Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз як соли муноқиша. Вохӯрӣ ва дуои ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон


Раисони Суғд ва Ботканд 13 сентябр вохӯрдаанд
Раисони Суғд ва Ботканд 13 сентябр вохӯрдаанд

Дар солгарди муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ҳайатҳои ду кишвар вохӯрда, барои кушташудаҳо дуо кардаанд.

Хабаргузории давлатии “Кабар”-и Қирғизистон рӯзи 13-уми сентябр навишт, мулоқоти раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар марз баргузор шуд.

Ба қавли манбаъ, дар вохӯрӣ роҳбарони ноҳияҳои наздимарзӣ ва сохторҳои қудратӣ ҳам ширкат доштанд.

"Дар оғози вохӯрӣ ҳозирон ба ёди қурбониёни даргириҳои марзӣ ва сулҳу субот дар сарҳад дуо карданд," -- омадааст дар хабари расмӣ.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли 2022 дар марзи ду кишвар даргирӣ сар зад, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт. Ҷонибҳо ҳамдигарро дар ин муноқиша гунаҳкор карданд ва таҳқиқи мустақилона дар ин бора анҷом нашуд.

Дар хабари расмии ҷониби Қирғизистон омадааст, раисони вилоятҳои Суғду Бодканд ба роҳбарони ноҳияҳои наздимарзӣ дастур доданд, ки барои сар назадани муноқиша дар марз корбарӣ кунанд.

Ҷузъиёти бештар аз ин вохӯрӣ нашр нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин вохӯрӣ хабар надодаанд.

Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 300 километраш ҳанӯз таъину нишонагузорӣ нашудааст, солҳо боз манбаи низоъ миёни ду кишвар аст.

XS
SM
MD
LG