Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳодур Неъмат: “Шаб ба хайр” 50-сола мешавад


Баҳодур Неъмат овозхони саршинос ва аз ситораҳои дастаи маъруфи “Гулшан” 20-уми июл 70-сола шуд. Радиои Озодӣ ба суҳбати ин овозхоне, ки чанд насли Тоҷикистон аз он хотираи хуш доранд, рафт.

Ва суоли аввал ҳам ин буд, ки аз қуллаи баланди 70-солагӣ ба умри гузарондаву эҷодиёти гузашта чӣ гуна нигоҳ мекунеду чӣ баҳо медиҳед?

Баҳодур Неъмат: Ростӣ гап, боварии худам ҳам намеояд, зеро дили одам ҳамеша ҷавон мемонад. Навобаста ба ин синну сол, умр рафтан мегирад, онро манъ карда намешавад. Аммо ба ҳар ҳол мо бояд талош кунем, ки ҷавонӣ тӯлонӣ бошад. Яъне, ҳамеша дар саҳна дар байни мардум бошем ва ҳамеша ҳолати хуб дошта бошем.

Радиои Озодӣ: Варзиш мекунед?

Баҳодур Неъмат: Албатта, аввалаш Парвардигор, баъдан бо шарофати варзиш худро бисёр нағз ҳис мекунам. Ҳамеша варзиш мекунам, саёҳат мекунам, табиатро бисёр дӯст медорам. Дар кӯҳҳо ва саҳрову табиати зебои Тоҷикистон ҳамеша сайру гашт мекунам. Бинобар ин, фикр мекунам ҳамин сабаб аст, ки ман ҳоло ҳам дар байни мардум ва дар саҳна ҳастам.

Радиои Озодӣ: Аз ҷавонӣ варзиш мекардед ё баъдтар машғул шудед?

Баҳодур Неъмат: Аз давраи баччагӣ, аз мактабхонӣ машғул будам. Аввал бо гӯштии самбову ҷудо ва баъдан бо бокс. Ҳатто ҳамин хел фикр ҳам буд, ки ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ равам, лекин ба хулосаи дигар расидам. Ҳамон давраи бачагӣ ҳам варзишро дӯст медоштам ва ҳам санъатро. Санъат зӯрӣ карду ман ба Донишкадаи санъат рафтам. Аз ҳамон вақт маҳфилҳо, маъракаҳо, консертҳо ва сафарҳои ҳунарӣ оғоз шуданд, аммо варзишро тарк накардам.

Баҳодур Неъмат

Баҳодур Неъмат (Неъматов) 20-уми июли 1954 дар Душанбе зода шудааст. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон. Донишкадаи фарҳангу ҳунари Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳо овозхони дастаи маъруфи “Гулшан” ва солҳои 2011-2003 раҳбари он буд. Ҳоло сармушовири ин даста ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон аст.

Сурудаҳои зиёде аз ин ҳунарманд дар радио ва телевизион сабт шудааст. Сохтаҳои ин овозхон, аз қабили «Шаб ба хайр», «Майда -майда мерақсӣ», «Ҷононаке», «Бути нозанин», «Гулро намефӯшанд», «Ишқи дерин», «Чу механдӣ»,"Чашми сиёҳе дорӣ","Боз ошиқ шавам", «Дунёи ҷавонӣ»,"Ёр, ёр дилозор", «Сулҳ», «Ҷон модарам», «Занг бизан» ҳамеша дар маҳфилҳо хонда мешавад.

Радиои Озодӣ: Агар ба зиндагии шумо нигоҳ кунем, ба истилоҳ “бачаи Душанбе” ҳастед, яъне дар Душанбе зода шудед. Одатан, бачаҳое, ки дар муҳити шаҳр, хусусан пойтахт калон мешаванд, ба корҳои дигар шавқ мекунанд. Вале шумо ба дунболи мусиқӣ рафтед. Ангезаи асосӣ чӣ буд?

Баҳодур Неъмат: Бародари калонии ман Музаффар Неъматов низ санъатро бисёр дӯст медошт, ҳарчанд он кас меъмор буданд. Аммо аз давраи мактабӣ суруд мехонданд, аввал бо рубоб ва баъдан бо дутору созҳои дигар. Дар хонаи мо ҳамеша суруду мусиқӣ танинандоз буд. Бо дӯстонашон омада мехонданд, дар маъракаҳо мехонданд, ман дар паҳлӯи он кас ё аккордеон ё ягон асбоби дигар менавохтам. Ҳамин хел санъат дар дили ман сахт ҷой гирифт.

Модарам аз Бедил ғазалҳо мехонданд

Радиои Озодӣ: Яъне муҳити хонавода буд. Устод, ман як фактро донистам, намедонам дуруст бошад ё на, ҳоло шумо тасдиқ ё рад мекунед. Мегӯянд, модаратон бисёр одами суннатгаро ё ба истилоҳ рӯҳонӣ будааст. Ба овозхон шудани шумо мамониат накарданд?

Баҳодур Неъмат: Модари ман бисёр китобхон буданд. Аз китобҳои ниёгон, аз китобҳои Бедилу Ҳофиз, аз классикони мо ғазалҳо мехонданд. Бисёр ривоятҳое ба мо нақл мекарданд. Мо доим хоҳиш мекардем, ки “модарҷон, барои мо аз ҳамон китобҳое, ки номи яке дар хотирам ҳаст – “Дурр-ул- маҷолис”, панду насиҳатҳо бихонед”. Баръакс, суҳбатҳои модарам, насиҳатҳои модарам, ки доим ба мо китоб мехонданд, таъсири мусбат расонд. Зери таъсири он кас шеърро мефаҳмидагӣ шудем. Масалан, апаи ман Маҳбуба Неъматзода шоири кӯдакон аст. Бародарам меъмор шуданд, бародару хоҳаронам дар дигар касбҳо маълумоти олӣ гирифтанд. Баръакс, ҳамеша мегуфтанд, ки хондан лозим.

Радиои Озодӣ: Яъне барои овозхон шудани шумо ҳеч монеае накарданд?

Баҳодур Неъмат: Не-не, ҳеч вақт. Барои овозхон шудани мо, баръакс он кас мусоидат намуданд.

Радиои Озодӣ: Хонаводаатон аз кадом солҳо дар Душанбе зиндагӣ мекунад?

Баҳодур Неъмат: Аз солҳои 20 то 30-юм (қарни гузашта) ба Душанбе омадаанд. Мо дар Душанбе таваллуд шудем. Бобои падариям ҷудогона ва модари модарам ҷудогона омада буданд. Дар ин ҷо ҳамсоя буданд ва падару модари мо дар ин ҷо зану шавҳар шуданд ва ҳамаи мо 9 фарзанд дар ҳамин ҷо таваллуд шудем.

Радиои Озодӣ: Яъне шумо аз душанбегиҳои асил ҳастед?

Баҳодур Неъмат: Ҳамин хел гӯйем мешавад. Зеро зодгоҳи мо ҳамин ҷо, баччагии мо дар ҳамин ҷо гузашт. Падару модари мо аз Бухоро ба ин ҷо омада буданд.

Радиои Озодӣ: Чӣ сабаб шуд, ки шумо ба эстрада рафтед? Зеро пешиниёни шумо аз Бухоро омада бошанд, дар Бухоро мусиқии классикии Шашмақому ин чизҳо маъруф буд. Ҳарчанд дар ин авохир шумо ба мусиқии классикӣ рӯ овардаед, вале аз оғоз ба эстрада рафтед.

Баҳодур Неъмат: Ҷавонии мо дар муҳите гузашт, ки дар Душанбе аз ҳар маҳал зиндагӣ мекарданду мекунанд. Аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд. Бинобар ин, масалан, барои ман маҳал фарқ надорад, вуҷуд надорад. Ман дӯсту ошноро аз рӯйи одамгарияш, ҷавонмардияш ҳурмат мекунаму мешиносам. Фарқе надорад, ки кӣ аз куҷо аст. Аз кӯдакӣ гӯш кардани ҳар гуна сурудҳоро дӯст медоштам, сурудҳои классикиро низ гӯш мекардаму ҳаловат мебурдам. Сурудҳои тамоми манотиқи Тоҷикистон -Кӯлобу Бадахшону Зарафшонро, ки агар суруди хуб мебуданд, гӯш мекардам. Дар ҷавонӣ дар маҳфилҳо месароидам, сарфи назар аз ин ки кадом ҳофиз аз куҷосту дар чӣ жанре ҳаст. Албатта, дар ҷавонӣ бештар сурудҳои эстрадӣ месароидем.

Баҳодур Неъмат, муаллифи "Шаб ба хайр" 70-сола шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:31:09 0:00

Аз Орифшо Орифов як умр миннатдорам

Радиои Озодӣ: Солҳое, ки шумо ба фазои мусиқии эстрадии тоҷик ворид шудед, солҳои 1970-ум - ин чӣ гуна дунё буду чӣ гуна шӯру шавқ дошту чӣ ҳунару шоистагиҳое бояд медоштед, ки масалан Баҳодур Неъмат мешудед?

Баҳодур Неъмат: Аз давраи донишҷӯйӣ оркестри эстрадии “Гулшан” ба ман бисёр писанд буд. На танҳо ба ман, ба ҳама, зеро яке аз оркестрҳои беҳтарину ягонаи ҷумҳуриамон буд. Ҳама орзу мекард бо овозхонҳои “Гулшан” аз наздик шинос шаваду бинад. Ман низ ҳавас пайдо кардам, ки он ҷо кор кунам. Пас аз хатми Донишкадаи санъат, ки то ин вақт гаҳ-гоҳе ба назди устод Орифшо Орифов омада мерафтам. Як дафъа омадаму гуфтам, ки “муаллим, иниститутро хатм кардам”. Мо дар донишкада як даста ташкил карда будем, бо мутрибони беҳтарине, ки он ҷо таҳсил мекарданд. Бо ҳамунҳо аллакай дар телевизион баромад мекардем ва дар радиои сабт карда будем. Мулаллим маро даъват карданд, ки дар назди шӯрои бадеӣ якчанд суруд хондам. Баъд аз чанд рӯз ба ман гуфтанд, ки метавонед ҳуҷҷатҳоро гирифта биёед.

Радиои Озодӣ: Яъне ҳарчанд, пешакӣ Орифшо Орифову дигар раҳбарони “Гулшан”-ро мешинохтед, боз бо озмун ба кор пазируфта шудед?

Баҳодур Неъмат: Устод Орифшо Орифов гуфтанд дар назди шӯрои бадеӣ сароидан даркор, ман сароидам.

Радиои Озодӣ: Кӣ буд дар шӯро?

Баҳодур Неъмат: Композиторон Амон Ҳамдамов, Қудратулло Яҳёзода, овозхонҳо Алиҷон Солиев, Музаффар Муҳиддинов, муҳаррир Исматулло Раҳимов ва бисёр дигарҳо буданд. Номи ҳама дар хотирам нест, аммо 15-16 нафар буданд.

Радиои Озодӣ: Ба осонӣ қабул карданд ё имтиҳони хеле ҷиддӣ гирифтанд?

Баҳодур Неъмат: Ман инашро намедонам, дар он он ҷо ба фикрам ҳар гуна фикрҳо буд, аммо хидмати асосӣ барои ба “Гулшан” омадани ман кори устод Орифшо Орифов буд. Гуфтанд, ман ин бачаро қабул мекунам, баъдан шумо мебинед, ки дар “Гулшан” ҷойи худро меёбад. Аз эшон ҳамеша ба некӣ ёд мекунаму дар ҳақашон дуо мекунам. Раиси кумитаи ҳамонвақтаи телевизиону радио Ғоиб Назарович низ дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр соли 1977 ба “Гулшан” омадам.

Радиои Озодӣ: Вақте ба “Гулшан” омадед, кӣ буд, ба истилоҳ ғулҳои мусиқии эстрадии Тоҷикистон?

Баҳодур Неъмат: Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Тамара Катаева, Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоер, Умар Зиёев. Вақте ҳамроҳ шудам, маро хуб пазируфтанд. Хусусан, рӯҳаш шод бод Муқаддас Набиеваро. Ба ман, ки одами нав будам, маслиҳатҳо медоданд. Ва дар аввалҳои кор бо он кас мо суруди “Шаб ба хайр”-ро сароидем. Устод Орифшо Орифов дар кор бисёр ҷиддӣ буданд. Роҳбари мусиқи Юрий Лядов буд. Кор бисёр ҷиддӣ буд, вале баъд аз кор мо ҳама ҳамчун ёру бародар будем. Қариб, ки ҳар рӯз баъд аз кор ҷойе менишастем, ҳазлу шӯхӣ буду механдидем ва суҳбат мекардем. Дар бораи ояндаи “Гулшан” суҳбат мекардем, кадом сурудро бояд хонем, дар куҷо сабти телевизионӣ кунем. Бисёр як муҳити аҷоиб, муҳити ҳам ором ва ҳам пурҷӯшу хурӯш буд.

"Шаб ба хайр"-ро бори аввал дар пахтачинӣ хондам

Радиои Озодӣ: Ҳамин ҷо, ки аз суруди “Шаб ба хайр” ёд кардед. Гуфтед, бо Муқаддас хондед. Ин яке аз сурудаҳои ҷовидонии мусиқии мо аст. Имрӯз, ба фикрам, нест маҳфиле, ки бо ҳамин суруди зебои шумо бар матни устод Лоиқ тамом нашавад. Мехостам достони ба вуҷуд омадани инро бидонем.

Баҳодур Неъмат: Ман дар курси сеюми донишкада мехондам. Чун аз даврони навҷавонӣ кӯшиш мекардам, ки оҳангҳои худамро бисозаму бихонам, ҳатто ҳангоми ба институт дохил шудан як оҳанги худамро сароида будам.

Кадом оҳанг?

Суруди “Ҷавонӣ” буд, бар шеъри Ғоиб Сафарзода:

Хуруши мавҷи дарёи равонӣ,

Равони бар вуҷуди зиндагонӣ.

Ту ҳастиву ҳаёти мост рангин,

Ту сози тори умри одамонӣ.

Ҳей, ҷавонӣ, эй ҷавонӣ, эй ҷавонӣ,

Ҷавонӣ, эй ҷавонӣ, эй ҷавонӣ.

Бо ҳамин суруд ман ба институт дохил шудам. Бо аккордеон навохтаву сароидам. Ин соли 1973 буд. Соли 1975 ба дасти ман китоби устод Лоиқ Шералӣ, ки “Хоки Ватан” ном дорад, расид. Дар хотирам нест, ки аз куҷо пайдо кардам, шояд дуздидам, аммо шеърҳояш бисёр писанд уфтод. Аз он китоб якчанд суруд омода кардам. Масалан, “Имшаб чӣ шабест, шаби гудоз аст имшаб”-ро эҷод кардам ва дар аввали арӯсиҳо мехондам. Баъд суруди “То дил накунад дард, надонӣ, ки дилат ҳаст”, боз “Дастҳое, ки фишурдам, ёд бод, Ҳар лабе, ки бӯса кардам, ёд бод”. Боз як суруди дигар аз ҳамин китоб хондам – “Падарам”. Падарам, ки нав гузашта буданд, аз ҳамон ҷо ҳамин шеър, гӯё барои ман навишта шуда буд:

Падарам, рафтӣ чу ту бар дили хок,

Дар дили ман ғаму андӯҳи ту монд.

Чашмат аз гӯр ба сӯям нигарон,

Дар сурудам шабаҳи рӯҳи ту монд.

Суруди “Шаб ба хайр” ҳам аз ҳамин китоб рӯйид. Ман, ки асосан оҳангҳои худамро месароям, ин оҳангро худам сохтам. Ин оҳангро омода карда будаму ҷойе насаройида будам. Дар пахтачинӣ будем, дар ноҳияи ҳоло Хуросон - он замон Илич. Дар Совхози “24 Партсъезд”, ки Турсун Улҷабоев раис буд. Бисёр совхози овозадор буд, ҳар бегоҳ баъд аз пахтачиниву хӯроки шом базм ташкил мекардем. Як бегоҳ навбати ман буд, якчанд суруд хондам, базм кардам ва охири базм, ки шуд аввалин бор ин сурудро хондам. Ҳама ҳайрон шуданд, ки ин суруд набуд, аз куҷо ёфтааст. Ҳамин хел аввалин бор дар пахтачинӣ сароидам, баъд дар маҳфилҳои институт месароидам. Баъдан дар дастае, ки гуфтам, дар институт ташкил карда будем, дар телевизион мустақим сароидем. Вақте ба “Гулшан” оамадам, аввал худам сароида, баъдан бо Муқаддас хондем. Соли 1981 дар Афғонистон бо Хурмо Ширинова сароидем. Яъне ин “Шаб ба хайр” чандин версия дорад. Бо фарзандҳо сароидем ва то ҳоло сароида истодаему месароянд.

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед сабаби умри тӯлонияш чист - оҳанги бисёр хуби шумо ё матни бисёр баланди устод Лоиқ ё мазмуне, ки нуҳуфта аст?

Баҳодур Неъмат: Аввал ин ки, устод Лоиқ бисёр шеъри баланд навиштаанд. Ҳам бисёр сода аст, ки дар хотири одам нақш мебанад ва ҳам бисёр пурмазмун.

Радиои Озодӣ: Яъне маъниҳои бисёр баланд бо сухани бисёр сода?

Баҳодур Неъмат: Бале. Баъдан Худо ба дили ман ҳамин оҳангро андохту ин як суруде шуд, ки анъанавӣ шуд. Соли дигар 50-сола мешавад ва ҳеч вақт маҳфиле бе ин суруд намегузарад.

Маҳфили ҳофизхонӣ

Радиои Озодӣ: Вақтҳои охир ба назар мерасад, ки бештар сурудҳои классикӣ мехонед. Далели ин чист, гузашти сину сол ё ангезаи дигаре?

Баҳодур Неъмат: Ҳарчанд аз оғоз ба эстрада рафтам, лекин дар дили ман буд. Дар давраи бачагӣ аз бародарам кам-кам рубобро омӯхта будам, баъдан дар дастаи ҳаваскорон дуторро омӯхта будам. Баъдҳо бо ин бисёртар машғул шудам. Созҳои тору танбур, уд, рубоби бадахшонӣ ва ҳамин гуна асбобҳоро дар барномаҳои телевизионӣ ва маҳфилҳо менавозам. Дар равияи Шашмақом оҳангҳои худамро сохтаму сароидам. Одам чӣ қадар, ки синну солаш калон шудан гирад, мехоҳад сурудҳои пурмазмунтар, насиҳатомез, тарбиятгар, яъне ҳам ба сину солаш мувофиқ бошад ба дигарон фоидаи бештар расонад. Яъне чизҳои баланд мекобад. Ман ҳам солҳои ахир барномаҳое кардам, ки аз осори классикон аст. Масалан, барномае кардем бо номи “Шоми ғазал” аз осори Носири Бухороӣ, барномаи вижа кардам дар осори Мавлоно, барномаи ҷудогонаи рӯдакихонӣ кардем. Дар оянда мехоҳам аз осори Ҳофизи Шерозӣ як барномаи калони зинда кунаму фақат ҳофизхонӣ шавад. Зеро як рӯз ҳисоб кардам, тахминан 30 ғазали Ҳофизро хондаам. Аз Саъдиву Бедилу Камол бисёр сароидаам.

Радиои Озодӣ: Шуморо зиёд ба тӯйҳо мебурданду мебаранд. Шудааст, ки ба маъракаҳо ройгон рафта бошед?

Баҳодур Неъмат: Беҳад бисёр. Аз ҳамон давраи ҷавонӣ, дар тамоми маъракаҳои дӯстонам, хешу табор ва дигарон ҳама вақт ройгон хидмат мекардам ва то ҳоло мекунам.

Радиои Озодӣ: Пули аз ҳама калоне, ки аз тӯйҳо гирифтед, ба ёдатон ҳаст, чӣ миқдор буд?

Баҳодур Неъмат: Не, дар ёдам нест. Барои ман муҳим набуд, ки калонтар мешавад ё камтар. Муҳим ин буд, ба ҷойе, ки ман меравам, хотираи хуш боқӣ гузорам. Албатта хоҳед ё нахоҳед, он ҷо, ки мардум хурсанд шуд, мо ҳам хурсанд меоем.

Радиои Озодӣ: Бале-бале, ҳама гуна меҳнати фикрӣ ё ҳунарӣ бояд подоше дошта бошад, вале шояд соҳиби маъракае ҳотамӣ карда бошаду аз интизори шумо бештар дода бошад, ки дар ёдатон бошад. Пул, ки аз ёди одам намеравад.

Баҳодур Неъмат: Ин ҳолатҳо зиёд буд, ман алоҳида ҷудо карда наметавонам.

Радиои Озодӣ: Бароятон дар “Оши наҳор” овозхонӣ хуш аст ё дар арӯсиҳову маҳфиле, ки домоду арӯс бошад?

Баҳодур Неъмат: Дар ҳамин солҳои ахир дар “Оши наҳор”. Чаро, зеро дар оши наҳор касе ба шумо халал намерасонад, намегӯяд, ки фалон сурудро хон, чизе дар дилат ҳаст ҳамонро мехонед.

Дар ҷавониҳо дар арӯсиҳо, ки фақат рақсу бозӣ бошаду хурсандӣ бошад. Он замон ба “Оши наҳор”-ҳо моро хабар намекарданд, чун ҳамеша сурудҳои шӯх мехондем.

Радиои Озодӣ: Шудааст, ки мансабдоре, қумандоне ё пулдоре шуморо маҷбурӣ ба тӯйҳояшон бурда бошанд?

Баҳодур Неъмат: Не, Худоро шукр.

Радиои Озодӣ: Боре шуда, ки ришва гирифта бошед ё ришва дода бошед?

Баҳодур Неъмат: Ин саволи мушкил, ман ҷавоб дода наметавонам. Дар хотирам нест, ростӣ гап.

Радиои Озодӣ: Кори шуморо осонтар кунем. Имрӯзҳо устоди донишгоҳ ҳастед, дар консерватория дарс медиҳед. Ман ҳам таҷрибаи устодӣ дар донишгоҳро дорам. Баъзан мешунавем ва мебинем, ки ҳамин ҳолатҳо ҳаст. Дар таҷрибаи шумо буд?

Баҳодур Неъмат: Бовар кунед, дар ҳамин Консерваторияи миллӣ, ман ба чизе хоҳед қасам мехурам, ҳамин гап нест. Умуман ному нишонаш нест. Дар дигар мактабҳои олӣ чизе гуфта наметавонам.

Радиои Озодӣ: Дар баъзе кишварҳо, намояндаҳои касбҳои эҷодӣ, овозхонҳо, ҳунармандони театру кино ё шоиру нависандаҳо фаъоли ҷомеа мешаванд. Дар баъзе ҳодисаҳо мавзеъгирӣ мекунад, ягон ҳодисаи сиёсӣ ё иҷтимоӣ. Ба ягон тасмими ҳукумат ё гуруҳҳои дигар розӣ намешаванд. Дар мо ин мавридҳо нест ё кам аст.

Бо шеъри Рӯдакӣ ба сулҳу дӯстӣ даъват кардем

Баҳодур Неъмат: Ман фикр мекунам, ҳар кас дар ҳар касбе набошад, бояд кори худашро кунад. Хусусан санъаткор бояд сиёсатмадор набошад. Вазифаи санъаткор барои инсоният, барои мардум хурсандӣ овардан аст ва дар ҳолатҳои навмедӣ умед бахшидан аст. Рисолати ҳунарманд ин аст, ки фақат ба мардум ғизои маънавӣ бахшад. Бигзор сиёсатмадорҳо, ки ба сиёсат кордор ҳастанд, кори худро кунанд. Аммо баъзе сурудҳое ҳаст, ки мо метавонем одамро чӣ қадар ба роҳи нек барем. Масалан, дар ҳамон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ман бо бародаронам сурдеро бар шеъри устод Рӯдакӣ – “Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт” сароидем. Мо бо ин шеъри Рӯдакӣ ба сулҳу дӯстӣ даъват кардем. Қувваи суруд бисёр бузург аст.

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед аз ҳунар, аз хидматҳои шумо қадрдонии шоиста шуд? Яъне дар сатҳе, ки арзанда будед, шуд?

Баҳодур Неъмат: Унвони баландтарин барои ҳунарманд ин “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” аст. Аз ин баландтараш нест. Ҳамин унвони баландро дорам, шукргузорам. Ин унвонро президенти муҳтарам, шахсан худашон ташаббус карданд ва пешниҳод карданд, ки ба ман ин унвон дода шавад.

Радиои Озодӣ: Суҳбати хубе шуд, ман суҳбатро ба поён намебарам, вақте шумо ҳастед ва суруди шумо, ки анҷомбахши маҳфилҳост. Бо як порча аз ин суруд, хатм кунем.

Баҳодур Неъмат: Талху ширинист андар ҷоми шаб,

Ин хӯрад май, он хӯрад хуни ҷигар.

То чӣ гӯяд субҳ андар гӯши мо,

То ки бошем зинда то субҳи дигар.

Шаб ба хайр, эй ҳамдиёрон, шаб ба хайр,

Шаб ба хайр, эй ҳамзамонон, шаб ба хайр!

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG