Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: дар Русия танҳо муҳоҷирони мо зери фишор нестанд


Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки ба гуфтаи худашон аз дасти пулиси Русия гурехтанд
Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки ба гуфтаи худашон аз дасти пулиси Русия гурехтанд

Як мақомдори баландпояи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, дар Русия фақат муҳоҷирони тоҷик таҳти фишор қарор надоранд. Ишораи Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ба амалиёти мақомоти Русия аст, ки дар ҷараёни он муҳоҷирон таъқибу таҳқир шуданд. Ҳафтаи гузашта роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳам хост, ба масъалаи муҳоҷирон набояд “пӯшиши сиёсӣ дод.”

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат 10-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз замони хурӯҷи бемории Ковид дар Русия, баргузории амалиёти "Нелегал" манъ шуда буд ва баҳори имсол ин раванд азсар гирифта шуд.

Нодирӣ афзуд, мақомоти Русия муҳоҷирони кории тоҷик ва Сафоратхонаи Тоҷикистонро дар ин бора огоҳ карда буданд. Ба иддаои ӯ, “ин амалиёт танҳо зидди тоҷикон набуд ва дар ҷараёни он намояндаҳои миллатҳои дигар низ зарар диданд”.

Ин посух дар ҳолест, ки интиқод аз вокуниши заъифи мақомоти тоҷик ба ин амалиёт ва гӯё нодида гирифтани азияту озори ҳадафмандонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби ходимони ҳифзи қонун хеле зиёд аст.

Ин муҳоҷирон шаби 23 ба 24 май боздошт шуданд
Ин муҳоҷирон шаби 23 ба 24 май боздошт шуданд

Дар давоми се моҳи охир хабарҳои зиёд аз кунҷу канори Русия бо аксу видеоҳо ва шарҳҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ки аз ҳабсу боздошт, гоҳо масхараву таҳқири дастаҷамъонаи муҳоҷирони тоҷик дарак медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи майи имсол аз ҳамла ба хобгоҳ ва латукӯби беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи давлатии Комсомолскии лаби Амур (Хабаровск) нигаронӣ карданд. Аз ҷумла Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз мақомоти Русия хоста буд, ҳодисаи шиканҷаи донишҷӯёни тоҷик дар Хабаровск ва боздошти муҳоҷирон дар шаҳраки Котелники мунсифона таҳқиқ шавад. Дар бораи натиҷаи ин дархост хабаре нашр нашуд.

Лаҳзаи боздошти муҳоҷирон дар Русия. Акс аз наворҳои фиристодаи корбарон
Лаҳзаи боздошти муҳоҷирон дар Русия. Акс аз наворҳои фиристодаи корбарон

Моҳи июни имсол Сироҷиддини Муҳриддин дар ҷараёни сафари ҳамтои русаш Сергей Лавров ба Тоҷикистон масъалаи муҳоҷиронро бардошт. Муҳриддин дар назди хабарнигорон гуфт, аз ҷониби Русия хостаанд, дар ҷараёни санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бо муҳоҷирон тибқи қонун бархӯрд шуда, ҳуқуқу озодиҳои бунёдии онҳо поймол нагардад.

Бо гузашти ду моҳ, оҳанги суҳбати мақомоти Тоҷикистон дар бораи рейд алайҳи муҳоҷирон тағйир меёбад. Ҳафтаи гузашта Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президент ҳам, амалиёти ахири мақомоти Русияро “пешгирии фаъолияти ғайрирасмии меҳнатӣ дар ин кишвар” хонда гуфт, набояд “ба он пӯшиши сиёсӣ дод”. Ҳоло муовини вазири меҳнат мегӯяд, дар Русия на фақат тоҷикистониён таҳти фишор қарор доранд.

Аз сабаби набудани ҷойи кори муносиб дар дохили кишвар солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Аз озору латукӯб ва фишори муҳоҷирон зуд-зуд гузориш мерасад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG