Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кафолат Содироту Воридот" аз кист? Кумита нагуфт, ҳуқуқдон рад кард


Садама шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб рӯй дод
Садама шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб рӯй дод

Кумитаи андози Тоҷикистон молики ширкатеро, ки як мошини борбараш дар Кӯлоб боис ба марги 11 кас ва вайрон шудани чандин хона гашт, ошкор накард.

Ин дар ҳолест, ки як намояндаи мухолифони ҳукумат дар хориҷа иддао дорад, ки “Кафолат Содироту Воридот” ба “Фароз”, ширкати яке аз домодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, вобаста аст. Намояндаи ширкат дар номае ин нуктаро рад кард.

Номаи Давлатзода

Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми сентябри имсол аз масъулони Кумитаи андоз хост, ки соҳибони ширкати “Кафолат Воридоту Содирот”-ро бигӯяд. Ширкатеро, ки як мошини борбари он моҳи августи имсол дар Кӯлоб чанд хонаро вайрон ва чанд нафарро захмӣ кард. Ёздаҳ кас ҷон бохтанд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 21-уми сентябри имсол дар номаи ҷавобӣ ба Радиои Озодӣ навишт, дархостро баррасӣ карданд, аммо пешниҳоди маълумотро дар бораи “Кафолат Воридоту Содирот” “ба мақсад мувофиқ намешуморанд”.

Нусратулло Давлатзода
Нусратулло Давлатзода

“Мақомоти андоз ва агентҳои андоз ҳуқуқ доранд, маълумотро оид ба андозсупоранда танҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ҳангоми баррасии парванда ва ба мақомоти дигар дар доираи созишномаҳои дуҷониба пешниҳод намоянд,” – навиштааст Давлатзода.

Радиои Озодӣ баъди кофтукоб дар пойгоҳҳои мухталиф санадеро дар бораи ҶДММ “Кафолат Воридот Содирот” пайдо кард. Бинобар он ширкат соли 2006 таъсис шуда, тибқи Феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ қароргоҳаш дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе ва муассисаш Ҳусейн Зиёев ва мудираш Мавлон Зиёев зикр шудааст. Дар ҳамин нишонӣ камаш чаҳор ширкати дигар, аз ҷумла “Измир” ва “Абуҳанифа” сабт шуда, баъзе аз онҳо фаъоланд, бархе барҳам хӯрдаанд.

Агар Кумитаи андози Тоҷикистон моликони ширкатро ошкор мекард, мумкин буд, онро бо маълумоти ёфта муқоиса кунем. Феълан дақиқ нест, ки ҶДММ “Кафолат Содирот Воридот” ҳамонест, ки мошини борбараш дар Кӯлоб садама кард ё не.

Шубҳа ва посухи ҳуқуқшинос

Дар ҳамин ҳол намояндаи мухолифон, Шарофиддин Гадоев, ки дар гузашта дар Тоҷикистон ширкати боркашонӣ дошт, иддао дорад, ки мошин амалан ба яке аз ширкатҳои Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад. Ҳарчанд, ба гуфтааш, дар санадҳои расмӣ чунин нест.

Шубҳаи ба ин монандро баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар миён гузошта, тахмини худро ба он асоснок кардаанд, ки пас аз лаҳзаҳои садама мақомот зуд ба ёрии зарардидаҳо шитофтанд ва ба онҳо мошину пулу хонаву ҷой доданд ё сохтмони онро ваъда карданд. Дар ҳоле ки вокуниши онҳо дар ҳодисаҳои ҳамсон чунин набудааст.

Корбарон талаб карданд, ки зарари сокинонро бояд ҳамон ширкате ҷуброн кунад, ки мошинаш садама кардааст, на мақомот ва на масҷиду соҳибкорон.

Аммо ҳуқуқшинос Исматулло Зубайдуллоев дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, “бо боварӣ гуфтанием, ки на воситаи нақлиёт ва на ширкат ба Шамсулло Соҳибов мансубият надорад.”

Соҳибов молики ширкати "Фароз" буд, ки дар соҳаҳои зиёде фаъолият дошт. Пас аз танқидҳои зиёд "Фароз" эълон кард, ки фаъолияташро боздоштааст, аммо таҳқиқ нишон дод, ки ширкат бо номҳои дигар тиҷоратҳояшро пеш мебарад ва танҳо номи "Фароз" дигар зикр намегардад.

Садамаи маргбор рӯзи 6-уми август дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ, воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб, рӯй дод. Ба хабари ВКД, мошини боркаши тамғаи “Дулан”, ки аз пушт ядак (притсеп) дошт, бинобар аз кор мондани “тормоз” ба садама дучор шуд.

Дар роҳи Хоруғ-Кӯлоб дар ним сол бори дуюм аст, ки мошинҳои боркаш ба садама дучор мешаванд. Дар тасодуфи моҳи март се нафар дар хиёбони Кӯлоб ҷон бохтанд.

Дар нимаи аввали имсол дар Тоҷикистон тақрибан панҷсад сонеҳа рух додааст, ки бар асари ин ҳодисаҳо 193 нафар ҷон дода, бештар аз 500 кас маҷруҳ шудаанд. Афзоиши тасодуфи нақлиётӣ мавҷи танқидҳоро нисбат ба кори нозирони роҳ бештар кард ва чанд мақомдори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ аз кор ронда шуданд. Коршиносон мегӯянд, то замоне фасод аз байн наравад, вазъ тағйир нахоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG