Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таҳрим ба зидди мансабдорони тоҷик. Суду зиёнаш чист?


Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз соли 2022
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз соли 2022

Дар ду моҳи охир камаш се созмони байнулмилалӣ мақомоти Тоҷикистонро ба нақзи густурдаи ҳуқуқи одамон танқид карда, хоҳони "таҳрими ҳадафмандона" ба зидди мансабдорони кишвар шуданд. Мақомдорон дар ин бора чизе намегӯянд, аммо коршиносони наздик ба давлат бовар доранд, ки барои эълони таҳрим "асос вуҷуд надорад".

Созмони "Хонаи Озодӣ" (Freedom House) рӯзи 24-уми май дар гузориши солонааш ҳукумати Тоҷикистонро "режими комилан худкома" номид ва аз кишварҳои демократӣ даъват кард, ки алайҳи мақомот аз таҳрим кор бигиранд.

Дар гузориши созмон омадааст, "барои ин ки гунаҳкорон беҷазо намонанд, ҳукуматҳои демократӣ бояд дар доираи як стратегияи фарогири масъулиятшиносӣ барои поймолкунандаҳои ҳуқуқи инсон ва мақомоти фасодзада таҳримҳои ҳадафмандонаро ба кор баранд."

Пеш аз ин, рӯзи 1-уми майи имсол, Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) хост, барои даст доштан дар нақзи озодиҳои динӣ нисбат ба идораҳои давлатӣ ва баъзе аз мансабдорони Тоҷикистон таҳримҳои ҳадафмандона (мақсаднок) ҷорӣ шавад. Бастани ҳисобҳои бонкӣ ва манъи даромадан ба Иёлоти Муттаҳида аз ҷумлаи ин хостҳо буд.

Намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинки ҳам моҳи апрел пешниҳод кард, ки ба зидди мақомоти Тоҷикистон қоидаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла "таҳрими ҳадафмандона"-ро ба кор бибаранд.

Мақомдорони тоҷик талош мекунанд, дар мавзӯи таҳрим суҳбат накунанд. Онҳо танҳо маҳдуд шудани озодиҳоро дар кишвар рад мекунанд.

Назарҳо ба ин мавзуъ дар доираи коршиносӣ яксон нест. Коршиносони наздик ба давлат бовар доранд, ки барои эълони таҳрим "асос нест", аммо таҳлилгарони мустақил мегӯянд, набояд масъаларо содда гирифт.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, пешниҳоди таҳрим аз сӯйи як ташкилоти ғайриҳукуматӣ садо додааст, ки метавонад ба кори давлат таъсире нарасонад.

"Таҳрим кардан гиранд, ин обрӯи ҳамон мансабдорро баланд мекунад. Аз он ҷиҳат, ки инҳо муборизаи дуруст бурданд, ба муқобили ҳамаи онҳое, ки ба амнияти миллии Тоҷикистон таҳдид мекунанд, нисбат ба онҳо сахтгир буданд," -- афзуд Сайфулло Сафаров.

Ба бовари сиёсатшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов, таҳрими мансабдорон метавонад ба кори ҳукумат таъсири манфӣ расонад.

Ӯ рӯзи 24-уми май гуфт: "Агар ин хел шуд, пас, амалӣ намудани сиёсати хориҷии Тоҷикистон мураккабтар мешавад. Боис ба заифтар гардидани заминаҳои иҷтимоии ҳукумат ва мансабдорони марбута низ хоҳад шуд."

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Дар айни замон, ба назари сиёсатшинос, эҳтимоли таҳрим шудани мансабдорони тоҷик аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ин шабу рӯз бисёр кам аст. Чун, ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, кишварҳои ғарбӣ бо назардошти зери нуфузи бештари Русия ва Чин нарафтани Тоҷикистон, феълан аз "тасмимҳои ҷиддитар худдорӣ мекунанд."

"Вале ин ҳолат дер намепояд. Мақомоти Тоҷикистон барои риояи бечунучарои озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва иҷрои уҳдадориҳои ихтиёран ба уҳда гирифтаашон бояд корҳои мушаххасро анҷом диҳанд," -- гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

Даъватҳо барои таҳрим кардани мансабдорони тоҷик солҳои гузашта низ анҷом шуда буд.

Соли 2017 эътилофи иборат аз 23 созмон, аз ҷумла Freedom House, Human Rights Watch, Freedom Now, Transparency International ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати молияи Амрико пешниҳод доданд, ки алайҳи 15 мансабдор ва тоҷири кишварҳои гуногуни ҷаҳон мутобиқи “Санади Магнитский” таҳрим ҷорӣ кунанд. Онҳоро ба нақзи ҳуқуқи инсон ва фасоди молӣ гумонбар донистанд.

Аз Тоҷикистон дар ин рӯйхати пешниҳодӣ номи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зикр шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG