Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон ҷазо барои хушунати хонаводагӣ сангинтар шуд


Бар асоси қонуни наве, ки палатаи болоии Қазоқистон қабул кард, хушунати хонаводагӣ дигар дар ин кишвар ҷиноят дониста шуда, барои кудакозорӣ ё худ педофилия ҳабси якумрӣ пешбинӣ мешавад.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки тибқи қонунҳои қабулшуда барои ҳамагуна хушунат, аз ҷумла нисбати кӯдакон ҷазои сангин таъин мешавад.

Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон 28 феврали имсол лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳоро қабул карда буд.

Тибқи тағйиру иловаҳо, барои кудакозорӣ ва куштори кудакон ҳабси якумрӣ пешбинӣ шуда, ҷазо барои расонидани зарари сабук, миёна, вазнин ба саломатӣ ва шиканҷа сахтар гаштааст.

Дар қонун барои қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ ҷарима дар ҳаҷми то 164 доллар, то 200 соат корҳои ҷамъиятӣ ва ё то 50 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.

Хушунати хонаводагӣ яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Бино ба оморҳои расмӣ, бисёре аз занон дар Қазоқистон аз сӯи ҳамсарон ва ё ҳамхонаҳои худ хушунат мебинанд. Пулиси он кишвар ҳамасола бештар аз 100 ҳазор шикоят аз хушунат нисбати занон дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG