Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусони зиндонҳои Тоҷикистон чӣ кор мекунанд ва чанд пул мегиранд?


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Бино ба маълумоте, ки Радиои Озодӣ аз як манбаи наздик ба идораи зиндонҳо ба даст овард, ҳоло маҳбусони зиндонҳои гуногуни Тоҷикистон дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хоруғ, сохтмони роҳҳои канори Душанбе ва вилояти Суғд машғули коранд.

Ҳикмат Яъқубов, ки моҳи декабри соли 2024 аз зиндон раҳо шуд, бо худ ду диплом низ берун овард. Ин сокини шаҳри Турсунзода қабл аз зиндонӣ шудан, тахассусе надошт ва дар деҳа трактор меронд. Аммо дар маҳбас литсейи касбомӯзӣ роҳандозӣ мешавад, ки Ҳикмат дар риштаҳои устои барқ ва кафшергарӣ таҳсил мекунад.

“Дар маҳбас аз рӯи ин ихтисосҳо кор мекардам. Ҳарчанд барои устои барқ кор кам буд, аммо барои кафшергарӣ кори зиёд буд. Аз маориф, аз мактабҳо барои сохтани партаву мизу курсиҳо фармоиш зиёд буд”, - мегӯяд маҳбуси собиқ.

Ҳикмат барои анҷоми ин корҳо дар зиндон маоши зиёд намегирифт, аммо Фаридун, зиндонии дигар мегӯяд, кор мекунад ва маоши хубе ҳам мегирад. Аз муҳлати ҷазои Фаридун (ном тағйир дода шудааст) ҳафт моҳи дигар мондааст, вале ӯ ҳоло якҷо бо маҳбусони дигар дар сохтмони шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Хоруғ кор мекунанд.

Касе хоҳад, дар зиндон ҳам касбу ҳунаре хоҳад омӯхт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

“Ин ҷо назар ба маҳбас сад бор, миллион бор хуб аст. Маоши хуб дорем, дар моҳ то 1800 сомонӣ мешавад, ки бароямон корт кушодаанд ва пул ба корт мегузарад. Дар як моҳ 25 рӯз кор мекунем ва 5 рӯз ҳам ҷавоб медиҳанд хона меравем. Кор ҳам зиёд вазнин нест, бетонрезӣ, деворбандӣ ва ҳамин гуна корҳо”, - мегӯяд Фаридун.

Бар хилофи гуфтаҳои Фаридун, бархе маҳбусони собиқ мегӯянд, на дар ҳама зиндонҳо бар ивази корашон ба зиндониён музди кор медиҳанд.

“Вақте ман адои ҷазо мекардам, барои як моҳ музди меҳнати як зиндонӣ баробар ба 400 сомонӣ буд, аз ҳамин 400 сомонӣ аз 50 то 70 сомонияшро барои носу сигарет медоданду халос. Боқимондааш дар хазинаи зиндон меистад мегуфтанд, ки вақте адои ҷазоро буд кардӣ, дар дастат медиҳем, ки хона меравӣ”, - мегӯяд Ҷамшед маҳбусе, ки 5 сол пеш аз маҳбас озод шудааст.

Ҷамшед номи мустаори зиндонист, ки чун нахост, номи воқеиаш ошкор шавад.

Ба фаъолияти корӣ водор кардани маҳбусон таҷрибаи ҷаҳонист, аммо ба гуфтаи Дилшод, маҳбуси дигаре, ки 4 моҳ пеш аз маҳбаси маъруф ба “Якум советский”-и Душанбе раҳо шудааст, на ҳамаро дар зиндонҳои Тоҷикистон ба кор мебаранд ва ҳатто беъзеҳо барои он, ки берун аз зиндон ба кор раванд ришва медиҳанду воситабозӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ин зиндонии пешин, аз ҷумла, маҳбусоне, ки барои террроризму ифротгароӣ, ҷанг дар кишварҳои дигар ва ба ин монанд ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд, ба кор ҷалб карда намешаванд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ омори маҳбусони машғули кор ва коргоҳҳои дохили зиндонҳоро расонаӣ намекунад. Аммо чанд сол аст, ки ҳукумати Тоҷикистон иҷоза додааст, ки ин ниҳод дар тендерҳои давлатӣ ширкат кунад ва солҳост, ки коргоҳҳои дӯзандагии дохили зиндонҳои Тоҷикистон бархе аз либоси хидматии артиш, мақомоти дигар ва мизу курсиҳои мактабҳоро омода мекунанд. Ҳамчунин дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон чандин коргоҳ ва устохонаҳои дуредгарию мебелсозӣ фаъол аст, ки маълумот дар бораи шеваи кор ва моликони он дар дастрас нест.

Бино ба маълумоте, ки Радиои Озодӣ аз як манбаи наздик ба идораи зиндонҳо ба даст овард, ҳоло маҳбусони зиндонҳои гуногуни Тоҷикистон дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хоруғ, сохтмони роҳҳои канори Душанбе ва вилояти Суғд машғули коранд.

Бархе аз ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи рушди СММ бо сармоягузории вазорати корҳои хориҷи Канада барои тавонбахшӣ ва дар оянда соҳиби касбу кор кардани маҳбусон тарҳҳои муштаракеро низ бо ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд. Вале маълумоти кор ва фаъолияти меҳнатии маҳбусони зиндонҳои тоҷик ҳамеша аз назари расонаҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дур нигаҳ дошта мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG