Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи Фариноз дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон


​​​​​​​Фариноз Абдуллоева, варзишгари тоҷик,  дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасони то 16-сола медали нуқра ба даст овард. Мусобиқа аз 24-уми ноябр то 4-уми декабр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор шуд.

Фариноз дар рақобатҳо дар вазни то 52 кило миёни духтарон дар даври ниманиҳоӣ муқобили муштзани қазоқ Оиша Сариева бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Вале муштзани навраси тоҷик дар финал, ки рӯзи 4-уми декабр доир гардид, аз намояндаи Ҳиндустон Ниша Ниша мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ба иттилои Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA), дар мусобиқот, ки дар маҷмаи варзишии МИКА-и Ереван доир гардид, 357 варзишгари навраси солҳои таваллудашон 2007-2008 (244 писар ва 113 духтар) аз 51 кишвар иштирок кард.

Озарбойҷон ва Туркия аз ширкат дар ин мусобиқот даст кашиданд.

Муҳорибаҳо дар 26 вазн (13 вазн байни писарон ва 13 вазн миёни духтарон) сурат гирифт.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар 9 муштзани навраси 15-16-сола (8 писар да як духтар) дохил буд: Ҷахонгир Камолов (46 кг), Мансурхуҷа Муъминов (48 кг), Билолҷон Иқсанов (50 кг), Абубакр Қобилов (52 кг), Шодмеҳр Давлатов (54 кг), Абдулло Каримзода (57 кг), Муҳаммадсултон Султонов (60 кг). Абубакр Ғафуров (66 кг). Фариноз Абдуллоева (52 кг).

Аз байни онҳо танҳо Фариноз медал гирифт. Наврасони дигари тоҷик то чорякфинал баромада, баъдан аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Русия бо касби 16 медал (7 тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард.

Мунтахаби Арманистон бо касби 10 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми дуюм ва мунтахаби Узбекистон бо касби 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра дар байни 26 кишваре, ки медалҳои қаҳрамонии ҷаҳонро гирифт, дар зинаи 16-ум ҷойгир шуд.

Бояд гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир дар якҷоягӣ бо як қатор кишварҳои дигар Федератсияи байналмилалии бокси худро («World Boxing») таъсис додаанд ва бинобар ин дар мусобиқаҳои IBA иштирок намекунанд.

XS
SM
MD
LG