Дар чанд ҷумла
Э.Раҳмон бори дигар аз ифротгароӣ ва либоси бегона гуфт
Раисҷумҳури Тоҷикистон дигарбора ба мақомот супориш додааст, ки "аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пӯшидани либоси бегона пешгирӣ кунанд".
Эмомалӣ Раҳмон ин ҳарфро рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат бо фаъолон ва сокинони шаҳри Гулистони вилояти Суғд баён дошт.
Ӯ дар назди раҳбарону фаъолон вазифа гузоштааст, ки "ҷавононро ба худдорӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тақлид ба сарулибоси бегонаву анъанаҳои номатлуб" роҳнамоӣ кунанд.
Дар гузашта, пас аз чунин баёнияи Эмомалӣ Раҳмон, мақомот занону духтарони сатрпӯшро ба тарки ҳиҷоб ва писарони ришдорро ба риштарошӣ маҷбур карда буданд.
Ҳарчанд дар қонунгузории Тоҷикистон ин нукта ҷой надорад, ҳоло бо сатру ҳиҷоб даромадан ба биноҳои маъмурӣ дар Тоҷикистон манъ аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар баёнияҳои худ гуфта буданд, ки мақомоти тоҷик бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва фарҳангӣ бегона озодиҳои динӣ ва фардии сокинонро поймол мекунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Виза танҳо бо гаравпулӣ. Шарти нави Амрико барои тоҷикистониҳо
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки сар аз 21-уми январ аризаи шаҳрвандони Тоҷикистонро барои дарёфти раводиди сафар ба Амрико бо шарти супурдани гаравпулӣ қабул мекунад.
Онҳое, ки бо ҳадафи меҳмонӣ ё сайёҳӣ (раводиди навъи B1ё B2) тасмими сафар ба Амрикоро доранд, бояд аз 5 ҳазор то 15 ҳазор доллар гаравпулӣ гузоранд. Дар қарори Департаменти давлатӣ гуфта мешавад, ки ҳаҷми маблағ барои ҳар як шаҳрванд ҳангоми суҳбат дар консулгарӣ муайян карда мешавад.
Ин қарор рӯзи 6-уми январ содир шудааст, ки 38 кишвари ҷаҳон шомили он мешаванд. Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон се кишвари Осиёи Марказӣ шомили ин феҳраст шудаанд.
Шаҳрвандони ин кишварҳо дар ин баробар бояд санад ё формаи I-352, “Замонати муҳоҷиратӣ” имзо кунанд.
Онҳое, ки бо чунин раводид вориди ИМА мешаванд, ҳақ надоранд, ки бештар аз мӯҳлати муқарраршудаи раводид дар хоки ин кишвар бимонанд. Бештар аз мӯҳлат истодан дар ин кишвар ё нақзи қонунҳои амрикоӣ вайрон кардани “Замонати муҳоҷиратӣ” ҳисоб хоҳад шуд.
Онҳое, ки ин раводидро дастрас мекунанд, аз тариқи фурудгоҳи шаҳри Бостон, Ню-Йорк ва шаҳри Вашингтон бояд вориди хоки Амрико шаванд.
Агар шаҳрвандон бе нақзи қонун дар мӯҳлати муайяншуда ба ватани худ баргарданд ва Вазорати амнияти дохилии ИМА инро тасдиқ кунад, пули барои замонат супурдаашон ба онҳо пас дода хоҳад шуд.
Мақомоти ИМА бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ИМА қонуну қарорҳо ба ин кишварро сахттар кардаанд.
Раисони чанд ноҳияро дар Тоҷикистон нав карданд
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони чанд шаҳру ноҳия аз мақомҳояшон барканор шудаанд.
Дафтари матбуотии президент 7-уми январ хабар дод, ки муовинони раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ озод шудаанд.
Дафтари матбуотии президент номи раисони нави шаҳру ноҳияҳо дар Фейсбук нашр кард:
- Пирзода Диловар - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб;
- Набизода Фаррухуддин Амурдин - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
- Рауфзода Саймумин Тоҷиддин - раиси ноҳияи Ховалинг;
- Ализод Азизулло Муҳибулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун;
- Ҷумазода Шарифҷон - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара;
- Қодирӣ Абдусаттор Ғаффорзода - раиси шаҳри Истаравшан;
- Нӯмонзода Темурҷон - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
- Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен;
- Салимзода Нусратулло Файзулло - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ;
- Муминзод Камолиддин Рамазон - раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Давлатзода Зарина Дилмурод - муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маъмурзода Адҳам Маъмур - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Ҳамчунин Ашурбой Солеҳзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Абдулло Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳур дар умури робита бо ҷомеа аз мақомҳояшон барканор ва "муовинони раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва идеология таъин гардиданд".
Манучеҳр Шарифзода, ки то ин вақт муовини вазири фарҳанг буд, директори "Театри миллӣ" шудааст.
Ҳамасола дар оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамвора аз таъйини "кадрҳои ҷавону болаёқат" ситоиш мекунад. Баъзе аз намояндагони мухолифон мегӯянд, ин таъйинот на аз нигоҳи шоистасолорӣ, балки бештар бар асоси хидмату садоқат ба режим сурат мегирад.
Боздошти зодаи Тоҷикистон барои ба марг расондани блогери рус
Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи як зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба марг расондани блогери рус парванда боз кардааст. Шоира Нарзуллоеваи 26-сола ба он муттаҳам мешавад, ки дар вақти гузарондани амали зебоӣ боиси марги Юлия Бертсева, блогери рус шудааст.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, блогери 38-сола ҳангоми гузаронидани амали зебоӣ дар дармонгоҳи хусусии “Elmas”-и шаҳри Маскав ба “шоки анафилактикӣ” дучор шудааст.
Телеграм-канали “Mash” хабар медиҳад, ки Шоира Нарзуллоеваро ҳамчун корманди расмии клиникаи Elmas дар қайд набуда, танҳо як утоқи кориро дар беморхона ба иҷора гирифта, дар ҳамон ҷой Юлия Бурсеваро амали зебоӣ кардааст.
Дар сурати исбот шудани гуноҳ ба Нарзуллоева то се сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Блогер Юлия Бертсева дар саҳифааш дар бораи зиндагии худ дар Италия қисса мекард.
Як тоҷикистонӣ барои интиқоли маводи мухаддир ба Узбекистон дастгир шуд
Мақомоти Узбекистон аз мусодираи 32 килограм маводи мухаддир хабар доданд, ки аз Тоҷикистон ворид шудааст.
Бино ба иттилои Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар робита ба ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти Узбекистон, фурӯшандаи эҳтимолии маводи мухаддир — сокини маҳаллӣ ва ҳамдасти ӯ шаҳрванди Тоҷикистон, боздошт гардиданд.
Назари боздоштшудаҳо ва мақомоти тоҷик ба ин қазия дастрас нест.
Гуфта мешавад, ки маводи мухаддир бо маблағи 34 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шудааст.
Дар гузашта ҳам чандин ҳолати интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Узбекистон ошкор гардида буд.
Барои қурбониёни хушунат ҳуҷраҳои алоҳида ташкил кардаанд
Дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 15 ҳуҷраи махсуси дастгирӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ фаъол шудааст. Дар ин ҳуҷраҳо барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ кӯмаки тиббӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ мерасонанд.
Намояндагии Созмони милал дар Тоҷикистон мегӯяд, ин ташаббус дар доираи ташаббуси ҷаҳонии "Шуои нур" ва дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ амалӣ мешавад.
Дар доираи лоиҳа зиёда аз 300 корманди соҳаи тиб ва 90 омӯзгор аз давраи омӯзишӣ гузаштаанд. Ин ташаббус соли 2017 аз ҷониби Созмони милал ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ гардида, бузургтарин барномаи ҷаҳонӣ дар самти решакан намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон ба шумор меравад.
Хушунат дар оила дар Тоҷикистон, ки аксаран нисбат ба занон сурат мегирад, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, як кори маъмулист. Дар 6 моҳи соли 2025 қариб 1800 нафар аз зӯроварӣ дар оила ба Кумитаи занон муроҷиат кардаанд.
Рамазон Қодиров ба писараш мансаби нав дод
Раиси ҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров писари 20-солаашро иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазир таъйин кардааст. Ҳамзамон бо ин мансаб Аҳмад Қодиров мақоми вазири варзиши Чеченистонро ҳам ҳифз мекунад.
Ба гузориши "Кавказ.Реалии", Аҳмад Дудаев, вазири сиёсат, алоқаи беруна ва матбуот низ ба мақоми муовини сарвазир пешниҳод шудааст.
Рамазон Қодиров бо нашри хабари таъйини писараш ба мансаби нав дар Телеграм навишт, "тағйироти хурди кадрӣ гузарондем". Қодиров нагуфтааст, ки таъйини писараш ба мансаби болотар ба вазъи саломатии ӯ то куҷо рабт дорад. Дар остонаи соли нави мелодӣ расонаҳо гузориш доданд, ки Рамазон Қодиров дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав бистарӣ шудааст. Ин хабар расман тасдиқ нашуд.
Фарзандон ва наздикони Аҳмад Қодиров дар ҳукумати Чеченистон мансабҳои зиёд доранд. Хадича Қодирова, духтари Рамзан Қодиров дар 24-солагӣ муовини якуми раиси дастгоҳи ҳукумати Чеченистон таъйин гардид. Аҳмад Қодиров дар 18-солагӣ муовини вазири варзиш ва вазири кор бо ҷавонон шуд. Адам (Одам) Қодирови 18-сола, писари дигари Рамзан Қодиров, дабири Шӯрои амнияти Чеченистон аст. Ӯ ҳамчунин раёсати Хадамоти амнияти падарашро бар ӯҳда дорад.
Дар умум қариб 100 хешованди Рамазон Қодиров дар ҳукумати Чеченистон мансаб доранд.
Мадуро дар аввалин мурофиа худро бегуноҳ хонд
Николас Мадуро, раиси ҷумҳури собиқи Венесуэла дар нахустин мурофиаи додгоҳиаш, ки шоми 5-уми январ баргузор шуд, иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо рад кард ва гуфт, "ҳамоно раиси ҷумҳури кишвараш аст".
Мурофиа дар Додгоҳи федералии ноҳияи Манҳэттени Ню-Йорк, таҳти додрас Элвин Ҳеллерштейн доир шуд.
Мадуро, ки рӯзи 3-юми январ дар амалиёти неруҳои вижаи Амрико ҳамроҳи ҳамсараш дастгир ва ба ИМА интиқол ёфтанд, ба чор иттиҳом, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир муттаҳам аст.
Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, Мадуро бо дастбанд ба додгоҳ ҳозир шуд ва ба воситаи тарҷумон ба суолҳо посух дод. Президенти собиқи Венесуэла ва ҳамсараш иттиҳомҳои алайҳашон эълоншударо рад карда, худро бегуноҳ гуфтанд. Мадуро гуфт, то ҳол бо айбнома пурра шинос нашудааст.
Додгоҳ иҷозат дод, ки консули Венесуэла низ дар мурофиа ширкат кунад.
Дар назар аст, ки мурофиаи навбатӣ 17-уми март баргузор шавад. То он вақт Николас Мадуро ва ҳамсараш дар ҳабс хоҳанд буд. Пойгоҳи Bloomberg навиштааст, баррасии парванда дар додгоҳ шояд аввали соли 2027 оғоз шавад.
Дар ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон сармураббиён нав шуданд
Милан Миланович, мутахассиси 63-солаи сербиягӣ, сармураббии дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Александр Крестинин, мутахассиси 47-солаи русиягиро, ки шартномааш бо бошгоҳи “Хуҷанд” моҳи декабри соли гузашта ба поён расид, иваз намуд.
Миланович хатмкардаи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Белград буда, дорои муҷаввиз ё литсензияи UEFA PRO мебошад. Ӯ дар футболи ҳирфаӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Солҳои гуногун дастаҳояш дар мусобиқоти интихобии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, Лигаи Аврупо ва Лигаи конференсияҳои УЕФА бозӣ кардаанд.
Дар мавсими 2013/2014 Миланович беҳтарин мураббии Суперлигаи Сербия эътироф шудааст.
Миланович солҳои мухталиф бошгоҳҳои футболи Сербия, Босния, Венгрия (Маҷористон), Ҷазираҳои Фарер, Арманистон, Молдова ва Қазоқистонро машқ додааст. Охирин ҷойи кори ӯ бошгоҳи футболи «Мезёкёвешд»-и Маҷористон дар соли 2024 буд.
Ба ғайр аз ин, бошгоҳи футболи «Ҳосилот»-и Фархор таъйин шудани сармураббии навро эълон намуд. Ин вазифа ба уҳдаи мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шамсиддин Қосимови 33-сола гузошта шуд. Ӯ дар ин вазифа Зайниддин Раҳимов, мутахассии маъруфи 60-солаи тоҷикро, ки шартномааш бо бошгоҳи “Ҳосилот” охири мавсими гузашта ба охир расид, иваз кард.
Қосимов солҳои ахир сармураббии бошгоҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон - КМВА (Клуби марказии варзишии артиш) – буд. Дар комёбии дастаи низомиён, ки соли 2025 барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардид, саҳми Шамсиддин Қосимов калон аст.
Дар ҳамин ҳол қаҳрамони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе – дар ҷустуҷӯи сармурабии нав мебошад. Ёдовар мешавем, дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, аз вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барканор шуд.
Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон 6-уми март бо мусобиқаи дастаҳои лигаи олӣ оғоз меёбад. Дар ҳамин ҳол равзанаи гузариши футболбозон ҷараён дорад, ки то 5-уми март идома хоҳад кард. Дар ин муддат бошгоҳҳо метавонанд бозигарони навро ба қайд бигиранд.
Раиси ҷамъияти тоҷикони Перм аз шаҳрвандии Русия маҳрум шуд
Сайфиддин Одинаев, раиси ҷамъият ё диаспораи тоҷикон дар вилояти Перми Русия аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум ва вурудаш ба муддати 50 сол ба Русия манъ шудааст.
Хадамоти федералии амнияти Русия ё ФСБ дар вилояти Перм аз ихроҷи "як зодаи Осиёи Марказӣ" бо гумони "содир кардани амалҳое, ки ба амнияти Русия таҳдид мекунанд", хабар додааст.
Ин ниҳод дар бораи шахсияти нафари ихроҷшуда иттилои бештаре надодааст.
Бархе расонаҳои русӣ, аз ҷумла рӯзномаи "Коммерсант" навиштаанд, нафари ихроҷшуда Сайфиддин Одинаев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Перм ва зодаи Тоҷикистон аст. Назари Одинаев дар робита ба ин қазия маълум нест.
Ба навиштаи расонаҳои Русия, Сайфиддин Одинаев соли 2014 бо иттиҳоми “роҳзанӣ” 11 моҳ ҳабс шуда буд.
Ин бори аввал нест, ки роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Русия аз шаҳрвандӣ маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ мешаванд. Аз ин пеш Ҳокимшоҳ Таваров, раҳбари пешини диаспораи тоҷикон дар Округи мухтори Ямало-Ненетс ба се соли зиндон маҳкум шуда буд.
Ҳамчунин, Каромат Шарипов,роҳбари ҳаракати умумирусиягии "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” ва Иззат Амон, раиси Маркази тоҷикон низ қаблан аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ шуданд. Каромат Шарипов дар Тоҷикистон даргузашт ва Иззат Амон бо гуноҳи қаллобӣ ба 15 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш ва наздиконаш иттиҳомро рад карданд.
Оҷонсӣ: Корманди барқ ба хонааш сими пинҳонӣ бурдааст
Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика аз ошкор шудани боз як ҳолати дуздии барқ аз сӯйи корманди муассисаи тақсимоти барқ хабар додааст.
Ин ниҳод дар хабарномае навишт, як корманди идораи барқ дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз зеристгоҳ то хонааш, ки дар наздикии иншоот ҷойгир будаас, хатти барқро пинҳонӣ кашида, бидуни пайвастшавӣ ба ҳисобкунак аз барқ истифода кардааст. Назари гумонбар ба дуздии барқ маълум нест.
Мақомот нисбати ин нафар санад тартиб додаанд, аммо маълум нест ӯро чӣ ҷазо додаанд.
Дар моҳҳои ахир ин ягона ҳолате нест, ки кормандони идораи барқ ба дуздии барқ муттаҳам мешаванд. Моҳи декабри соли гузашта ҳам як корманди идораи барқ дар минтақаи Кӯлоб ҳам ба дуздии барқ гумонбар шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир мубориза бо дуздии барқро сахттар карданд. Аз ҷумла, ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид шуд, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Туман боиси ба таъхир афтодани парвозҳо ба Душанбе шуд
Фаромадани меғ (туман) -и сахт боиси қатъи муваққати парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе шудааст.
Бино ба маълумоти лавҳаи бархати фурудгоҳ, субҳи 6-уми январ шаш парвоз аз Русия ва Узбекистон ба таъхир афтода, як парвоз аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав бекор шудааст.
Маълум нест, ки парвозҳои ба таъхир афтода кай барқарор мешаванд.
Пеш аз ин рӯзи 24-уми декабр ҳам дар пайи фаромадани туман парвозҳо ба фурудгоҳи Душанбе барои чанд соат қатъ шуда буд. Дар он рӯз ҳавопаймои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам, ки аз Маскав ба Душанбе меомад маҷбур шуд дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд ояд. Раиси ҷумҳур баъди пароканда шудани меғ ба пойтахт баргашт.
Гӯри блогери нопадидшударо дар Туркманистон ёфтанд
Хабарнигорони Бахши туркмании Радиои Озодӣ – “Азатлик” макони дафни блогер Дидор Амонсаҳатовро дар кишвари Туркманистон пайдо кардаанд.
Ба ин тартиб, хабари марги Амонсаҳатов тасдиқ мешавад. Блогери 34-сола тавассути шабакаи TikTok вазъи иқтисодиву нархи баланди маҳсулоти озуқаро дар Туркманистон танқид мекард. Дидор Амонсаҳатов бо лақаби Hitrowski дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавод нашр мекард ва поёни моҳи ноябри соли 2025 ногаҳон нопадид шуд. 18-уми декабр радиои “Азатлик” навишт, хабарҳое дастрас кардааст, ки Амонсаҳатовро ходимони амниятӣ боздошт карда, эҳтимолан то мурданаш шиканҷа кардаанд. Вале мақомот дар бораи будубоши ӯ ваё сабабҳои боздошташ аслан шарҳе надодаанд.
Як сокини Туркманистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, вақте дар саҳифаи Hitrowski дар робита бо даргузашти блогер изҳори ҳамдардӣ кардааст, ӯро ба бозпурсӣ бурдаанд. Дар он ҷо як ходими амният ӯро таҳдид кардааст, ки сарнавишти ин блогер бояд барои ҳар як мунаққиди дигари ҳукумати Туркманистон дарс шавад.
Дар як изҳороти ахираш Hitrowski аз якбора афзудани нархи гӯшт танқид карда навишта буд, ки ин маҳсулот на барои ҳар як сокини Туркманистон дастрас аст. Мақомот дар Туркманистон мавзӯи нарху навои хӯрокворӣ, бекорӣ ё сатҳи пасти зиндагии мардумро ҳеҷ гоҳ матраҳ ё баррасӣ намекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон Туркманистонро дар шумули бастатарин ва саркӯбгартарин давлатҳои ҷаҳон ёд мекунанд, ки озодиҳои сиёсию фардӣ ва матбуоти озодро таҳаммул намекунад.
Трамп гуфт, Украина ба қароргоҳи Путин ҳамла накардааст
Доналд Трамп, президенти ИМА гуфтааст, ба иддаои ҳамлаи Украина ба қароргоҳи Путин бовар надорад.
Мақомоти Русия рӯзи 29-уми декабр иддао карда буданд, ки Украина ба қароргоҳи Путин дар Валдай талоши ҳамла кардааст.
Доналд Трамп рӯзи 4-уми январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки “ба чунин ҳамлае бовар надорад.” Ба гуфтаи ӯ, дуртар аз он макон чизе рух додааст, вале ҳеч ҳамлае ба қароргоҳ набудааст.
Ба ин суол, ки чаро ӯ пас аз суҳбат бо Путин ба ин ҳамла бовар карда буд, Трамп гуфт, “чун он замон касе чизе намдонист ва ӯ бори аввал шунида буд.”
Ӯ гуфт, пас аз тафтиш маълум шуд, ки чунин ҳамлае набудааст.
Талоши ҳамла ба қароргоҳи Путин дар Валдайро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 29-уми декабри соли гузашта эълон кард.
Мақомоти Русия гуфта буданд, ки бесарнишине, ки ба қароргоҳи Путин бояд ҳамла мекард, сарнагун кардаанд.
Владимир Зеленский, президенти Украина ин хабарро рад карда, онро дурӯғи навбатии Русия ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ унвон карда буд.
Ҳамлаи артиши Русия ба як дармонгоҳи хусусии Киев
Неруҳои Русия шаби 4 ба 5-уми январ ба дармонгоҳи хусусие дар вилояти Киев бо паҳпод ҳамла карданд. Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина гуфт, як марди 31-сола дар пайи ин ҳамла ҳалок шудааст.
Виталий Кличко, волии Киев аз захмӣ шудани чор каси дигар хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин бемористон 26 кас табобат мегирифт, ки 16 нафарашон ба беморхонаи вилоятӣ интиқол дода шуданд.
Мақомоти вилояти Киев ҳамчунин гуфтанд, шаби гузашта ҳафт хонаи сокинон ва як баландошёна дар ҳамлаҳои неруҳои Русия осеб диданд. Дар вақти хомӯш кардани оташ аз дохили яке аз ин хонаҳо ҷасади марде пайдо шудааст.
Ба маълумоти неруҳои ҳавоии Украина, Русия шаби гузашта бо 9 мушаки “Искандар” ва 165 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин ба шаҳрҳои Украина ҳамла кардааст. Низоми зиддиҳавоии Украина тавонистааст 137 паҳподро нобуд кунад.
Расонаҳо: Дар амалиёти ИМА дар Венесуэла 40 кас кушта шуд
Дар пайи амалиёти низомии Иёлоти Муттаҳида дар Венесуэла дастикам 40 нафар, аз ҷумла низомиён ва шаҳрвандони мулкӣ ҳалок шудаанд. Дар ин бора рӯзи New York Times бо такя ба мақомдорони баландпояи Венесуэла хабар додааст. Номи ин мансабдорон фош нашудааст.
Пештар президенти ИМА Доналд Трамп гуфта буд, дар амалиёти ин кишвар дар Венесуэла ягон сарбози амрикоӣ кушта нашудааст, танҳо чанд кас захмӣ шуданд.
New York Times менависад, амалиёти низомиёни амрикоӣ як соату 20 дақиқа давом кард. Ба гуфтаи манобеи ин нашрия, Николас Мадуро бо кумаки манбаъҳои Хадамоти иктишофии Амрико ё СРУ дар ҳукумати Венесуэла боздошт шуд. Ин афрод маконҳои будубоши Мадуроро дар рӯзҳои ахир назорат мекарданд.
Рӯзи шанбеи 3-юми январ неруҳои вижаи Амрико раиси ҷумҳури ҳамакнун собиқи Венесуэла Николас Мадуро ва ҳамсарашро дар шаҳри Каракас боздошт ва ба ИМА интиқол доданд. Мадуро дар аёлати Ню-Йорк ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам аст. Қарор аст аввалин мурофиа 5-уми январ баргузор шавад.