Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миронов қонунҳои чанд кишвари Осиёи Марказиро танқид кард


Сергей Миронов
Сергей Миронов

Вакили Думаи давлатии Русия ва раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Русияи одил" Сергей Миронов ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ кардани қонунгузории Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистонро барои иштирок дар ҷанги Украина "бемаъно" номидааст.

Муроҷиати видеоии сиёсатмадори рус дар ин замина дар саҳифаи шахсияш дар шабакаи иҷтимоии "Twitter" нашр шудааст.

Ба гуфтаи Миронов, “ин масъала бояд дар сатҳи байнидавлатӣ ҳал карда шавад”, зеро кишварҳои мазкур узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд.

"Агар як шаҳрванди руси ин кишварҳо тасмим гирад, ки рафта, ба хотири ватани таърихии худ биҷангад, ӯро ба зиндон мефиристанд. Ин бемаъно аст! Мо пешниҳод менамоем, ки ин масъала дар сатҳи байнидавлатӣ ҳал шавад”, - изҳор доштааст Миронов дар муроҷиати худ.

Вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев дар саҳифаи худ дар "Twitter" навишта, ки кишвараш вазифадор нест, шаҳрвандони худро ба иштирок дар ҳар гуна ҷанг ташвиқ кунад.

"Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иттиҳоди низомӣ нест ва мо вазифадор ҳам нестем, ки шаҳрвандонро ба иштирок дар ягон ҷанг ташвиқ кунем", - афзудааст Бекешев.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG