Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон дар ду соли ахир ба наздики 100 дархости шӯроҳои дифои рисолаҳои илмӣ посухи рад дода, аз додани дараҷаҳои илмӣ худдорӣ кардааст.
Рӯйхати ин афроде, ки рисолаи номзадию докторӣ дифоъ кардаанд, вале посухи рад гирифтаанд, дар вебсайти ин ниҳод нашр шудааст. Дар пайи ошкор шудани нуқсони зиёд дар корҳои илмӣ, ин ниҳод фаъолияти беш аз 10 шӯрои дифои рисолаҳои илмиро қатъ кардааст.
Сайфидин Давлатзода, раиси ин Комиссия дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ, гуфт аксари ин корҳо барои иҷро нашудани талаботи навиштани корҳои илмӣ ва тартиби додани дараҷаҳои илмӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, надоштани арзиши илмиву таҳқиқӣ рад ва бозхонд шудаанд.
Ба шуморе аз муаллифони ин рисолаҳо додани дараҷаи илмӣ комилан рад шуда, теъдодеро ҳам барои бознависӣ ва ҳимояи такрорӣ бозпас гардонидаанд.
Ба гуфтаи Сайфиддин Давлатзода, фарқи "бозхонд шудани рисола аз рад шудани додани дараҷаи илмӣ ин аст, ки муаллиф камбуду норасоиҳоеро, ки коршиносони мо ошкор кардаанд, ислоҳ, такмил ва бознигарӣ карда, бидуни тағйир додани номи мавзуъ ва роҳбари илмӣ, дигарбора дифоъ мекунад. Аммо онҳое, ки рад шудаанд, бояд мавзӯи нав интихоб кунанду таҳқиқи тоза намоянд".
Субҳон Аъзамзод, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, яке аз довталабонест, ки рисолаи докториаш дар мавзуи "Афкори адабии тоҷикӣ дар охири садаи XIX - нимаи аввали садаи XX" барои дифои такрорӣ бозхонд шудааст. Ин донишманд мегӯяд, Шӯрои экспертии Комиссияи олии аттестатсионӣ ӯро даъват карда ва гуфтаанд, ки дар яке аз фаслҳои кори илмияш дидгоҳҳои патуркистӣ мавҷуд аст ва бояд аз баҳри он гузарад.
"Дар маҷлиси шӯрои экспертӣ ба ман гуфтанд, ки дар мавриди равишмандӣ, арзиш ва тахассусмандии рисолаи шумо шаку шубҳа ва муаммое нест. Вале гӯё як фасли рисолаи доктории ман оҳанги пантуркистӣ дораду маро пантуркист мебарорад. Мане, ки як умр зидди пантуркизм мақолаҳо навиштаам, аз ин чиз ҳайрон шудам. Дар як фасли боби аввали кор, дар бахши "Сарчашмаҳои афкори адабии интиқодии тоҷикӣ" ман баррасиҳо дорам, ки ин баррасиҳоро, тақрибан 10 сол боз пайгирӣ мекунаму мақолаҳо навиштаам, ки касе маро пантуркист нагуфтааст".
Ин устоди Донишгоҳи Хуҷанд мегӯяд, ҳоло танҳо пас аз 6 моҳ ҳақ дорад дигарбора рисолаи докторияшро барои дифоъ пешниҳод кунад.
Шумораи рисолаҳои илмие, ки комиссия ба муаллифонашон дараҷаи илмӣ додааст, дар ду соли ахир наздик ба 180 адад аст. Ҳарчанд ин шумора аз теъдоди корҳои илмии рад ва бозхондшуда зиёд аст, вале масъалаи асардуздӣ ва камарзиш будани корҳои илмӣ солҳои ахир дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои доғ аст.
Профессор Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раиси ҷумҳур дар масъалаҳои робита бо ҷомеа, яке аз далелҳои ин дарҳамбарҳамиро "зиёд ва нозарур будани баъзе аз шӯроҳои ҳимоя" медонад.
"Теъдоди шӯроҳои диссертатсионии Тоҷикистон тақрибан ба 100 адад наздик шудааст. Албатта ин дар ҳама соҳаҳои илм. Ман тасаввур карда наметавонам, ки барои Тоҷикистон, ки тақрибан 10 миллион аҳолӣ дорад ва мардуми ба соҳаи илм, ба соҳаи таълим машғулбудаи он шояд дар ҳудуди 15-20 фоизи аҳолиро ташкил диҳанд, ин миқдор шӯрои диссертатсионӣ чӣ зарурат дорад?"
Ба ҷуз кам кардани шумораи шӯроҳои дифоъ, аз назари Иброҳим Усмонов, ҳамчунин бояд баъзе аз шӯроҳоро муттаҳид карда, ба масъалаи фасод дар навиштани корҳои илмӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад ва доштани дараҷаву унвони илмӣ ба хотири обрӯ ва мансабгирӣ набошад.
Ба гуфти раиси Комиссияи олии атестатсионӣ, солҳои ахир ҳарчанд ҳолатҳои асардуздӣ коҳиш ёфтааст, вале "дар миёни 50 кори илмӣ ҳатман дар 4-5 рисола, асардуздӣ ошкор мешавад".
Солҳои ахир, пойгоҳи таҳқиқотии мустақили "Диссернет" дар Маскав мавридҳои асардуздии 150 олими тоҷик, аз ҷумла, дар миёни мақомоти кишварро ошкор кард.
Дар пайи ин президент Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқоти вижа бо кормандони бахши илму маориф дар соли 2024 аз ин мавридҳо сахт интиқод кард ва дастури пешгирӣ аз ин корҳоро дод. Вале асардуздӣ ва фасод дар ин соҳа аз мушкилоти рақами аввал боқӣ мемонад.
Бино ба таъкиди раисҷумҳури Тоҷикистон "аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионӣ барои ислоҳи вазъ ва пешгирии чунин амалҳои номатлуб чораҳои муассир андешида намешаванд. Баръакс, ҳолатҳои ҳимоя намудани олимони асардузд ва рӯйпӯш кардани кирдори онҳо ҷой доранд".
Ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 6000 тан дараҷаи илмӣ доранд, ки тақрибан 900 нафари онҳо доктори илм мебошанд.
Гуфтугӯ