,” -- иброз дошт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Мизроб Рафиев ва тоҷирони умдафурӯше ба монанди ӯ, ки ҳудуди 20 нафаранд ва аксарияти минтақаҳои кишварро бо қисмҳои эҳтиётӣ таъмин мекунанд, нархномаи нави гумрукро дур аз воқеиятҳои бозор медонанд. Онҳо мегӯянд, дар чунин шароит аз “ҳар фура ба ҷои фоида 20-25 ҳазор сомонӣ зарар мебинанд” ва маҷбур мешаванд, тиҷоратро бас кунанд.

Афзоиши боҷи гумрукӣ баъзе аз муштариёну соҳибони мошинҳоро низ ба ташвиш овардааст. Иброҳим Ниёзов, ронандаи мошине, рӯзи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, агар тоҷирон нахро боло баранд, пеш аз ҳама харидорон зарар мебинанд.

Суду зиёни тасмим аз нигоҳи коршинос

Гарон шудани боҷи гумрукӣ, ба гуфтаи коршиносон, ба буҷаи давлат низ осеб мерасонад. "Зеро кам шудани қудрати харидории мардум аз як сӯ, коҳиши воридоти қисмҳои эҳтиётӣ аз тарафи дигар, даромади буҷаро кам ва мизони ришваро дар ин бахш зиёд мекунад," – бовар доранд онҳо.

Фозилҷон Фатуллоев
Фозилҷон Фатуллоев

Иқтисоддон Фозилҷон Фаттулоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Пас аз ин бойшавии мансабдорони гумрукро мебинем, на болоравии даромади буҷетро. Мақомот бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ кунанд, на ба боло бурдани боҷҳои давлатӣ. Албатта, соҳибкор барои зиёд напардохтани боҷи гумрукӣ маҷбур мешавад, бо масъулони давлатӣ муомилаи ғайриқонунӣ кунад, зеро бояд бо нархи арзон маҳсулоташро ба Тоҷикистон биорад."

Аксар қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро аз Аврупо, хусусан Олмон, меоранд. Бештари молҳои воридшуда “молҳои дасти дувум” ҳастанд, аммо муштариён дар Тоҷикистон моли кӯҳнаи Олмонро аз моли Чин беҳтар медонанд. Дар Тоҷикистон қишри миёнҳол ва камбизот бештар мошини “Opel”, мошинҳои сохти Олмон, мехаранд.

Шарҳҳоро бинед (21)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG