Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бераҳмӣ" ва "беамалӣ". "Гурӯҳи 24" мақомоти Русия ва Тоҷикистонро танқид кард


Лаҳзаи боздошти муҳоҷирон дар Русия. Акс аз наворҳои фиристодаи корбарон
Лаҳзаи боздошти муҳоҷирон дар Русия. Акс аз наворҳои фиристодаи корбарон

"Гуруҳи 24", созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, рафтори маъмурони интизомии Русияро нисбат ба муҳоҷирони тоҷик "бераҳмона" ва "ғайриинсонӣ" номид.

Тайи ду ҳафтаи охир санҷишу боздошт ва ҷаримаи гуруҳии муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия афзудааст.

Масъулони созмони "Гуруҳи 24" рӯзи 1-уми июн дар изҳороте рафтори мақомоти Русияро нажодпарастӣ номида, маҳкум карданд. Онҳо ҳамзамон "беамалӣ" ва "сукут"-и намояндагони ҳукумати Тоҷикистонро дар баробари ин ҳодисаҳо танқид намуданд.

Акс аз сомонаи "Гуруҳи 24"
Акс аз сомонаи "Гуруҳи 24"

Ҷунбиши "Гуруҳи 24", ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст, эъломияи се ниҳоди давлатии Тоҷикистонро дар пайванд ба қазияи муҳоҷирон хандаовар хонд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфт, ки нигаронии ҷониби Душанберо ба сафири Русия расонд. Вазири корҳои дохилӣ ва Омбудсмени Тоҷикистон дар нома ба ҳамтоёни худ дар Русия хостанд, қазияро холисона бисанҷанд.

"Мақомоти Тоҷикистон чун ҳамеша барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ дар Русия чораҳои мушаххас намеандешанд. Онҳо то ҳадде аз Путин вобастаанд, ки ба ҷуз аз изҳори нигаронӣ ё дархости тафтиш кори дигаре аз дасташон намеояд," – гуфта шудааст дар изҳороти "Гуруҳи 24".

"Гурӯҳи 24" соли 2012 дар Русия таъсис ёфта, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш қарорро сиёсӣ медонанд.

Дар ду ҳафтаи охир мавридҳои санҷишу боздошт ва латукӯби муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия бештар шудааст.

Мақомоти Маскав сабаби якбора сахттар шудани муносибатро бо муҳоҷирон нагуфтанд, вале тахминҳо дар бораи эҳтимоли ба ин тариқ ба ҷанги Украина ҷалб кардани онҳо ё фишор ба узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шудани Душанбе зиёд аст.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби бекорӣ ва набудани маоши кофӣ дар кишвар ба Русия рафтаанд. Бахше аз онҳо шаҳрвандии он кишварро гирифта, аз имтиёзҳое баҳраваранд, дигарон мавсимӣ дар сохтмону бозор ва хадамоти коммуналӣ кор мекунанд.

Мақомоти Русия дар гузашта онҳоро ба гуноҳи риоя накардани қоидаи будубош ё қонуншиканиҳои дигар дастгиру ихроҷ кардаанд. Муҳоҷирон ҳамвора мегӯянд, онҳо иҷозаи кору иқомат доранд, вале бо баҳонаи ночиз ё сохта дастгиру ронда мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG