Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҷамоатхона то масҷиду терроризм. Нозило Қонеъ дар Тоҷикистон чӣ гуфт ва чӣ шунид? ВИДЕО


Нозило Қонеъ, шаҳри Душанбе, 20-уми апрели 2023
Нозило Қонеъ, шаҳри Душанбе, 20-уми апрели 2023

Нозило Қонеъ, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, дар Тоҷикистон озодии дину эътиқод дар доира ва ё ҳадди муаяйн вуҷуд дорад, вале маҳдуду танзимшуда аст. Хонум Нозило 10 рӯз бо ҳадафи арзёбии вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар поёни сафараш, рӯзи 20-уми апрел, Радиои Озодӣ бо ӯ суҳбате анҷом дод.

Радиои Озодӣ: Барои ошноӣ бо вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон аз куҷо дидан кардед ва бо киҳо ҳамсуҳбат шудед?

Нозило Қонеъ: "Асосан дар шаҳри Душанбе будем. Се рӯз ба вилояти Бадахшон рафтем. Моро дар Тоҷикистон хуб пазируфтанд. Дар Душанбе бо намояндагони идораҳои гуногуни давлат, созмонҳои диниву ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ суҳбат доштем."

Радиои Озодӣ: Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ паёме доданд?

Нозило Қонеъ: "Дар ин бора баъзе аз нигарониҳои ман дар гузориши муқаддамотӣ (пешакӣ, ибтидоӣ) нишон дода шудааст. Яке аз онҳо ба таҳсили динӣ вобаста аст. Баъзе аз масоили дигаре, ки ба воситаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоти динӣ бардошта шуд, сабтиноми созмонҳои динӣ, баргузории расму оин, дастрасӣ ба адабиёти динӣ ва фаъолияти масҷидҳо аст. Барои мисол, пайравони Исмоилия дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2 ҷамоатхона доранд, ки фосилаи байни онҳо тақрибан 600 километр аст. Албатта, намояндагони ин мазҳаб ба ҷамоатхонаҳо дастрасии кофӣ надоранд."

Ҳангоми суҳбат
Ҳангоми суҳбат

Радиои Озодӣ: Рӯҳониён чӣ гуфтанд? Чӣ масъалаҳоеро дар миён гузоштанд?

Нозило Қонеъ: "Ин суоли ҷолиб аст. Ба он рӯҳониёне суҳбат доштем, ки асосан бо мақомоти давлатӣ бисёр наздик буданд. Суҳбат атрофи он буд, ки оё метавонем имомхатибонро кормандони давлатӣ эътироф кунем, чунки аз давлат маош мегиранд ва матни хутбаро барои намози ҷумъа аз ҷониби мақомот мегиранд. Ҷавоб ин буд, ки онҳо намояндагони мақомоти давлатӣ ҳисоб намешаванд ва имомхатбиро ба таври ихтиёрӣ анҷом медиҳанд. Гуфтанд, ки ба ҷуз ин, ба дигар кор машғул ҳастанд ва маблағе, ки аз давлат мегиранд, калон нест, рамзӣ аст. Мо дар миқёси байнулмилалӣ равобити бештари мақомот бо намояндагони динҳоро мебинем, ки онҳо дар пешбурди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодиҳои мазҳабӣ кумак мерасонанд."

Радиои Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон пайваста таъкид мекунанд, ки дар кишвар тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои таъмини баробарии мардум новобаста аз ҷинс, нажод, миллату қавм ва дину мазҳаб фароҳам шудааст. Ба назари Шумо, воқеан ҳам, чунин аст?

Нозило Қонеъ: "Дар Тоҷикистон як асоси қавии қонунгузорӣ дар масъалаи озодии дин вуҷуд дорад. Дар инҷо баъзе аз қонунҳои хуб ҳастанд, вале масъалае, ки боис ба нигаронист, иҷрои қонунҳо аст. Баъзе аз бахшҳои қонунҳо боис ба ташвишанд. Масалан, қонун "Дар бораи масъулияти падару модар" озодии динии кӯдаконро маҳдуд мекунад. Мувофиқи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакони Созмони Милал ҳуқуқи кӯдакон ба озодии дину эътиқод кафолат дода шудааст. Ҳамчунин, Конвенсия рушди ахлоқиву рӯҳонии кӯдаконро дар бар мегирад. Қонунгузории Тоҷикистон таҳсили динии кӯдаконро ба таври шадид маҳдуд мекунад. Қонун “Дар бораи муқовимат бо терроризм ва экстремизм”. Инҳо қонунҳое ҳастанд, ки ба таври умумӣ мафҳумҳоро нишон додаанд ва иҷрои он барои амалӣ гаштани озодиҳои динӣ оқибатҳои ногувор дошта метавонанд. Дар қонунгузорӣ баъзе аз мафҳумҳо дақиқ ва иҷрои қонунҳо бояд беҳтар ба роҳ монда шаванд. Мафҳуми бисёр васею номуайяни экстремизму терроризм ба маҳдудкунии озодиҳои дину виҷдон оварда мерасонанд."

Радиои Озодӣ: Бо таваҷҷуҳ ба ин, оё мешавад гуфт, қонунҳое, ки ишора кардед, ниёз ба бозбинӣ доранд?

Нозило Қонеъ: "Бале, мафҳумҳои экстремизми хушунатомез ва инчунин терроризм бояд бисёр дақиқ ифода шаванд, то ба уҳдадориҳои байнулмиллалии Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ, мувофиқат кунанд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Гузоришгари СММ аз ҳукумат аз дину ойин пурсидааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:30 0:00

Радиои Озодӣ: Агар аз Шумо пурсанд, ки як мушкили умдаи ақаллиятҳои мазҳабиро дар Тоҷикистон гӯед, посухатон чист?

Нозило Қонеъ: "Дар мулоқоте, ки доштем, дар масъалаи нигоҳдориву эҳтироми фарҳангу анъанаҳои миллӣ бисёр таваҷҷӯҳ мекарданд. Албатта, ин чиз бисёр муҳим аст, вале ҳамзамон бояд фарҳангу дину мазҳаби ақаллиятҳои миллӣ ҳамроҳ бо дигарон эҳтиром карда шавад. Дар доираи моддаи 27-уми Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи маданиву сиёсӣ, давлатҳои узв ӯҳдадоранд, ки забону дину фарҳанги ақаллиятҳои миллиро эҳтиром гузоранд. Намояндагони ҳар як ақаллияти миллӣ дар ҷомеае, ки зиндагӣ мекунанд, хусуситяҳои фарҳангиву миллӣ ва диниву забонии хоси худро доранд. Бояд давлатҳо ба ин хусусиятҳо эҳтиром гузоранд. Мутаассифона, чунин хавфе вуҷуд дорад, ки ингуна эҳтиром ё риояи ҳуқуқ на ҳамеша амалӣ мешаванд."

Радиои Озодӣ: Биёед, дар бораи сафари Шумо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суҳбат кунем. Кай ба ин минтақа рафтед? Мулоқоту суҳбатҳоро аз куҷо сар кардед ва чӣ гуна сурат гирифт?

Нозило Қонеъ: "Мо аз 15 то 17-уми апрел дар Бадахшон будем. Мутаассифона, имкони мулоқот бо намояндагони мақомотро надоштем, ҳарчанд ҳафт моҳ пеш дархости мулоқот карда будем. Мо муваффақ шудем, ки баъзе маълумотро бевосита ба даст биёрем. Дар доираи суҳбатамон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо мушоҳидаҳо вазъро таҳлил кунем."

Радиои Озодӣ: Метавонед каме бо ҷузъиёт гӯед, ки чӣ ба даст овардед?

Нозило Қонеъ
Нозило Қонеъ

Нозило Қонеъ: "Ба ин дақиқ ҷавоб намедиҳам, то аксуламали манфӣ барои касе иттифоқ науфтад. Дар умум метавонам бигӯям. Вақте дар он ҷо барои анҷоми мулоқот бо мақомот муваффақ нашудем, ба Душанбе баргаштем, зеро дар ин ҷо барномаи худро доштем. Он маълумоте, ки мо дар даст доштем, бар асоси мушоҳидаҳои бевоситаамон дар Бадахшон тасдиқи худро ёфтанд.”

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон баъзе масҷидҳо ба сабаби номукаммалӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ё мушкили дигаре баста шудаанд. Дар ин бора ягон маълумоти мушаххас пайдо кардед ё бо мақомот ин масъаларо дар миён гузоштед?

Нозило Қонеъ: "Дар гузоришам дар бораи маҳдудиятҳо зикр кардам. Дар бораи он ки мувофиқи қонун вобаста ба шумораи аҳолӣ бояд чӣ қадар масҷид бошад. Масалан барои чӣ қадар аҳолӣ масҷиди панҷвақта ва чӣ қадар аҳолӣ масҷиди ҷомеъ. Ин чиз дар нишондод оварда шудааст. Аз ҷумла, барои он ки ба масҷиди ҷомеъ раванд, мардум бояд чӣ қадар масофаро тай кунанд ё барои он ки намози ҷумъаро хонанд. Ҳамчунин, бисёр масҷидҳое ҳастанд, ки ба сабабҳои гуногун баста шудаанд. Ба таври хулоса гуфта метавонам, ки озодии дину эътиқод дар ҳадди муаяйн дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо ба таври шадид танзим карда шудааст. Шумораи масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ яке аз чунин намунаҳост. Албатта, дар масъалаи меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон вобаста ба озодиҳои динӣ ва амалияе, ки дар Тоҷикистон аст, фарқ вуҷуд дорад. Ва ин вобаста аст ба масъалаи амнияти миллӣ ва ҳамчунин пешгирии терроризм, экстремизм, барангехтани кинаву адоват аз як тараф, аз тарафи дигар маҳдуд намудани фаризаҳои динӣ. Бояд ҳардуи ин ҷанба ба таври баробар танзим шаванд."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG