Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии "Равшан" бо "Марв" дар Ишқобод мусовӣ шуд


Дастаи "Равшан"-и Тоҷикистон бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24-ро дар меҳмонӣ бо тими "Марв"-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Бозӣ миёни футболбозони туркману тоҷик дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» шоми 30-юми ноябр дар варзишгоҳи “Ашқобод”-и шаҳри Ишқобод доир гардид.

Дар охири нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 43-юм, Эммануэл Мваненго, легионери африқоии “Равшан”, дар ҷаримагоҳ ба тӯб соҳиб шуда, бо зарбаи сахту нишонрас ҳисобро кушод. Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 67-ум, бозигари мизбонон Яхшисает Давлатгелдиев аз назди дарвоза тӯбро ба ҳадаф расонд ва ҳисобро баробар кард.

Ин мусовии сеюми ҳарду даста ба шумор меравад, аммо футболбозони “Равшан” ва “Марв” пирӯзӣ ба даст наовардаанд.

Бозии дигари даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” шаби панҷшанбеи 30-юми ноябр миёни дастаҳои «Алтин Асир» (Туркманистон) - «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, “Равшан” аввалин бозиашро бо «Марв» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 0:0 ва бозии дувумашро дар меҳмонӣ бо «Алтин Асир» бо ҳисоби 1:1 ба поён расонида буд.

Баъдан “Равшан” дар ду бозӣ аз тими «Абдиш-Ота» бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрда, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи баъдии мусобиқот маҳрум шуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота” бо 10 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст. “Алтин Асир” бо 7 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад.

“Марв” ва “Равшан” бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

Бар асоси дастури мусобиқот аз гурӯҳи “Е” танҳо дастаи ғолиб ба даври баъдӣ роҳ меёбад.

Барои роҳхати ягона дастаҳои “Абдиш- Ота” ва “Алтин Асир” талош мекунанд.

Вале тимҳои “Марв” ва “Равшан” имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст додаанд.

Даври 6-уми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» рӯзи панҷшанбеи 14-уми декабр баргузор мешавад.

«Равшан» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо «Алтин Асир» ва «Абдиш-Ота» дар майдони худ бо «Марв» бозӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ҷоми AFC-2023/24

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

«Марв» (Туркманистон)

Даври 1-ум

«Равшан» (Тоҷикистон) «Марв» (Туркманистон) – 0:0

21-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:0

21-уми сентябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

Даври 2-юм

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Эммануэл Мваненго, 17 (0:1), Раҳмон Муродбердиев, 53 (1:1)

5-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашқобод».

«Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 1:1

5-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашқобод».

Даври 3-юм

«Равшан» (Тоҷикистон) «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 0:1

Гол: Эммануэл Яғр, 51 (0:1)

26-уми октябр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

«Марв» (Туркманистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Голҳо: Камол Аннамуҳаммадов, 60 (1:0). Раҳмон Муродбердиев, 84 (1:1), Салим Нурмуродов, 90+5 (1:2).

26-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашқобод».

Даври 4-ум

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Айзар Акматов, 49.

9-уми ноябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Марв» (Туркманистон)- 1:0

Гол: Ораз Оразов, 34 (1:0.

9-уми ноябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашхобод».

Даври 5-ум

«Марв» (Туркманистон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Эммануэл Мваненго, 43 (0:1), Яхшисает Давлатгелдиев, 67 (1:1).

«Равшан» (Тоҷикистон): Евгений Гритсенко, Раҳматшо Раҳматзода, Холмурод Назаров (сарвони даста), Самуэл Офори, Муҳаммадҷон Насков (Бахтовари Хуршед, 88), Шаҳриёри Иноятулло, Айдан Окран, Эммануэл Маабуах, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа (Ҳотамов, 88), Амирҷон Сафаров (Масрур Қиёмиддинов, 74), Эммануэл Мваненго.

30-юми ноябр. Ишқобод, варзишгоҳи “Ашқобод”.

21:00 «Алтин Асир» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

30-юми ноябр. Ишқобод, варзишгоҳи “Ашқобод”.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

4

3

1

0

6-1

10

2.

«Алтин Асир» (Туркманистон)

4

2

1

1

4-5

7

2.

«Марв» (Туркманистон)

5

0

3

2

3-5

3

4

«Равшан» (Тоҷикистон)

5

0

3

2

2-4

3

Даври 6-ум

14-уми декабр (панҷшанбе)

19:00 «Равшан» (Тоҷикистон) - «Алтин Асир» (Туркманистон)

19:00 «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Марв» (Туркманистон)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG