Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фазои тоҷикона ва дастурхони тоҷикӣ дар як гӯшаи Туркия. АКС. ВИДЕО


Палави тоҷикӣ, шакаробу қурутоб, фатиру кулча ва чойи сабзи тоҷикӣ. Чойхонае дар як гӯшаи Истанбули Туркия барои тоҷикони ин кишвар ва хориҷиён дастурхони тоҷикӣ ороста, фазои тоҷикона фароҳам овардааст.

Чойхонаи “Тоҷикона” ду сол пеш дар маҳаллаи Лалелии Истанбул ба кор оғоз карда, муассисаш як тоҷики муқими Туркия аст. Ин чойхона ҳоло ба як макони дидорбинӣ ва тановули хурокҳои миллӣ барои тоҷикони ин шаҳр табдил шудааст.

Ҳар гоҳе, ки Аҳдия Сабзаева, донишҷӯи тоҷик дар Туркияро хумори хурокҳои тоҷикӣ гирад ба ин ҷой меояд. Ӯ инҷо бештар барои худ қурутоб фармоиш медиҳад. “Бори аввал вақте, ки ба ин чойхона омадам, ба ман ҳама чиз писанд омад. Инҷо ҳама хурокҳо бисёр бомазза аст, бахусус қурутоб. Дар як моҳ ду-се маротиба ба инҷо меоям. Корам зиёд аст, аммо кушиш мекунам, ки барои хӯрдани хӯроки миллиамон ҳатман вақт ёфта биёям”.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Чойхонаи тоҷикиро дар Истанбул дидаед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

На фақат ғизоҳо, балки фазову ороиши миллии тоҷикии тарабхона, мизоҷонро ба ин ҷо ҷалб мекунад. Аҳдия ва тоҷикони дигаре, ки ба ин макон меоянд, мегӯянд, ин ҷо худро лаҳзае дар Тоҷикистон тасаввур мекунанд.

Садои оҳангҳои тоҷикӣ ва нақшу нигор аз вижагиҳои дигари ин чойхона аст. Меҳмонони чойхонаи “Тоҷикона” аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хориҷи он ҳам кам нестанд.

Розия Ҳайдарова, муҳоҷири узбекистонӣ дар Туркия, ки барои чашидани хурокҳои тоҷикӣ ба ин макон омадааст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тасодуфан бо як нафар аз Самарқанд вохӯрдам. Ба мо инҷоро машварат доданд. Мо шурбо фармоиш додем. Бисёр бомазза буд. Аз сарошпаз миннатдорам. Ман имрӯз худамро дар Узбекистон тасаввур кардам.”

Дар ошхонаи “Тоҷикона” наздики 20 нафар кор мекунанд, ки аксарашон тоҷиканд. Чойхона рӯзона тақрибан ба 300 нафар хидмат мерасонад. Сироҷиддин Наимзода ду сол боз дар инҷо пешхидмат аст. Мегӯяд, агар нисфи муштариёни чойхона тоҷикон бошанд, нисфи дигар хориҷиёне ҳастанд, ки ба Истанбул меоянд.

Сироҷиддин дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “меҳмонҳо бештар аз Фаронса, Русия ва Украина меоянд. Дипломатҳо меоянд, кормандони сафоратҳо инҷо меҳмон мешаванд. Ба онҳо хизмат расонидан хубтар аст. Аз хӯрокҳои тоҷикии мо хушашон меояд.”

Чойхонаи миллии «Тоҷикона» дар шаҳри Истанбули Туркия ҷойи ҷашну маъракаҳо ҳам гаштааст. Тоҷикон гоҳе барои таҷлил аз иду ҷашнҳои миллӣ дар ин макон ҷамъ меоянд. “Макони ҷамъомади тоҷикон аст. Мо инро чунон таъмир кардем, ки тоҷикон инҷо худ дар ватан ҳис кунанд. Бисёр тоҷиконе, ки дар Туркия ҳастанд, шароити рафтан ба Тоҷикистон надоранд, аз ин хотир дар ин ҷо омада, тую маъракаҳои худро мегузаронанд. Мо аз меҳмонҳоямон мепурсем, ки инҷо ба Шумо чӣ писанд аст? Онҳо мегӯянд, худамонро дар хонаи худ ҳис мекунем”.

Солҳои ахир дар баробари Русияву Қазоқистон шаҳри Истанбули Туркия ҳам ба яке аз маконҳо кору тиҷорат барои тоҷикон табдил шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG