Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қисме кумак гирифтанд, баъзе рӯ ба раҳми Худо нишастаанд. ВИДЕО


Сокинони зарардидаи шаҳри Ваҳдат
Сокинони зарардидаи шаҳри Ваҳдат

Як қисми сокинони зарардида аз сел дар шаҳри Ваҳдат, баъди қариб як ҳафтаи ҳодиса кумак дарёфт кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва созмонҳои байнулмиллалӣ барои як гуруҳ сокинон курпаву болишт, орду равған ва маводи беҳдоштӣ расонданд. Аммо баъзе сокинони зарардида мегӯянд, то ҳол касе аз аҳволашон хабар намегирад.

Моҳсафар Қаюмова, сокини маҳаллаи Ҷавонии шаҳри Ваҳдат ҳам 5-уми сентябр ҳам аз Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони миллал кумак дарёфт кард. Ҳавлии ӯро шаби 27-уми август сел хароб кард ва тамоми ҷиҳози хонааш зери обу лой монд. Мегӯяд, то имрӯз аз тарафи мақомот барояш асосан маводи ғизоӣ доданд.

"Таҳхонаро об шуста бурд, худам бо кӯдакон дар ошёнаи дуюм мондем. Ҳоло ҳам лой боқӣ мондааст, тоза кунанд хуб мешавад,"-гуфт ӯ.

Сокинони ҷамоати Чӯянгарон, ки деҳаи Ҷавонӣ ҳам ба он шомил мешавад мегӯянд, манзилҳояшон дубора бо барқ ва оби ошомиданӣ пайваст шудааст. Бо вуҷуди он ки сел ба хона ва иморатҳои дигар дар ҳавлии Гулрухсор Асоева осеб овардааст, ӯ шукр мекунад, ки ҳамаи аъзои хонаводааш зинда мондаанд.

Сел шаби 27-уми август даҳҳо хонаву иншоотро дар ин ҷамоати Чӯянгарони Ваҳдат вайрон кард. Дар натиҷаи ин офати табиӣ 17 нафар дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расиданд. Шумораи умумии қурбониён тибқи иттилои расмӣ 21 кас аст.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Баъзе сокинони зарардидаи Ромит то ҳанӯз аз ёриҳои башарӣ баҳраманд нашудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Баҳриддин Мирзоев, раиси ҷамоати Чӯянгарони Ваҳдат 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи ҳисоби пешакӣ, офати табиӣ ба чаҳор ҷамоати ин шаҳр бештар аз 15 миллион сомонӣ зарар расондааст.

Ба гуфтаи Мирзоев, чор экскаватор ва дигар техникаҳои вазнин дар мавзеъҳои Мағов ва Шорас барои бартараф кардани оқибатҳои сел кор мекунанд.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, гуруҳи корӣ ҳамчунин манзилҳоеро, ки дигар имкони зиндагӣ дар онҳо вуҷуд надорад руйхат доранд. Қарор аст, барои соҳибони ин манзилҳо аз ҷой қитъаи замин ҷудо карда шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки ҳамроҳ бо шарикони байналмилалӣ ба 446 хонавода дар шаҳри Ваҳдат ва 90 хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз сели рӯзҳои 27 ва 28 август зарар дидаанд, кӯмак расонданд. Шоҳрух Назарзода, як масъули Кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, “тақсими кумакҳо идома дорад ва дар шаҳри Ваҳдат ҳамагӣ 32 хонавода боқӣ мондааст ки бояд кумакҳо дарёфт кунанд”. Вале ҳанӯз дар маконҳои осебдида худи сокинон ба таври ҳашар ё дастаҷамъона обу лойро аз ҳавлиҳояшон берун мебароранд.

Маҳмадҷон Исмоилов
Маҳмадҷон Исмоилов

Дар ин миён сокиноне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, касе аз ҳолашон хабар намегирад. Мошини Маҳмадҷон Исмоиловро, ки як моҳ пеш харида буд, шаби 27 август ба коми сел рафт ва ба як оҳанпора табдил ёфт. Ин сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ҳамроҳ бо мошин тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро ҳам об бурд. Ҳавлии ӯро ҳам сел ба харобазор табдил додааст.

“Мошинро 83 ҳазор сомонӣ харида будам ва 6 ҳазор сомонӣ дигар ҳуҷҷат кардам. Суғурта дошт, бесуғурта ҳуҷҷат намедиҳанд охир. Муроҷиат кардем, як кас напурсид ки ки ту чи ҳол дорӣ, ягон кас мурдааст, ягон кас зиндааст,”-нақл кард ин сокини деҳаи Бӯстони шаҳри Ваҳдат.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG