Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин иштирокашро дар интихобот эҳтимол ноябр эълон кунад


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин дар бораи иштирокаш дар интихоботи президентии Русия эҳтимол дар ибтидои моҳи ноябри имсол хабар диҳад.

Бо ин ҳол дар минтақаҳои Русия таҳияи рӯйхати афроди боэътимоди Путинро шуруъ кардаанд.

Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" ва хабаргузории РБК-и Русия рӯзи 3-юми октябр бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд.

Рӯзи 4-уми ноябр дар ВДНХ дар Маскав намоишгоҳи "Русия" баргузор мешавад, ки дар он "дастовардҳо"-и ҳамаи минтақаҳои Русия, аз ҷумла минтақаҳои ғасбшуда нишон дода мешавад.

Ба навиштаи "Коммерсантъ", аз эҳтимол дур нест, ки маҳз дар ин намоишгоҳ Путин дар бораи иштирокаш дар интихоботи навбатии президентӣ хабар диҳад.

Пештар Путин гуфта буд, ки тасмимашро дар бораи иштирок дар интихобот танҳо баъд аз таъйини расмии санаи интихобот эълом хоҳад кард. Санаи интихоботи навбатии президентӣ дар Русия нимаҳои декабр эълом хоҳад шуд.

Конститутсияе, ки соли 2020 дар Русия қабул шуд, ба Путин иҷоза медиҳад, ду навбати дигар президент шавад.

XS
SM
MD
LG