Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тандурустӣ гуфт, фасод “дар тамоми соҳа ҳаст”. ВИДЕО


​​​​​​​Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
​​​​​​​Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар як таҳқиқи худ сатҳи фасод дар бахшҳои маориф ва тандурустиро нигаронкунанда унвон карда буд.

Ин ниҳод мегӯяд, тадқиқотро дар ҳамдастӣ бо Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар 15 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла Душанбе, Хатлон, Суғд ва чанд ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ анҷом додааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш ба пурсиши батакрори хабарнигорон посухи дақиқ надод, ки то куҷо ба натиҷаҳои ин таҳқиқ розиянд.

“Тадқиқот ҳар хел мешавад. Ман ягон муқобили ин нестам. Дар тамоми соҳа ҳаст. Вазифаи мо як чиз аст, коҳиш додани фасод. Ман ҳаминро ба инобат гирифтам. Як фисади ҳамин шояд ба ин вобастагӣ дошта бошад. Масъалаи дигар. Гуфтанд, дар таваллудхонаҳо буданд. Дар ҳақиқат дуруст қайд мекунанд. Гардишҳои шабонаву рӯзонае, ки роҳбарияти вазорати тандурустӣ дар муассисаҳо мекунад, дар вақти вохӯрдан бо мардум, ягон кас оиди маблағситонӣ гап намезанад,”-афзуд, ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Вокуниши норӯшани Вазири тандурустӣ ба тадқиқоти МТС
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Пажуҳиши маркази тадқиқоти стратегӣ, ки миёни 2 ҳазор тан аз афроди марбут ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф гузаронида шудааст, нишон додааст, ки сатҳи баланди фасод, яке аз далелҳои ҷиддии тарки кор кардани мутахассисони ин бахшҳост. Аммо вазири тандурустӣ ин иддаоро рад кард. Вай афзуд, ки то ҳол чунин ҳолатро сабт накардаанд.

Ба қавли вазир, агар соли 2022 наздики 500 табиб ба хориҷа рафта бошад, ин омор дар соли гузашта ба 274 нафар кам шудааст. Омилҳои тарки кор дар ватан ва рӯ ба кишварҳои хориҷа овардани табибонро вазир дақиқан нагуфт.

Бино бар пажуҳиши Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар бахши тандурустӣ мардум аз ҳама бештар ҳангоми бистарӣ шудан дар беморхонаҳо, замони амали ҷарроҳӣ, барои ба даст овардани маълумотномаи тиббӣ бо фасод рӯ ба рӯ мешудаанд.

Рӯзи 12-уми феврал пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар бораи мизони фасод дар соҳаи тиб назарҳои мухталиф доранд.

Яке аз мусоҳибони мо ба ин пурсиш, ки оё дар беморхонаҳо фасод вуҷуд дорад, посух дод, ки “ба фикри ман ҳама ин чизро медонад. Бе сум корат буд намешавад. Лекин ёрии таъҷилиро занг мезанӣ, бе сум коратро буд мекунад. Вақте хона меояд, бе пул коратро буд мекунад.”

Роҳгузари дигаре таъкид кард, “ҳаст, мумкин бошад, лекин ман надидам. Ягонтоаш аз мо маҷбурӣ пул талаб намекунанд. Ба наздикӣ рафта, дар беморхона хоб кардам, пул талаб накарданд.”

“Вақте ки дармонгоҳи назди хонаамон меравем, духтури оилавӣ меравем, бисёри ҳолатҳои талаб кардани пул мешавад, боз бисёри ҳолатҳое ҳаст, ки аз суханронии одам вобаста аст,”-афзуд, як сокини шаҳри Душанбе.

Нигарониҳо аз фасоди густурда на танҳо дар соҳаи тиб, балки дар дигар бахшҳо низ солҳост садо медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба зидди коррупсия ҳаматарафа мубориза мебарад ва қабули Стратегияи нави муқовимат ба коррупсия дар соли 2021 нишондиҳандаи азми қавии ҳукумат ба решакан кардани он аст.

Созмони Шаффофияти Байнулмилал ё Транспаренси Интернешнл, ки ҳар сол гузоришеро бо номи Шохиси дарки фасод нашр мекунад, Тоҷикистонро дар моҳи январи имсол дар миёни 180 давлат дар ҷойгоҳи 162 қарор дод, ки яке аз зинаҳои поинтарин ба шумор меравад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG