Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандии Русия бо "нархи ҷон". Муҳоҷирони тоҷикро чӣ интизор аст? ВИДЕО


Шиносномаи русӣ
Шиносномаи русӣ

Русия бо ваъдаи осон кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ талош дорад, муҳоҷирони бештарро ба ҷанги зидди Украина ҷалб кунад.

Тибқи фармони нави Владимир Путин, ки рӯзи 15-уми май имзо шуд, хориҷиёне, ки дар давраи амалиёти махсуси низомӣ ё ҷанги зидди Украина бо артиши Русия қарордоди яксола мебандад, бо роҳи сода ва дар 1 сол соҳиби шиносномаи ин кишвар мешаванд. Ҳамчунин бар асоси ҳамин фармон ба хонаводаи онҳо ҳам шаҳрвандӣ дода мешавад.

Ду назар ба як пешниҳод

Наврӯз Азизов, муҳоҷири тоҷик ду сол боз дар як сохтмони Маскав кор мекунад. Аз 50-60 ҳазор рубле, ки ҳар моҳ ба даст меорад, танҳо ҳудуди 30 ҳазор дар дасташ мемонад. Нисфи маошаш сарфи иҷораву санадҳои будубош мешавад. Ӯ ҳам мисли ҳазорҳо муҳоҷири дигари тоҷик орзуи шаҳрвандии Русияро дорад, то аз мушкили ҳуҷҷатгузорӣ халос шавад, аммо на ба он шарте, ки ҳоло мақомоти ин кишвар пешниҳод доранд.

“Ҳеҷ кас намехоҳад, ки бар ивази ҷонаш соҳиби душаҳрвандӣ шавад. Бисёриҳо ба як сабаб гирифтан мехоҳанд, ки аз патенту регистратсия озод шаванд ва инро онҳое, ки шароити зиндагиашон душвор аст, мекунанд, аммо барои ман лозим нест. Ман як ятими кулам ва омадам, ки меҳнат кунам, соҳиби як бурда нон шуда зиндагии худро обод кунам. Бисёриҳо душаҳрвандӣ доранд, аммо бо тарсу ҳарос кор мекунанд,”—гуфт, ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Оё шаҳрвандии Русия ба нархи ҷон лозим аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Ба фарқ аз афроде мисли Наврӯз, ки намехоҳанд бо баҳои ҷонашон шаҳрвандӣ бигиранд, муҳоҷироне ҳам ҳастанд, ки пешниҳоди имтиёзу сабукиҳоро як имконияти хуб барои оянда медонанд.

“Хидмат дар артиши Русия барои ояндаи одам имтиёзҳои зиёд дорад. Агар дар насиби одам мурдан бошад, дар ҳар ҷо метавонад мурад. Дар берун ҳам метавонад як хишт дар сари одам занаду мурад. Бе ҳамин ҷанг ҳам одамон мурда истодаанд. Ягон ҷои тарс нест,”-- гуфт, як муҳоҷири дигари тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Эҳтиёҷ, харҷ ва душвориву саргардониҳо барои гирифтани патент ё иҷозаи кор сабаб мешавад, ки муҳоҷирони зиёди тоҷик дидаву дониста бо умеди дарёфти шаҳрвандӣ ва “зиндагии беҳтар” барои рафтан ба артиш ва ҳамин тавр ҷанг ҷалб шаванд.

Ҳуқуқшиносон чӣ мегӯянд?

Рӯзе як ё ду муҳоҷири тоҷик ба ҳомиёни ҳуқуқ дар Маскав тамос гирифта, дар ин робита машварат мепурсанд. Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ӯ ҳақ надорад ба онҳо барои гирифтани тасмими рафтан ё нарафтан маслиҳат диҳад, аммо аз нигоҳи ҳуқуқӣ пайомадашро ҳам мефаҳмонад.

Ӯ гуфт: “Ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки бо Вазорати дифои Русия шартнома мебандад, онҳо баъди се-чор моҳи машқ барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ ба Украина равон карда мешаванд. Ин чӣ паёмад дорад? Шаҳрвандоне, ки бо ин роҳ дар амалиёти махсуси Украина иштирок кунанд, мақомоти тафтишотии Тоҷикистон метавонанд нисбати онҳо бо модаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “зархаридӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз намоянд. Чунки ин шаҳрвандон ҳоло шаҳрвандии Русияро нагирифта, чун шаҳрванди Тоҷикистон дар ин амалиёт ширкат мекунанд,”—гуфт, ӯ.

Ваъдаҳои мақомоти Русия барои ҷалби муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки пайваста хабари кушта шудани муҳоҷирони тоҷик ва Осиёи Марказӣ дар ҷанги Русия зидди Украина расонаӣ мешавад. То имрӯз ҷасади беш аз 20 зодаи Тоҷикистонро аз Украина ба ватан оварданд. Бисёре аз Тоҷикистониҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бо дарки оқибати пайвастан ба артиш ва ҷанг хонаву корро дар Русия гузоштаву тарки ин кишвар кардаанд.

"Русия ба ваъда вафо намекунад"

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи муҳоҷирон, мушоҳидаҳо дар як соли ахир нишон додаанд, ки Русия на ҳамеша ба ваъдаву пешниҳодҳое, ки бар ивази ширкакт дар ҷанг ба тоҷикон медиҳад, иҷро кардааст.

Баҳриддин Пӯлодӣ, муҳоҷире, ки баъди оғози ҷанг дар Украина ва афзоиши фишор болои муҳоҷирон ба Тоҷикистон баргаштааст, мегӯяд, чанд ҳолатеро шоҳид буд, ки ба наздикони тоҷикони фавтида дар ҷанги Украина маблағе надоданд. Ӯ гуфт, ҳаттто ҷасади чанд нафарро бо маблағи худи муҳоҷирон ба ватан оварданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин пешниҳодҳои ахири Русия ва марги тоҷикон дар ҷанги зидди Украина вокунише накардаанд. Фақат соле қабл дар як изҳороти расмӣ шаҳрвандони худро ҳушдор дода буданд, ки иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, танҳо дар се моҳи аввали имсол тақрибан 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Дар миёни шаҳрвандони кишварҳои дигар маҳз тоҷикистониҳо бештар аз дигарҳо соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла Валентина Чупик, ба таъкид мегӯянд, муҳоҷирон набояд бо умеди шиносномаи Русия ҷони худро дар хатар гузоранд, зеро маълум нест, ҷанг кай тамом мешавад ва аз сӯйи дигар доштани шаҳрвандии Русия ҳам ба гуфтаи онҳо вазъи як муҳоҷири тоҷикеро, ки дар Русия кори сиёҳ мекунад, чандон тағйир нахоҳад дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG