Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Русия ба баҳси сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Русия
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Русия

Вазорати корҳои хориҷии Русия эълон кард, ки “шиддат гирифтани” баҳси Бишкек ва Душанберо бар сари таъйини марз пайгирӣ доранд.

Дар изҳороти вазорат аз 19-уми сентябри имсол омадааст, ҳар ду кишвар шарики стратегии Русия ҳастанд ва Маскав манфиатдор нест, ки “баҳс миёни кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ шиддат гирад".

Ҷониби Русия даъват дорад, ки ихтилофҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал карда шаванд ва тарафҳо аз изҳороти шадидлаҳн ва иқдомҳои носанҷида худдорӣ варзанд.

Баҳси лафзӣ миёни Душанбе ва Бишкек баъд аз як изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дубора боло гирифт.

Қамчибек Тошиев рӯзи 15-уми сентябр дар Бодканд гуфт, санадҳое ёфтаанд, ки нишон медиҳад заминҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон гузаштаанд.

"Агар Тоҷикистон аз даъвои қаламрав даст накашад, мо ҳам санадҳоро пешниҳод мекунем. Барои ин нерӯ ва имкони кофӣ дорем," -- гуфт раиси КДАМ-и Қирғизистон.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин ҳарфҳо эътироз кард ва гуфт, чунин суханҳо метавонад ба раванди муайян кардани сарҳад ва "эътимоди тарафҳо зарари ҷиддӣ расонад."

Тоҷикистону Қирғизистон ба сабаби ҷанҷолҳои марзӣ, ки дар моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 аз ду тараф даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт, муносибати хуб надоранд.

Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади ду ҷумҳурӣ беш аз сесад километри он дақиқу нишонагузорӣ нашудааст. Баҳс ҳам бар сари обу чарогоҳ ва заминҳоест, ки ду тараф худро соҳиби он меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG