Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Зарбаи дигар ба созмонҳои заиф”. Сабти номи ҳизбу созмонҳо дар Тоҷикистон гарон шуд


Вазорати адлияи Тоҷикистон.
Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон боло бурдани ҳаҷми боҷи давлатӣ барои сабти номи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияву идораҳои адвокатиро бар зарари рушди кишвар ва волоияти қонун медонанд.

Қироншоҳ Шарифзода, роҳбари созмони басташудаи “Журналист”, мегӯяд, вазъи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бе ин ҳам хеле бад шудааст: “Имрӯз мегӯем, Тоҷикистони мо дар созмонҳои байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи зиёд дорад ва бо бузургтарин созмонҳо байналмилалӣ муносибатҳои ҳасана дорад. Вале аз тарафи дигар то андозае ба созмонҳои ҷамъиятӣ, ки асли ҷомеаи демократӣ аст, назари нохуб доштани мақомоти дахлдор ё мақомоти ваколатдори давлатӣ, хеле боиси нигаронист” - мегӯяд Шарифзода.

Бино бар тағйири ахир дар қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” арзиши сабтином барои ҳизбҳои сиёсӣ аз 3750 сомонӣ ба 7500 сомонӣ боло бурда шуд. Ҳамчунин ҳаҷми боҷи давлатӣ барои номнависии дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сад дар сад афзоиш ёфт. Муҳаққиқи журнализм ва устоди донишгоҳ Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, ин зарбаи шадиде ба фаъолияти бе ин ҳам заифи созмонҳои ҷамъиятист ва тарроҳони он ба давлати Тоҷикистон “хидмати хирсона” мекунанд:

“Дур намеравем, панҷ сол пеш дар Тоҷикистони мо беш аз 3,5 ҳазор созмони ҷамъиятӣ буд ва фикр мекунам, ки шояд ниме аз он боқӣ мондааст. Чун солҳои охир мақомоти давлатӣ, баъзе ниҳодҳое, ки бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сару кор доштанд, муносибаташонро ба куллӣ тағйир доданд. Аз чӣ бошад, ки муносибати онҳо бо созмонҳои иҷтимоӣ сард шуд”- изҳори нигаронӣ мекунад Шарифзода.

Сабти номи ҳизбу созмонҳо дар Тоҷикистон гарон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Масъалаи фишор ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва баста шудани онҳо, ахиран дар ҷараёни 15-умин муколамаи Брюсселу Душанбе бар бахши ҳуқуқи инсон матраҳ шудааст. Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ шароити беҳтар ва “сабти такрории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро, ки маҷбур ба қатъи фаъолият шудаанд, фароҳам оварад”. Вазири адлия Музаффар Ашӯриён дар нишасти ахири хабарӣ далелҳои коҳиши созмонҳои ҷамъиятӣ дар кишварро дархости худи созмонҳо унвон карда буд:

“Сабабҳои қатъ шудани фаъолияти онҳо, яъне худашон ариза менависанд, дар бораи қатъ кардани фаъолият. Зеро маблағгузори онҳо, ки бо ягон ташкилотҳои беруна сару кор дошта бошанд, ба итмом мерасад ва онҳо худашон қатъ мекунанд. Аҳёнан ҳаст масаъалаҳое, ки вазорат дахолат мекунад, агар қонунгузорӣ аз ҷониби онҳо риоя карда нашавад, дағалона вайрон карда шавад, ки чораандешӣ мекунем.”

Парлумони Тоҷикистон аз шарҳи далелҳои тағйири қонун ва боло бурдани боҷи давлатӣ худдорӣ кард. Вазорати адлия низ мегӯяд, далелҳоро дар посухи катбӣ шарҳ медиҳад. Тарҳи тағйирот ба Қонуни боҷи давлатиро ҳукумат моҳи май ба парлумон фиристод ва вакилон онро рӯзи 25-уми июн тасвиб карданд. Барои асоси ин қонун, барои тағйирот дар асноди таъсисӣ ва ё сабти номи дубораи ҳизбҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ ҳаҷми боҷӣ давлатӣ ба андозаи 50 дарсад боло рафт.

Вазъи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ аз соли 2015 пас аз шадид шудани қонунгузорӣ бад шуд ва бино ба омори расмӣ дар се соли ахир беш аз ҳазор созмони иҷтимоӣ барҳам хӯрда, талошҳои он барои рушди ҷомеа ба поинтарин ҳад камранг шуданд. Солҳои ахир бошад, бино ба носозгорӣ дар фазои сиёсӣ талошҳои барои таъсис ва номнависии ҳизбҳои сиёсӣ дида намешавад.

XS
SM
MD
LG