Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш дар бораи созмоне, ки маҳбусони тоҷикро ба ҷанг мебарад. ВИДЕО


Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии низомии “Вагнер”
Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии низомии “Вагнер”

Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии низомии “Вагнер” дигарбора ва ин бор дар рӯзи Иди Ғалаба ба раҳбарони Русия таҳдид кард, ки хати ҷангро дар Бахмути Украина тарк мекунад.

Русия бо истифода аз гурӯҳи зархаридони “Вагнер” чанд моҳ боз барои ишғоли шаҳри Бахмути Украина меҷангад, вале ба ончизе, ки интизор мерафт, даст наёфтааст. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки “Вагнер” дар Бахмут талафоти бисёре додааст. Чанд рӯзи ахир Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи “Вагнер” дар шабакаҳои иҷтимоӣ низомиёни баландпояи Русияро танқид мекунад.

Созмоне, ки Амрикову Фаронса террористӣ эълон кардаанд

Ӯ дар наворе, ки рӯзи 9-уми май нашр шуд, Вазорати дифои Русияро барои ваъдахилофӣ ва ба ҷангиёнаш надодани муҳимоти ҷангӣ танқид кард.

“Дирӯз як қарори ҳарбӣ ба дастамон расид. Дар он дақиқан гуфта мешавад, ки тарк кардани мавқеъ дар ҷанг хиёнат ба Ватан дониста мешавад. Ин муроҷиат бевосита ба мо аст. Агар муҳимоти ҷангӣ набошад, мо хати ҷангро тарк мекунем ва саволе ба миён меояд, ки дар ниҳоят кӣ ба ватан хиёнат мекунад. Зоҳиран ҳамон касе, ки ба ин фармон имзо кардааст,”—гуфт, ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Пригожин кист? "Вагнер" чӣ гуна кор мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00

Қаблан Пригожин дар наворе вазири дифои Русияро дашном дод ва ба он гунаҳкор кард, ки барои низомиён муҳимоти ҷангӣ намедиҳад.

ЧВК “Вагнер”, ки аз сӯйи чанд кишвар, аз ҷумла Амрикову Фаронса терористӣ эътироф шудааст, баҳори соли 2022 ба ҷанг дар Украина пайваст. Ҷангҷӯёни ин ширкат собиқ зиёндониёнанд, ки таҷрибаи зарурии ҳарбӣ надоранд ва дар ҷабҳа ба “барраҳои қурбонӣ” табдил меёбанд.

Евгений Пригожин, раҳбари “Вагнер” гуфта буд, ки ҳақ дорад, “ҳар зиндониеро, ки мехоҳад, аз дилхоҳ маҳбас, новобаста ба ин, ки бо кадом модда ва чанд сол зиндонӣ шудааст, ба ҷанг ҷалб кунад.”

Раҳбари "Вагнер" кист?

Бино ба омори ҳукумати Амрико, аз оғози ҷанг беш аз 30 ҳазор сарбози “Вагнер” кушта ва захмӣ шудаанд. Созмони “Рус Сидяшая” гуфт, аз 50 ҳазор маҳбусе, ки ин ширкат ба ҷанги Украина бурда буд, ҳамагӣ 10 ҳазор нафар боқӣ мондааст.

Роҳбари “Вагнер”, Евгений Пригожин, аз афроди наздик ба Владимир Путин ҳоло як чеҳраи маъруф дар Русия аст. Ӯ рӯирост раҳбарони артишро танқид мекунад ва сарбозонеро, ки аз ҷанг фирор ё таслим мешаванд ба қатл маҳкум мекунад.

Аввали сол дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори қатли бераҳмонаи Евгений Анатолевич, як маҳбусе нашр шуд, ки ба гурӯҳи “Вагнера” пайваста буд, вале баъдан ба низомиёни украинӣ таслим шуд. Маълум нест, ки ӯ аз дасти низомиёни украинӣ чӣ тавр дубора ба дасти ҳамкорони собиқаш афтодааст, вале дар навор нишон дода мешуд, ки ба сари ӯ ба пукт мезананд. Пас аз ин навор гурӯҳи “Вагнер” ҷазо бо пуктро рӯирост таблиғ мекунад ва онро ба рамзи ҷазо ба онҳое табдил дод, ки аз ин гурӯҳ фирор мекунанд.

Моҳи феврали соли 2023 Пригожин эълон кард, ки бо як қарор аз боло, ҷалби сарбозон ба ҷангро бас мекунад. Зоҳиран акнун ин корро, Вазорати дифои Русия идома медиҳад. “Вагнер” ҳоло муваззаф шудааст, ки хоҳишмандон аз миёни шаҳрвандони оддиро ба ҷанг ҷалб кунад.

Масъулини “Вагнер” бо насби овезаву эълонҳои тарғиботӣ ба ҷалби довталабон ба ҷанг шурӯъ кардаанд. Чунин эълонҳоро дар ҳама ҷо, хиёбону нақлиёти мусофирбар, донишгоҳҳо ва ҳатто дар назди беморхонаҳои ҳарбӣ дидан мумкин аст. Наворҳои тарғиботии ширкатро дар телевизиони минтақаҳои Русия намоиш медиҳанд.

Вақте хабарнигор худро ҷинояткор гуфт...

Муҳтавои аксар овезаву наворҳои тарғиботӣ як аст: “Кор барои мардон дар тимӣ касбӣ. Маоши баланд ва кафолатҳои иҷтимоӣ.” Дар варақаҳои таблиғотии “Вагнер” навишта шудааст, ки афроди муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба таҷовуз барои бурдан ба ҷанг ҷалб намешаванд.

Хабарнигорони лоиҳаи таҳқиқотии “Система”-и Радиои Озодӣ ба чанд рақами “Вагнер” занг задаву хостанд, дақиқ кунанд, ки барои бурдан ба ҷанг киҳо интихоб мекунанд? Яке аз хабарнигорон худро ҷавоне муаррифӣ кард, ки ҷиноят кардаву дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Дмитрий Сухарев, хабарнигори “Система”: Салом. Шумо барои ҷанг одам ҷамъ мекунед?

“Вагнер”: Бале, ба кор қабул мекунем. Мо ба қушунҳои ҳамлагар қабул мекунем. 2-3 ҳафта тамрин аст. Қарордод аз 4 моҳ сар мешавад, маош 240 ҳазор рубл. Бо худ бояд як бастаи ҳуҷҷатҳоро бигирӣ. Мехуронанд, мепӯшонанд, машқ медиҳанд.”

Хабарнигор: Ман бо қонун мушкил дорам, ҳоло мурофиаи додгоҳӣ нашудааст, мехостам аз ҷазо бигурезам, мегӯянд, шумо дар ин кор кӯмак мекунед.

“Вагнер”: Мурофиаи додгоҳӣ гузашт?

Хабарнигор: Не набуд, ман дар хонаи хешам пинҳон шудаам.

“Вагнер”: Пештар ягон парванда доштӣ? Ҷиноят карда будӣ? ”

Хабарнигор: Моддаи 162 (Ғоратгарӣ, авбошӣ) ҷиноят карда будам.

“Вагнер”: Билети ҳарбӣ дори?

Хабарнигор: Не, надорам.

“Вагнер”: Ба касе чизе нагуфта, ба Красонодар, Молкино меравӣ. Бо шиноснома медароӣ. Давомашро он ҷо ба ту мегӯянд. Онҷо ҳар касеро пурсӣ, суроғаи “Вагнер”-ро медонанд.

Тамрингоҳи ЧВК Вагнер дар наздикии хоҷагии Молкино, дар минтақаи Краснодар ҷойгир аст. Дар ҳамин ҷо ба зархаридон чанд ҳафта машқи низомӣ медиҳанд.

Хабарнигор: Агар ба асорат афтем, имкон дорад, ки зинда бозгашту дар “Вагнер” корро идома дод ё боз бо ҳамон путк (кувалда) зада мекушанд?

“Вагнер”: Бале, ҷазо бо путк, путк...

Хабарнигор: Яъне ягон роҳ нест? Масалан, агар одам фирор кунад, аз дасти онҳо ё маҷруҳ шуда асорат афтӣ?

“Вагнер”: Мо фақат як роҳ дорем, ин путк аст.

Зархаридони Созмони хусусии ЧВК Вагнер, дар ҷангҳои Африқо, Сурия ва Украина ширкат кардаанд. Онҳоро дар даҳҳо ҷинояти ҷанги муттаҳам мекунанд.

“Вагнер” зиндониёнро бо пешниҳоди афв ва озод кардан аз ҷавобгарӣ ба ҷанги Украина мебарад. Дар ин миён шумори зиндониён аз Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ҳам кам нестанд, ки бо умеди озодӣ аз маҳбас ба майдони ҷанг рафтаву ҷасади сардашонро ба хонаводаҳояшон оварданд. То имрӯз хабари марги беш аз 20 маҳбуси тоҷик дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG