Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Касе наронд, бо ташвиқи наздикон зодгоҳро тарк карданд" ВИДЕО


Иброҳим Исҳоқов, хохоми канисаи яҳудиён дар Бухоро
Иброҳим Исҳоқов, хохоми канисаи яҳудиён дар Бухоро

Яҳудиён дар Бухоро мегӯянд, шумораашон ҳар рӯз камтар мешавад ва эҳтимол дар оянда мактабу марказҳои динӣ ва фарҳангии онҳо дар Узбекистон ба осорона ё тамошогоҳи таърихӣ бадал шавад.

Дар сӣ соли охир зиёда аз бист ҳазор яҳудӣ хонаву дари худро гузошта, аз Бухоро ба Исроил, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ кӯчидаанд.

Отабек Муродов 22 сол пеш ба маҳаллаи яҳудиён дар Бухоро омад ва чаҳор ҳавлиро хариду ба маркази сайёҳӣ табдил дод. Мегӯяд, хонаҳоро дусад сол пеш сохтаву оро додаанд ва нақшу нигораш ба яҳудиён марбут аст.

“Чигунае буд, ҳамон тарз истодааст. Рангу нақшҳои худаш аст. Дари ин хона чанд сол баста буд. Соҳиби аввалааш дар Ню-Йорк аст. Соли 2018 омад ва ба мо фурӯхт,” – нақл кард Отабек Муродов.

Маҳаллаи яҳудиён
Маҳаллаи яҳудиён

Дар айни замон ба дари чандин хонаву ҳавлӣ дар кӯчаи яҳудиён қуфл задаанд. Садриддин Файзиев, сокини Бухоро, мегӯяд, яке аз ин ҳавлиҳоро бо хоҳиши соҳибаш ӯ нигоҳубин мекунад.

"Моликаш дар Амрико аст. Дар чанд сол як бор меояд. Ҳоло модараш барҳаёт аст, барои ҳамин, хонаро намефурӯшад," – гуфт ӯ.

Канисаи яҳудиён дар Бухоро фаъол аст ва хохомаш Иброҳим Исҳоқов. Вай бештар вақтро дар ибодатгоҳ, ки ба гуфтааш чорсад сол пеш сохтаанд, бо қабулу гусели меҳмонон мегузаронад. Мегӯяд, ҳоло дар Бухоро тақрибан 200 оилаи яҳудӣ мондаанд. Дар ҳоле ки "то солҳои 90-ум 23 ҳазор яҳудӣ мезистанд".

"Касе онҳоро наронд ва ё тазйиқу фишор наовард. Бо ташвиқи пайвандонашон дар берун ба тарки зодгоҳ водор шуданд. Бисёр хешони яҳудиёни Бухоро дар Исроил буданд. Пештар роҳ баста буд. Баъд аз он ки роҳҳо яла (боз) шуд, инҳоро ҷеғ заданд. Рафта диданду маъқул карданд. Як кас барои соҳибкорӣ, як кас барои беҳтар кардани ҳаёташ рафт," – афзуд ӯ.

Иброҳим Исҳоқов
Иброҳим Исҳоқов

Исҳоқов мегӯяд, ҳарчанд теъдоди яҳудиён камтар монд, ҳанӯз мактабу каниса ва баъзе аз расму ойини онҳо пойбарҷост. Мактаби рақами 36 дар Бухоро танҳо мактабе дар Осиёи Марказӣ аст, ки муҳассилон ба забони ибрӣ низ дарс меонанд.

Олга Лаврешова яке аз онҳое дар Бухоро аст, ки забони ибрӣ медонад. Вай пас аз чанд сол зиндагӣ дар Исроил ба зодгоҳ баргаштааст.

“Мутаассифона, шумораи омӯзгорони забони ибрӣ бисёр кам аст. Дар Узбекистон ҷойи омӯхтани ин забон ҳам нест. Ҳатто дар Тошканд. Мехоҳем, ки кӯдакони мо ин забонро омӯзанд. Ғайр аз забон аз анъанаву фарҳанги яҳудӣ бояд бохабар бошанд,” – мегӯяд Олга Лаврешова.

Олга Лаврешова
Олга Лаврешова

Ҳарчанд аксар яҳудиёни Бухоро зодгоҳашонро ба қасди кишварҳои дигари пешрафта тарк кардаанд, ҳар гоҳ ба зиёрати хоки гузаштагон меоянд. Оромгоҳи яҳудиён дар Бухоро тақрибан 9 гектар масоҳат ва таърихи куҳан дорад. Ҳазорҳо нафарро дар онҷо дафн кардаанд.

Ҷаҳонгир Дилов, мудири қабристони яҳудиёни Бухоро, мегӯяд, “ҳоло корҳои ободонӣ ҷараён дорад, насиб бошад, меҳмонон барои зиёрат аз Амрико, Австрия, Исроил ва Олмон меоянд. Онҳо дидан мехоҳанд, ки қабристону ибодатгоҳи яҳудиён чи ҳол дорад."

Намояндагони ҷомеаи яҳудиён гуфтанд, гузаштагони онҳо садсолаҳо пеш аввал ба Бухоро омадаву сипас дар кишварҳои дигари минтақа низ зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Аз ин ҷост, ки яҳудиёни Осиёи Марказиро асосан яҳудиёни бухороӣ ном мебаранд.

Баъзе аз онҳо дар Тоҷикистон ҳам зиста, дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму ҳунар кор кардаанд. Онҳо низ дар поёни аҳди Шӯравӣ ба Исроилу кишварҳои дигар кӯча бастанд. Теъоди андаки онҳо мондаанд, бо хохому канисае, ки сабтиноми расмӣ надорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Яҳудиёни бухороӣ чӣ гуна аз Бухоро дур шуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:25 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG