Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷой нест, ба куҷо мебарӣ?" Мактабе бо як синф ва 14 хонанда. ВИДЕО


Деҳаи Ёс, Ваҳдат
Деҳаи Ёс, Ваҳдат

Дар Тоҷикистон мактабе ҳаст, ки танҳо як синф дорад ва чордаҳ хонандаи синнашон гуногун (аз 7 то 10-сола) якҷоя таълим мегиранд. Мактаби рақами 102-ро дар деҳаи Ёси ноҳияи Ваҳдат мардум сохтаанд.

Пештар кӯдакону наврасони Ёси Боло ва Ёси Поён дар ноҳияи Ваҳдат барои дарс хондан ба манзили як омӯзгори ҳамдеҳаашон мерафтанд. Ӯ ду сол пеш даргузашт.

Сокинон маҷбур шуданд, ки бо сармояи худ мактаби рақами 102-ро бисозанд, то фарзандонашон аз таҳсил канор намонанд. Сохтмони мактаб барои бисёре аз кӯдакон хабари хуш буд, аммо барои иддае не.

Дилбар Шукурова, сокини деҳаи Ёс
Дилбар Шукурова, сокини деҳаи Ёс

Сабабашро Дилбар Шукурова, сокини деҳаи Ёс, гуфт: “Чунки мактаби мо то синфи чаҳорум аст. Духтари хурдиям ҳоло дар синфи севум мехонад. Пас аз хатми синфи чаҳорум ба куҷо меравад? Бисёрии кӯдакон бе мактаб мондаанд. Мехоҳем, ки фарзандони мо дар оянда соҳиби илму ҳунар шаванд. Ба мисли мо азоб накашанд.”

Пас аз хатми синфи 4-ум кӯдакони деҳаи Ёс бояд таҳсилро дар Ромит идома бидиҳанд. Ҷое, ки аз маҳалли зисти онҳо чандин километр дур аст ва на ҳама оилаҳо шароити ба онҷо бурдану овардани фарзандонро доранд. Дар ин минтақа нақлиёти ҷамъиятӣ ба таври муназзам ҳаракат намекунад.

Зарина Мирзоева, сокини деҳаи Ёс, ду фарзанди мактабхон дорад, аммо ҳарду ба мактаб намераванд: “Бачаам бояд дар синфи 10-ум ва духтарам бояд дар синфи 7-ум хонанд, аммо ба мактаб намераванд. Ҷой нест, ба куҷо мебарӣ? Ҳоло писарам гӯсфанд бонӣ мекунад, духтарам хонашин.”

Деҳаи Ёс, Ваҳдат
Деҳаи Ёс, Ваҳдат

Дар идораи маорифи ноҳияи Ваҳдат тасдиқ карданд, ки аз вазъи мактаби рақами 102-и деҳаи Ёс хабар доранд. Ба иттилои мақомот, дар ҳоле ки теъдоди хонандагони синфҳои ибтидоӣ камтар аз 15 нафар аст, онҳо дар як синф якҷоя дарс мехонанд.

“Бинобар кам будани аҳолӣ, синфи 1, синфи 2, синфи 3 ва 4 якҷоя мешаванд,” – шарҳ дод Иброҳим Олимов, намояндаи Идораи маорифи ноҳияи Ваҳдат. Мақомот ваъда доданд, ки дар солҳои наздик дар ин деҳаи дурдаст як мактаби дигар месозанд, то ҳамаро ба таҳсил фаро гирад, вале замони дақиқеро нагуфтанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Мактабе бо як синф ва 14 хонанда дар Ёси Ваҳдат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Мансабдорони Тоҷикистон ҳамеша аз ҷудо шудани қариб бист дарсади буҷети кишвар ба соҳаи маориф тавсиф мекунанд. Дар айни замон ҳарчанд вақт нарасидани мактабу омӯзгорон шикоят мерасад. Дар гузашта чанд мавриди дар вагонҳо дар хондани наврасон расонаӣ шуда буд.

Мақомот мегӯянд, тадриҷан мушкилро ҳал мекунанд, вале мунтақидон бовар доранд, соҳа ба ислоҳоти ҷиддӣ ва фаврӣ ниёз дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG