Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар се моҳ 22 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст


Манъи вуруд ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ду баробар бештар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Манъи вуруд ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ду баробар бештар шудааст

Мақомоти Русия эълон карданд, ки дар се моҳи аввали имсол 22 ҳазор муҳоҷирро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Маълум нест, ки чӣ теъдоде аз ин ҳисоб муҳоҷирони тоҷик ҳастанд, вале расонаҳо аз ихроҷи садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия гузориш дода буданд.

Саҳифаи телеграмии “Верстка” ба нақл аз Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ додааст, ки имсол дар қиёс ба соли гузашта қариб ду баробар бештар муҳоҷирон ихроҷ шудаанд.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки аз моҳи январ то апрели соли ҷорӣ ҳудуди 79 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ҳаққи даромадан ба Русияро пайдо накарданд, ки дар қиёс ба соли гузашта 30 дар сад бештар будааст.

Русия пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус” дар Маскав дар моҳи март, ки 12 тоҷикро дар он гумонбар донистанд, ба садҳо шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба ин кишварро надод.

Вазорати корҳои дохилии Русия сабабҳои афзоиши мизони ихроҷи муҳоҷиронро шарҳ намедиҳад, вале ҳисоби ин ниҳод нишон медиҳад, ки ҳолатҳои қонунвайронкуниҳои марбут ба ташкили муҳоҷирати “ғайриқонунӣ” низ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.

Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки Русия қонунҳои марбут ба муҳоҷиратро сахттар мекунад.

Қонунгузорони рус пешниҳод доранд, муҳоҷироне, ки муҳлати будубошашон дар Русия ба охир расидааст, фавран ихроҷ шаванд.

Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” садҳо муҳоҷирони тоҷик аз Русия ихроҷ гардиданд ва ё ба хоки ин кишвар роҳ дода нашуданд. Мақомоти рус, яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилро дар он мебинанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қабл аз сафарашон ба Русия дар ватан тамоми расмиётро анҷом бидиҳанд.

Бо ин ҳадаф рӯзи 28 -уми май дар Душанбе бо ҳузури вазири корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди ин кишвар ифтитоҳ ёфт.

Ин марказ имкон медиҳад, ки сабабҳои манъи вуруди муҳоҷир қабл аз сафар ба Русия мушаххас шуда, сабтиноми биометрии шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирад ва хадамоте, ки Русия барои муҳоҷирон фароҳам меорад, муаррифӣ шавад.

Дар Душанбе рӯзи 28-уми май Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар бораи муҳоҷират гап задааст. Ҷузъиёти суҳбати ин мақомдори рус маълум нест, вале сомонаи президент гуфтааст, ки дар ин мулоқот “дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса” шудааст. Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия “чораҳои зарурӣ” андешида шавад.

Тибқи ҳисобҳои гуногун дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG