Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё пешвозгирии мансабдорон бо нону намак "расми тоҷикона" аст?


Пешвози вазири корҳои дохилии Русия дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Пешвози вазири корҳои дохилии Русия дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Исфандиёри Одина, рӯзноманигор

Аз расмҳои номақбуле, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ривоҷ гирифта, истиқбол аз мансабдорон ё шахсони сарватманду қудратманд бо гулу гулдаста ва ё бо нону намак аст. Ин расм дар замони шӯравӣ гоҳу ногоҳ мушоҳида мешуд, аммо ба назар мерасад дар даврони беш аз сисолаи истиқлоли кишвар ба ҳадди ифрот расидааст.

Дар аввал расми истиқбол аз меҳмонҳои олирутбаи хориҷӣ, масалан Оқохон, пешвои исмоилиён, бо нону намак бештар роиҷ буд, аммо имрӯзҳо зери пойи ҳар мансабдори маҳаллӣ фарш меандозанд ва духтарон бо нону намак ба истиқболаш мераванд.

Дар фазои маҷозӣ тасвирҳоеро мебинем, ки бачаҳои ҷавон, эҳтимол аъзои гурӯҳҳои вобаста ба ҳукумат ё мубаллиғони он, маъруф ба “Авангард” ва “фабрикаи ҷавоб”, низ гоҳу ногоҳ ба ноҳияҳо мераванд ва дӯшизагон онҳоро бо нону намак пешвоз мегиранд. Ин расм аз куҷо меояд ва оё бо фарҳанги мо созгор аст?

“Меҳри нону намак”

Нону намак дар адаби гузаштаи мо, бешак, ба унвони рамз ё намоди садоқат ва меҳмондорӣ аз аҳамияти вижае бархурдор аст ва шоирону адибони мо аз “пос доштани ҳаққи нону намак” фаровон сухан гуфтаанд. Чунончи Фирдавсӣ дар достони Рустаму Исфандиёр аз “меҳри нону намак” ёдовар мешавад:

“Фаромуш кунам меҳри нону намак,
Ба ман бар дигаргуна гардад фалак.”

Ҳамин маъноро дар осори бузургони дигаре ҳам гоҳе ба сароҳати бештар метавон дид. Аз ҷумла Саноӣ мегӯяд:

“Аҳдҳои қадимро ёд ор,
Ҳаққи нону намак фурӯ магзор.”

Бо нону намак ба пешвози касе рафтан, бавижа мансабдорон, ки бояд камар ба хидмати мардум баста ва навкари мардум ва на меҳмони ӯ бошанд, дар фарҳанги мо, навъе бидъат ба назар меояд. То ҷое, ки пажӯҳиш кардам, ин расм пешинаи дарозе дар фарҳанги мо надорад ва миёни ҳамзабононамон ҳам роиҷ нест.

“Расми русиёна”

Барои дарки ин мавзуъ бояд ба таърихи аз сад то дусад соли охир дар минтақаи Варазрӯдон рӯй овард – замоне ки ин қаламрав аз сарзамини модари худ – фалоти Эрон ё минтақаи Хуросон ҷудо ва ба Русия мулҳақ шуд. Василий Бартолд (1869-1930), аз пажӯҳишгарони борикбине дар заминаи тарих ва фарҳанги ин минтақа ба номи “Таърихи зиндагии фарҳангии Туркистон” китоб дорад. Он соли 1927 дар Ленинград ё Санкт-Петербург чоп шудааст.

Албатта, Бартолд навиштани китобро пеш аз инқилоби болшевикӣ оғоз карда ва ҳадафаш пажӯҳиш дар таърихи вилояти ишғолии “Туркистону Русия” аст. Яъне, таърихи минтақае, ки русҳо пас аз ишғоли он дар миёнаҳои садаи 19 ба он номи Туркистон доданд, ҳарчанд бахши аъзаме аз қаламрави он, монанди Чочу Фарғона ва Хуҷанду Самарқанд, ки он замон ба ишғоли русҳо даромад, рабте ба номи ҷуғрофиёии Туркистон дар манобеи порсии куҳан надорад.

Пешвозгирии Борис Елтсин, раиси ҷумҳури собиқи Русия дар Красноярск, соли 1994
Пешвозгирии Борис Елтсин, раиси ҷумҳури собиқи Русия дар Красноярск, соли 1994

Дар соли 1920, ду сол пас аз инқилоби болшевикӣ дар Русия, нерӯҳои Артиши Сурх Бухоро ва Хоразмро ишғол карданд. Ин китоб ҳафт сол баъд аз он нашр шудааст – замоне ки ҷои вилояти Туркистони Русияро ҷумҳуриҳои қавмии шӯравӣ гирифта буданд.

Бартолд дар ин китоб менависад: “Дар замони [фармондории Дмитрий] Романовский [1866-67] дар Туркистон ин расми русӣ падид омад, ки сарваронро бо нону намак пешвоз бигиранд. Романовский 5-уми июл дар Хуҷанд ва Крижановский 7-уми август дар Тошканд ба ҳамин шева мавриди истиқбол [-и мардуми бумӣ] қарор гирифтанд.”

Вай меафзояд: “Тоза дар рӯйдоди дувум, ба бумиён гуфтанд, ки ин як “расми омиёна аст, ки аз қадимулайём дар Русия вуҷуд доштааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаҳонбинии шарқӣ, баръакс, намак нишонаи саховат ва карамест, ки мардум ва лашкариён аз подшоҳ дарёфт мекарданд ва нофармонӣ аз подшоҳ навъе "намакнашносӣ" талаққӣ мешуд.” (саҳ.180)

Аз навиштаи Бартолд бармеояд, ки мардуми бумӣ аз чунин расме қабл аз он рӯйдод огаҳӣ надоштаанд ва русҳо ин расмро бо худ овардаанд. Вай ҷои дигар менависад, ки соли 1867 ҳангоми вуруди Константин Кауфман, фармондори дигари “Туркистони рус”, ба Тошканд маросими истиқболи расмӣ “бо нону намак” баргузор шудааст.

Южин Скайлер, ҷуғрофидони амрикоӣ, дар “Ёддоштҳои сафар ба Туркистони Рус, Хӯқанд, Бухоро ва Кулҷа” менивисад: “Замоне ки фармондори кул ба Тошканд бармегардад, тоқҳои нусрат барафрохта ва ороста мешаванд, ҳамаи мақомҳо ба пешвози ӯ чандин мил аз шаҳр берун мераванд ва аз ӯ бо бонги салут ва шилики тӯп пазироӣ мекунанд.” (с. 82)

Ба навиштаи Скайлер, ин дар ҳолест, ки дар қонунҳои Русияи подшоҳӣ муқаррароте дар боби чунин тарзи истиқбол аз фармондорони маҳаллӣ зимни бозгашт аз сафар мавҷуд набудааст. Вай ҳамунин ба намоишӣ будани ин маросим ишора мекунад: “Тоқҳои пирӯзӣ ва пазироӣ бояд баёнгари возеҳи эҳсосоти умумӣ бошад, аммо ин намоишҳо аслан худҷӯш нестанд.”

Аз ин китоб чунин бармеояд, ки бисёре аз суннатҳои фасодомези давлатҳои худкомаи Варорӯд, мисли пешвозгириҳои пурзарқу барқи "пешвоёни" миллат ё раисони ҷумҳур ё мансабдорони дигар бо дастаҳои гулу нону намак ё роҳпаймоиҳои чоплусона ва ҳатто пул ҷамъ кардани кормандони давлатӣ барои ҳадя додан ба сарваронашон ва ғайра мероси истеъмори Русия аст, ки ҳатто дар замони подшоҳ ҳам ривоҷ доштааст.

Скайлер менивисад: “Баъд аз ишғоли Хива (Хоразм) ҷаласае барои ибдоъи василае барои таҷлил аз ин пирӯзӣ баргузор шуд. Бархе бунёди як тоқи нусрати доимиро пешниҳод карданд, дигарон хоҳони таъсиси бурсияе барои омӯзиши забонҳои шарқӣ ба исми фармондори кул шуданд. Билохира тасмим бар ин шуд, ки ҳардуро анҷом диҳанд.”

Бо ин ҳол, вай меафзояд: “Қарор буд бо иштироки довталабона пул ҷамъоварӣ шавад, аммо ҳамаи афсарон ва мансабдорон, ҳатто дар минтақаҳои дигари Туркистон, санади расмие аз сарварони худ дарёфт карданд, ки дар он аз онҳо тақозо мешуд, саҳми молии худро дар ин амр гузоранд, ва камтар касе ҷуръат дошт ин дастурро рад кунад.”

Нигоҳи “аз боло ба пойин”

Ин мавридҳо шабоҳати бисёр шигифтангезе бо рафторҳои мансабдорон ва мақомҳои давлатӣ дар Тоҷикистони имрӯз дорад. Илова бар маросими пурзарқу барқ, сохтмони кушку кохҳо ва барафроштани тоқҳои нусрат ҳам, ки намунаҳое аз онро метавон дар паркҳои Душанбе дид, баёнгари таъсири бисёр жарфи истеъмори фарҳангии Русия дар Тоҷикистон аст.

Бисёре аз мақомҳои тоҷик дар замони шӯравӣ қабл аз расидан ба мансабе давраҳои вижаи мудириятро дар муассисоти ҳизби коммунисти шӯравӣ сипарӣ мекарданд. Аксар раисону вазирони имрӯзии Тоҷикистон ҳам чунин давраҳоро дар як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии Русия пушти сар мекунанд. Яъне чизе аз он замон то ин замон тағйир накарда ва метавон гуфт, ки ҳамон низоми истеъморӣ ҳамчунон побарҷост.

Фарқ танҳо ин аст, ки агар дар замони Русияи подшоҳӣ ва аввали даврони Шӯравӣ пирамардони маҳаллӣ бештар бо нону намак аз мансабдорони давлатӣ истиқбол мекарданд, имрӯз бештар дӯшизагони ҷавоне ҳастанд, ки гоҳе маворид ҳатто бо либоси тунук дар ҳавои сард рӯи дастонашон нону намак мунтазири “меҳмони олиқадр” меистанд.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG