Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салла ва куртаи дароз. Либоси Толибон барои мактабхонҳо дар Афғонистон


Либоси мактабии Толибонро дидаед? Агар не, инҷо бубинед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Салла ва куртаи дароз. Либоси ҳатмӣ барои писарони мактабхон дар Афғонистон. Пештар фақат онҳое чунин либос мепӯшиданд, ки дар мадрасаҳои динӣ мехонданд. Ҳоло муҳассилини тамоми мактабҳои давлатӣ ва шахсӣ дар ин кишвар маҷбуранд, бо саллаву куртаи дароз ба дарс ҳозир шаванд.

Амри Толибон дар ин бора оғози соли нави таҳсил ё моҳи март содир шуда буд ва ҳоло талаби иҷрои ин фармон дар аксар мактабҳо сахттар шудааст. Хонандагоне, ки бо либоси ғайр ба дарс меоянд, берун карда мешаванд.

Зубайр Аҳмад Зокримал, масъули Идораи маорифи Қандаҳор мегӯяд, ки ин амри раҳбари ин гурӯҳ Ҳайбатулло Охунзода аст, ки гуфтааст, мактаббачаҳо бояд аз дигар бачаҳои кӯча фарқ кунанд.

"Барои ҳамин, пеш аз Ид фармон дода шуд, ки хонандагони аз синфи як то 9 бояд либоси кабуду кулоҳи сафед ва синфҳои 9 то 12 либоси сафед пӯшанду салла ба сар кунанд. Ҳадаф ин аст, ки хонандагон аз касоне, ки таҳсил намекунанд, фарқ карда шаванд",-афзуд ӯ

Вазорати омӯзиши Толибон коҳиши нобаробарии иҷтимоӣ ва тарғиби либоси исломиро аз сабабҳои дигари ҷорӣ шудани либоси ягона барои писарон номидааст. Дар қарори Вазорат омадааст, ки "ислом меъёрҳои ҳаё ва иззатро дар мавриди либос ҳифз мекунад ва пӯшиши исломӣ шахсияти зану марди мусалмонро муайян мекунад".

Тасмими ҳатмӣ шудани салла ва куртаи дароз барои мактаббачаҳо баҳсбарангез шудааст. Дар маркази Кобул бархе аз хонандаҳо дар мактаб салла баста, аммо баробари берун шудан, онро дар ҷузвдон мегузоранд.

Либоси мактабии Толибонро дидаед? Агар не, инҷо бубинед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Носир Аҳмади 13-сола, хонандаи як мактаб аз Ҳирот мегӯяд, дар оғози таҳсил кам касе чунин либос мепӯшид, аммо ҳоло маҷбуранд, чун пулиси ахлоқ ба мактабҳо омада, тафтиш мекунад.

Вале, Маҳмуд, хонандаи синфи 10 мегӯяд, хушҳол аст, ки чунин либос мепӯшад. "Хеле шодам, ки онҳо барои мо ин либоси паёмабариро интихоб карданд. Бояд байни хонандаи мактаб ва дигарон фарқ бошад. То одам донад, ки кӣ мактаббача ҳасту, кӣ шахси оддӣ. Мо воқеан хушҳолем", -афзуд Маҳмуд.

Муҳаммад Валӣ, хонандаи синфи 12 мегӯяд, "аз синфи 9 то 12 мо курта ва саллаи сафед мебандем. Ин салла ҷузъе аз суннат аст, ва бо куртаи сафед, мо аз дигарон фарқ мекунем. Байни як одами кӯча ва хонандаи мактаб бояд фарқ бошад. Бо ин куртаи сафед моро чун хонанда мешиносанд. Ин суннат аст, ки барои мо ҷорӣ шудааст".

Маҳмуд ва Муҳаммад дар мактаби Маҳдуди Тарзии вилояти Қандаҳор -- пойтахти дувуми Толибон таҳсил мекунанд. Масъулини ин мактаб мегӯянд, инҷо фармони либоси ҳатмӣ риоя мешавад.

Ба гуфтаи Муҳибулло, омӯзгори мактаби миёнаи Маҳмуд Тарзӣ, ҳарчанд аксари хонандаҳо ҳанӯз ин либосро қабул надоранд, аммо бархеҳо, махсусан дар мактаби онҳо аллакай чунин либос мепӯшанд. "Хонандаҳо аз либоси ягонаи нав розиянд ва мегӯянд, ки бояд байни муҳассили мактаб ва дигарон тафовут бошад. Ҳадаф ҳамин аст",-мегӯяд ӯ.

То бозгашти Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон, дар муҳити илмӣ ва мактабҳо кам касеро бо либоси анъанавӣ ё шалвору камиз ва салла дидан мумкин буд, аммо ҳоло дар кӯчаҳои Кобул ва дигар минтақаҳо шеваи либоспӯшӣ якранг шуда, аксари мардон шим ё шалвори васеъ ва куртаи дароз доранд.

Бо амри раҳбари Толибон мактабхонҳои то 15-сола бояд шалвор камиз ё куртаи дароз ва шими васеи кабуд пӯшанду дар сар кулоҳ гузоранд. Бачаҳои сини болотар бояд либоси сафед ва салла банданд.

Духтарони хурдсоли мактабхон бояд куртаи дарози сиёҳ бо поҷома ва рӯйсарии сафед кунанд. Аммо баъди хатми синфи ибтидоӣ, таҳсили онҳо дар мактабҳои ғайридинӣ манъ аст.

Омӯзгорон ва раҳбарони мактабҳо ҳам, дастур гирифтаанд, костюм ва гарданбанду либоси расмии худро ба шалвор камиз ва саллаи сиёҳ иваз кунан, вале бархе мухолифи ин тасмиманд.

Як омӯзгор ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, харҷи 1000 афғонӣ барои либоси ягона он ҳам дар кишваре, ки ба иттилои СММ 85 дарсади аҳолияш бо камтар аз як доллар дар як рӯз зиндагӣ мекунанд, хеле сахт аст.

Ҳатмӣ шудани салла ва либоси ягона барои мактаббачаҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки аксари донишомӯзон онҷо дар мактабҳои фарсуда ва бо имкониятҳои бисёр маҳдуд таҳсил мекунанд.

Дар бархе аз ноҳияҳои дурдаст, хонандагон баъзан дар ҳавои боз, зери сояи дарахтон дарс мехонанд. Вале бо ин ҳама ба гуфтаи бисёре аз омӯзгорону хонандагон, онҳо наметавонанд аз амри раҳбари Толибон саркашӣ кунанд ва чорае ҷуз бастани салаву пӯшидани куртаи дарозро надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG