Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғорат, ҳамла, ҳабс ё ҳатто марг. Чӣ гуна тавассути Мексика ба Амрико мераванд?


Сарҳади Мексика ва Амрико
Сарҳади Мексика ва Амрико

Ҳазорҳо зодаи Осиёи Марказӣ дар ҷустуҷӯйи зиндагии беҳтар ба воситаи Мексика ба Амрико мераванд. Чанд муҳоҷири эҳтимолӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, на роҳи пурмашаққат ва на қонунҳои наву сахтгиронаи Иёлоти Муттаҳида онҳоро аз ин сафар бознамедорад.

“МЕХОҲЕМ, АЗ ИН ИМКОН ИСТИФОДА КУНЕМ”

Саодат Ҷумъабоева, шаҳрванди Тоҷикистон ва оилаи ӯ (иборат аз се нафар) бояд ба шаҳри Истанбули Туркия ва аз онҷо ба марзи Амрико раванд. Ба гуфтаи ӯ, ин марҳалаи аввали сафари онҳо ба сӯйи зиндагии наву беҳтар хоҳад буд.

Хонаводаи Ҷумъабоевҳо ҳамроҳи панҷ муҳоҷири дигар (як тоҷик ва чаҳор қирғиз), ки ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Маскави Русия бо ҳам шинос шудаанд, ин сафарро моҳҳо боз ба нақша гирифтаанд. Ягон нафари онҳо раводид ё визаи Амрикоро надорад ва барои он ҳуҷҷат супурданӣ ҳам нестанд. Онҳо ба ҷои ин, тасмим гирифтанд, ба гуруҳи босуръат афзояндаи паноҳҷӯёне аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бипайванданд, ки барои амалӣ кардани "орзуи амрикоӣ"-и худ тариқи Мексика ғайриқонунӣ вориди Иёлоти Муттаҳида мешаванд.

"Мо қирғизу узбекҳои зиёдеро медонем, ки соли гузашта бо шиносномаҳои русӣ ба Мексика рафта буданд ва ҳоло дар Амрико зиндагиву пул кор мекунанд. Мо низ мехоҳем, аз ин имкон истифода барем," - изҳор дошт Ҷумъабоева 17-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ.

Ҷумъабоевҳо аз хатарҳои эҳтимолии сафар тариқи Мексика, ки ба гуфтаи бархе аз шоҳидон, имкони ҳамла, ғорат, зиндонӣ ва ё кушта шудан вуҷуд дорад, наметарсанд. Ҳамчунин ин муҳоҷиронро қоидаҳои наву сахттари муҳоҷиратии Амрико, ки метавонад аз ҳаққи дархости паноҳандагӣ дар он кишвар маҳрум кунад, боз намедорад.

Тибқи қоидаҳои нави ҷоришуда дар моҳи равон, имкон дорад муҳоҷиронеро, ки пеш аз сафар онлайнӣ дархости паноҳандагӣ накардаанд ё аз кишварҳое, ки тариқи онҳо рафтаанд, паноҳгоҳ наҷустаанд, ба Амрико роҳ надиҳанд. Ба онҳое, ки ғайриқонунӣ марзи Амрикоро мегузаранд, ихроҷ ва маҳрум шудан аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар ба муҳлати 5 сол таҳдид мекунад.

Марзи Мексика ва Амрико
Марзи Мексика ва Амрико

САФАР БО ШИНОСНОМАИ РУСӢ

Ҷумъабоевҳо ва дӯстонашон шаҳрванди Русия ҳастанд. Онҳо бо шиносномаҳои русии худ сафар карданӣ ҳастанд, то бидуни виза вориди Мексика шаванд. Омори расмӣ нишон медиҳанд, ки шумори онҳое, ки бо шиносномаи русӣ тариқи Мексика ба Амрико рафтаанд, аз аввали соли 2022 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Бисёриҳо инро ба ҳамлаи бедалели Русия ба Украина, ки дар пайи он аксари русиягиҳо аз кишвар фирор карданд, рабт медиҳанд.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати гумрукӣ ва сарҳадии Амрико, дар соли молии 2022-юм (аз 1-уми октябри соли 2021) 36 ҳазору 271 шаҳрванди Русия кӯшиш кардаанд, тавассути марзҳои ҷанубии Амрико ворид шаванд. Ин дар ҳолест, ки шумори онҳо дар соли молии 2021-ум 13 ҳазору 240 нафарро ташкил дод.

Омори ҳукумати Амрико низ нишон медиҳад, ки теъдоди дархостҳои қонеъшудаи шаҳрвандони Узбекистон, Қазоқистон ва Русия барои дарёфти паноҳандагӣ аз моҳи октябри соли 2022 то моҳи январи имсол зиёд шудааст.

ТАВАССУТИ НИКАРАГУА

Бино ба хабари расонаҳои Қирғизистон, бештари шаҳрвандони ин кишвар, ки тариқи Мексика ба Амрико рафтаанд, шиносномаи русӣ доштанд. Онҳое, ки шиносномаи русӣ надоранд, тавассути масирҳои дигар, тариқи Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ мераванд.

Бархе аз шаҳрвандони Қазоқистон аввал ба Бразилия, кишваре, ки ҳаққи бидуни виза ворид шудан ба онро доранд, мераванд. Қирғизону узбекҳо бисёр вақт барои ворид шудан ба қитъа нахуст ба Никарагуа ва сипас ба Мексика сафар мекунанд.

Муҳоҷирон, асосан аз Никарагуа, ба воситаи дарёи Рио-Гранде ба Техас мегузаранд. 20-уми майи соли 2022
Муҳоҷирон, асосан аз Никарагуа, ба воситаи дарёи Рио-Гранде ба Техас мегузаранд. 20-уми майи соли 2022

Яке аз шаҳрвандони Қирғизистон ба шарти фош нашудани номаш гуфт, дар ҳавопаймои масири Истанбул – Манагуа (пойтахти Никарагуа), ки ӯ ибтидои моҳи май парвоз кард, ҳудуди 30 қирғизистонии дигар буданд. Вай дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ афзуда, ки ҳамаи ин ҳамватанонаш бо як мақсад – расидан ба марзи Амрико – сафар мекарданд. Ба гуфтаи муҳоҷири қирғиз, ин гуруҳ ба қочоқбарон пул доданд, то онҳоро аз Никарагуа тариқи Гондурас ва Гватемала ба шаҳри Тапачулаи Мексика расонанд.

Ӯ гуфт, аксар бошандагони меҳмонхонаи шашошёнаи “Тапачула”, ки дар он ҷой гирифта буд, шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Онҳо аз 120 ҳуҷраи меҳмонхона 90-тоашро гирифта, дар ҳар яке 4-5-касӣ меистоданд. Ҳамчунин узбекистониҳо ва шаҳрвандони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ будаанд. Бештари муҳоҷирон пеш аз сафар ба Амрико онлайнӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд.

“ТАЪҚИБ" ВА "МОБИЛИЗАТСИЯ"

Сарфи назар аз он ки Русия бузургтарин кишвари қабулкунандаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ мемонад, ҳазорон зодаи панҷ ҷумҳурии собиқи шӯравии минтақа дар солҳои ахир ба таври қонунӣ ва ғайриқонунӣ вориди Амрико шудаанд.

Ҷумъабоевҳо дар Маскав мошини худро фурӯхта, хонаи иҷораро тарк намуда, пулҳои худро барои сафар ҳам нақдина ва ҳам дар корт захира кардаанд. Онҳо мегӯянд, тибқи ҳисоби шиносҳояшон, ки соли гузашта аз Русия ба Чикагои Амрико рафтаанд, ба ҳар як нафар барои расидан то маҳалли лозимӣ ҳудуди 15 ҳазор доллар лозим аст. Албатта, агар ҳамаи корҳо тибқи нақша пеш раванд.

Ҷумъабоевҳо ва дӯстони онҳо ҳудуди 30-сола ҳастанд ва аллакай дар бораи “заминаи дархости паноҳандагии худ” андешидаанд. Саодат Ҷумъабоева мегӯяд, як ҳамроҳашон аз вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст ва ӯ “дар асоси таъқиб” дархости паноҳандагӣ мекунад.

“Ӯ назар ба шахсони дигари гуруҳи мо заминаи беҳтаре барои дархости паноҳандагӣ дорад. Шавҳари ман ва дӯстони қирғизамон аз мобилизатсия дар Русия мегурезанд”, - изҳор дошт вай.

Муҳоҷирон пас аз гузаштани сарҳади Амрико дар наздикии Рио Браво. 13-уми майи соли 2023
Муҳоҷирон пас аз гузаштани сарҳади Амрико дар наздикии Рио Браво. 13-уми майи соли 2023

"РОНАНДАИ МОШИНИ БОРБАР МЕШАВАД"

Ҳарчанд сафарбар шудани муҳоҷирони дорои шиносномаҳои Русия ба ҷанги Украина воқеият дорад, Ҷумъабоева мегӯяд, сафари онҳо ба Амрико бештар бо мақсади “беҳсозии шароити иқтисодӣ ва зиндагӣ” аст. Ҷумъабоева, ки табиби амрози занона аст, тасмим гирифтааст, дар Амрико аввал ба ҳайси хидматгор ё парастори шахсони калонсол кор кунад, вале пайдо кардани кор бо маоши баланд дар таваллудхона орзуи ӯст.

Шавҳари вай байтор аст ва дар Маскав таксӣ меронд. Ӯ мехоҳад, дар Амрико ронандаи мошини боркаш шавад. Коре, ки аксар мардони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Амрико мекунанд.

Ҷумъабоева дар посух ба суол дар бораи он ки қоидаҳои нави муҳоҷиратии Амрико метавонад онҳоро аз ҳаққи дарёфти паноҳандагӣ маҳрум созад, гуфт, «ин нишон медиҳад, ки мо бояд қабл аз сахттар баста шудани дарҳои Амрико ворид шавем».

"Афсӯс мехӯрам, ки баъд аз оғози ҷанги Украина зуд нарафтем. Дӯстони мо дар Чикаго гуфтанд, бояд ҳарчи зудтар ба Амрико оед. Зеро президенти пешини Амрико Доналд Трамп эҳтимол аст дар интихоботи навбатӣ пирӯз шавад ва дарҳои ин кишварро ба рӯи муҳоҷирон бибандад," -- гуфт ӯ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG