Аммо Хуршед Мирзо, раиси Оҷонсии навоварӣ ва технологияҳои рақамӣ фирори чунин мутахассисон аз Тоҷикистонро мояи нигаронӣ намедонад.
"Ин иқтисоди бозаргонӣ аст. Мо дар иқтисоди бозории озоду дунявӣ қарор дорем, кӣ куҷо меравад, фикр мекунам озод аст",-мегӯяд Хуршед Мирзо.
Ин раҳбари Оҷонсӣ, ки амалӣ кардани тарҳи ҳукумати электронӣ ба дӯшаш аст, мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳам "IT Park"-и худро фаъол кардааст, ки ҳатто ҷавонони тоҷик аз Маскав омада, кор мекунанд.
Маоши паст, қонунгузории нокомил, шароити начандон мусоиди кор, фароҳам набудани имкониятҳои рушд ва суръати сифати баду гаронии нархи интернет, аз сабабҳои тарки кишвар кардани бархе аз мутахассисони варзидаи фановариҳои иттилоотӣ номида мешаванд. Аммо Хуршед Мирзо мегӯяд, сифат, суръат ва харҷи интернет дар Тоҷикистон кормандони ниҳоди ӯро қонеъ мекунад.
"Бале, барои татбиқи ҳукумати электронӣ, интернети зиёд лозим нест. Зеро мо ҳамаи маълумотҳоро омода карда истодаем, аллакай дар махзанҳои махсус дар назди агентӣ пурра омода кардем, аз дохил истифода мешаванд. Барои татбиқи ҳукумати электронӣ, зарурат ба интернети баландсуръат нест",-иддао дорад роҳбари Оҷонсӣ.
Қаноатмандии Хуршед Мирзо аз суръат, сифат ва арзиши интернет дар ҳолест, ки моҳи апрели имсол дар радабандии ширкати Speedtest Global Index, Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети сабтшуда (ноқилӣ) миёни 155 кишвар зинаи 117-умро касб кардааст. Тибқи ин раддабандӣ, суръати миёнаи боргузорӣ 36,96 Мбит/с-ро ташкил додааст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонии 98,3 Мбит/с, камтар аст.
Оҷонсии навоварӣ ва технологияҳои рақамӣ мегӯяд, ки ҳадаф доранд дар 10-соли оянда татбиқи ҳукумати электронӣ дар кишварро тамом кунанд. Ин дар ҳолест, ки амнияти кибернетикӣ дар Тоҷикистон қавӣ нест ва борҳо сомонаҳои зиёд аз тарафи рахнагарони интернетӣ ба осонӣ шикаста шудаанд.
Аммо Хуршед Мирзо мегӯяд, акнун барои таъмини амнияти кибернетикии торнамоҳои давлатӣ, маркази вижае таъсис додаанд, ки барои таъмини ҳифзи маълумот ва амнияти иттилоотӣ кор мекунад.
То куҷо кори ин марказ бонатиҷа аст, маълум нест ва истифодаи ҳуши маснуӣ аз тарафи рахнагарон, амнияти интернетиро дар саросари ҷаҳон зери хатари азим қарор додааст.
Раиси Оҷонсии навоварӣ ва технологияҳои рақамӣ гуфт, бовар дорад, ки рушди интернетӣ дар Тоҷикистон ба зудӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ низ хоҳад расид.
Гуфтугӯ