Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф мушкили "як мактабу 14 хонанда"-ро дар Ваҳдат шарҳ дод. ВИДЕО


Деҳаи Ёс, Ваҳдат
Деҳаи Ёс, Ваҳдат

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ вуҷуди мушкил дар мактаби деҳаи Ёси Ваҳдатро тасдиқ кардааст, вале гуфтааст, “бинобар сабаби кам будани шумораи хонандагон" дар ин деҳ мактаби нав сохта намешавад.

Рӯзи 13-уми май Радиои Озодӣ аз вазъи мактаби рақами 102-и деҳаи Ёси шаҳри Ваҳдат гузориш дод, ки дар он 14 хонандаи аз 7 то 10-сола дар як синф дарс мехонанд.

Наврасони ин деҳ то ду соли пеш дар хонаи як сокини маҳаллӣ дарс мехонданд, вале сокинон бо сармояи худ мактабе сохтаанд, ки ду синфхона дорад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми май гуфтааст, ки хонандагон дар мактаби Ёс аз рӯи барномаи хоси "мактабҳои камнуфус" таълим мегиранд ва ҳоло зарурате ба сохтани бинои нави мактаб нест. "Дар оянда дар сурати афзоиши шумораи хонандагон сохтмони бинои нави муассиса аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба инобат гирифта хоҳад шуд,"--таъкид шудааст, дар посухи Вазорати маориф.

Ба гуфтаи вазорат, дар деҳоте, ки аҳолиашон кам аст, хонандагони сину соли гуногун тариқи барномаи хос таълим мегиранд.

Сокинон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки фарзандонашон пас аз хатми синфи 4-ум бояд таҳсилро дар Ромит идома бидиҳанд. Ҷое, ки аз маҳалли зисти онҳо чандин километр дур аст ва на ҳама оилаҳо шароити ба онҷо бурдану овардани фарзандонро доранд. Дар ин минтақа нақлиёти ҷамъиятӣ ба таври муназзам ҳаракат намекунад.

Зарина Мирзоева, сокини деҳаи Ёс, ду фарзанди мактабхон дорад, аммо ҳарду ба мактаб намераванд: “Бачаам бояд дар синфи 10-ум ва духтарам бояд дар синфи 7-ум хонанд, аммо ба мактаб намераванд. Ҷой нест, ба куҷо мебарӣ? Ҳоло писарам гӯсфанд бонӣ мекунад, духтарам хонашин.”

Вазорати маориф гуфтааст, тибқи барнома барои мактабҳои деҳоти камнуфус аз соли нави таҳсил дар деҳаи Ёс барои таҳсили наврасон аз синфи 5 то 8 низ шароит фароҳам мекунанд.

Видео дар бораи мактаби деҳаи Ёсро инҷо тамошо кунед:

Мактабе бо як синф ва 14 хонанда дар Ёси Ваҳдат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Дар Тоҷикистон, дар аксар деҳоте, ки аҳолии кам доранд ё мактаб вуҷуд надорад ё наврасон барои таҳсил ба деҳоти ҳамсоя мераванд. Сокинони чунин деҳот ҳамеша шикоят мекунанд, ки барои таҳсил ба роҳи дур рафтан амн нест. Дар гузашта гузоришҳое низ нашр шуда буд, ки аксари наврсони деҳоти хурд, аз ҷумла духтарон, аз таҳсил дур мондаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG