Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таҳрим. Тоҷикистонро барои маҳдудиятҳои динӣ танқид карданд


Як созмон аз ҳукумати Амрико хостааст, барои даст доштан дар нақзи озодиҳои динӣ нисбат ба идораҳои давлатӣ ва баъзе аз мансабдорони Тоҷикистон таҳримҳои ҳадафмандона (мақсаднок) ҷорӣ кунад. Бастани ҳисобҳои бонкӣ ва манъи даромадан ба Иёлоти Муттаҳида аз ҷумлаи ин хостаҳост.

Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) дар гузориши наваш рӯзи 1-уми май Тоҷикистонро дар гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ҷой дод. Нуқтае, ки Душанбе аз соли 2016 боз дармондааст.

Муаллифони гузориш ба ҳукумати Амрико машварат додаанд, ки минбаъд тақдими ёриҳоро ба Тоҷикистон танҳо ба шарти ислоҳ ва беҳтар кардани қонуни дин фароҳам биоранд. Ин қонун соли 2009 қабул шуда, бо вуҷуди ҷудоии дин аз давлат, назорати мақомотро ба кори масҷиду калисо, канисаву мадраса ва китобҳои диниву мавъизаи рӯҳониён бештар кард.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накарданд, вале дар гузашта гуфтаанд, ки дар кишвар ҳаққи ҳама гурӯҳҳои динӣ риоя мешавад.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, дар соли 2022 дар Тоҷикистон нақзи ҷиддии ҳуқуқи диндорон, аз ҷумла пайравони исмоилӣ, як шохаи шиа, сабт шуда, ҳукумат одамонро ба баҳонаи экстремизму терроризм ҷазо дод.

Ёдоварӣ аз қазияи Давлатмиров

Музаффар Давлатмиров
Музаффар Давлатмиров

Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ аз Музаффар Давлатмиров, як рӯҳонии исмоилӣ, ёд овардааст, ки ба иттиҳоми “тундгароӣ” моҳи августи соли 2022 ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд. Бар асоси гузориш, Давлатмировро пас аз намози ҷанозаи эътирозгарони кушташуда дар Бадахшон ҳабс карданд.

Моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ эътирози мардум ва амалиёти мақомот баргузор шуд. Камаш 34 нафар ҷон бохтанд. Пайвандонашон гуфтанд, аксарият бесилоҳ буданду аз паси зиндагии оромонаи худ ва он рӯз барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯча баромада буданд.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, моҳи апрели имсол дар ҷаласаи Кумитаи маҳви табъизи Созмони Милал ба ин суол, ки чаро ба “помириҳо ба мисли тоҷикон муносибат намешавад”, гуфт, “ширкатдорони ҳодисаҳои моҳи май гуруҳҳои ҷиноӣ ва табаҳкор буданд”.

Ӯ афзуд, “онҳо бо созмонҳои террористии фаъол дар Афғонистон ба мисли “Ал-Қоида”, ДОИШ, “Ансоруллоҳ” ва дигарон робитаи наздик доштанд. Раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мунтазам бо раҳбарони ин гурӯҳҳои террористӣ музокироти телефонӣ доштанд,” – илова кард Аламшозода.

Зубайдуллоҳи Розиқ; “Шоҳидони Яҳво” ва калисои протестантӣ

Дар гузориши Кумисюни Амрико дар мавриди озодиҳои динии байнулмилалӣ омадааст, ҳукумати Тоҷикистон ҳамоно ҳар касеро, ки ба ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ рабт дорад, нишон мегирад.

Зубайдуллоҳи Розиқ
Зубайдуллоҳи Розиқ

“Зубайдуллоҳи Розиқи 80-сола барои таълими динӣ дар маҳбас дар як сол ду бор дар утоқи ҷаримавӣ ҷой дода шуд”, -- омадааст дар гузориш. Моҳи сентябри соли 2022 як масъули зиндони шаҳри Ваҳдат сабаби дар утоқи ҷаримавӣ ҷой додани Зубайдуллоҳи Розиқро ба "вайрон кардани низоми маҳбас" рабт дод.

Ин масъули зиндон он замон ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо вуҷуди даъватҳои батакрор, Зубайдуллоҳи Розиқ бо истифода аз китобҳои мазҳабӣ ба таълими динии ҷавон идома дод". Ӯ гуфт, “...дар маҳбас таълими динӣ ғайриқонунӣ аст”.

Кумисюни Амрико дар мавриди озодиҳои динии байнулмилалӣ инчунин гуфтааст, дар Тоҷикистон мақомот ба фарзандони оилаҳои масеҳӣ низ ба мисли хонаводаҳои мусалмон иҷозаи ибодат дар калисоҳоро намедиҳанд. Бино ба гузориш, мақомот ба сабтиноми як калисои протестантӣ посухи рад додаанд. “Манъи сабтиноми “Шоҳидони Яҳво” бо Эъломияи байнулмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ мухолиф аст,” – омадааст дар гузориш.

Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ мегӯяд, дар соле, ки гузашт, дар Эрону Афғонистон, Чин, Куба, Никарагуа ва Русия низ рукуди ҷиддии озодиҳои динӣ мушоҳида шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG