Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тормоз" ё бори бисёр? Шарҳи вазир дар бораи ҳодисае, ки 11 касро кушт. ВИДЕО


Дар садамаи мошини борбар беш аз 20 кас куштаву захмӣ шуд
Дар садамаи мошини борбар беш аз 20 кас куштаву захмӣ шуд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тормози мошини борбаре, ки дар шаҳри Кӯлоб ба садама дучор гардид, қаблан ҳам мушкил пайдо карда будааст. Аммо бархеҳо ба фарзияи мақомот шубҳа доранд. Дар садамаи рӯзи 6-уми август дар Кӯлоб беш аз 20 нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд.

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ 11-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, хулосаи тафтишоти пешакӣ ин аст, ки садама бо мошини борбар бо иллати аз кор мондани таҷҳизоти таваққуфдиҳанда (тормоз) сар задааст. Дар ин нишаст хабарнигорон аз вазир пурсиданд, ки оё дуруст аст ин мошин қаблан дар ноҳияи Дарвоз низ ба садама дучор шудааст?

"Дар Дарвоз садама накардаасту лекин мушкили вобаста ба таҷҳизоти манъкунанда пайдо шудааст. Лекин дар онҷо бартараф карданд, ҳаракат карда қариб 100 километр боз ҳаракат кардааст. Аз ҳама нишебии вазнин, ки худи Шӯрообод ва Кӯлоб аст, гузашта омадааст ва дар ҳамин ҷо ҳодиса сар задааст,"-посух дод Раҳимзода.

Вазир шарҳи бештар надод, ки дар тормози мошини борбар чигуна мушкил пайдо шудааст ва аз нигоҳи техникӣ идомаи ҳаракати он то куҷо дуруст будааст. Рамазон Раҳимзода афзуд, ки дар робита ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот аз сӯи мақомоти додситонӣ идома дорад.

Гузориши видеоиро инҷо бинед:

Вазир хулосаи пешакии садамаи маргбори Кӯлобро ироа кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Дар пай сар задани ин ҳодиса баъзе мунтақидон гуфтанд, зоҳиран мошини "Дулан" аз меъёр бештар бор дошта, ташхиси техникӣ нашуда буд. Мақомот ба ин танқидҳо мушаххасан посух надодаанд. Вазири умури дохилӣ 11-уми август танҳо гуфт, ронандаи ин мошин, ки ӯ низ дар садама ҷон додааст, таҷрибаи беш аз 10 солаи ронандагӣ доштааст.

Дар роҳи самти Хоруғ-Кӯлоб дар ним сол бори дуюм аст, ки мошинҳои боркаш ба садама дучор мешаванд. Дар садамаи моҳи март се нафар дар хиёбони Кӯлоб кушта шуда буд. Ронандаҳои собиқадор мегӯянд, роҳи нишеби тӯлоние, ки аз Шамсиддин Шоҳин ба Кӯлоб меояд, бояд тағйир дода шавад.

Бино бар иттилои ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 492 садама рух додааст, ки бар асари ин ҳодисаҳо 193 нафар кушта шуда, бештар аз 500 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Омори кушташудагон аз садамаҳои нақлиётӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 нафар бештар будааст.

"Албатта ин ташвишовар аст. Нақлиёт ҳам дар ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст, албатта медонем роҳҳо таъмир шуда истодааст, баъзе роҳҳое, ки ба талаботи стандартӣ мувофиқ нест ва садама зиёд ба қайд гирифта мешавад. Мо хулоса пешниҳод кардем ба Вазорати нақлиёт, Вазорати нақлиёт чора дида истодааст, ки омилҳое, ки сабаби сар задани садама аст, онҳо баррасӣ карда, бартараф карда тавонем,”-афзуд, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ.

Афзоиши садамаҳои нақлиётӣ мавҷи интиқодҳоро нисбати кори нозирони роҳ бештар кардааст. Дар пай афзоши чунин ҳодисаҳо, чанд мақомдори Бозрасии давлатии автомобилӣ аз кор барканор шуданд.

Мақомот ваъда додаанд, ки нозирони тасодуфиро аз кор пеш мекунанд ва вазъро ислоҳ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, то замоне фасод аз байн наравад, вазъ тағйир нахоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG