Ҳафтаи гузашта, интиқоли маблағ тариқи ҳамёни ICB ё «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» ба корти бонкҳои Русия қатъ гардид. Намояндагони ин бонк чунин маҳдудиятро муваққатӣ ва сабабро техникӣ арзёбӣ карданд, вале аз шарҳи бештар худдорӣ намуданд.
Дар “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” таъсири таҳримҳоро ба чунин маҳдудият расман тасдиқ накарданд, вале як мақомдори ин бонк гуфт, мушкил ба таҳримҳои Аврупо бар зидди бонкҳои Русия рабт дорад ва дар пай чунин таҳримҳо масъалаи техникӣ низ пеш омадааст. Дар суҳбати бидуни микрафон гуфтанд, маҳдудият танҳо ба ирсоли маблағ аз Тоҷикистон ба Русия дахл дорад».
Баъзе аз муштариён бонк мехоҳанд мушкил зудтар ҳал шавад. “Ман муштарии ICB бонк ҳастам, ба ман паёмак омад, ки аз сеюми ноябр муваққатан равон кардани пул ба Русия тавассути кортҳо ва ҳамиёни мобилӣ манъ шудааст. Шояд, ки бонк дар вақтҳои наздик ҳалли ин мушкилро ёбад, чунки дар Федератсияи Русия бисёр муҳоҷирони тоҷик ҳастанд, ҳамватанон бисёр ҳастанд барои кору фаъолияту хондан рафтагиянд”- гуфт, Умеда Давлатова, сокини шаҳри Душанбе.
“Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” дар ҳоле аз ин мушкил хабар дод, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро ҳам ба руйхати таҳримҳо шомил намудааст. Дар ин се бонк аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.
Баҳром Шарипов, коршиноси масоили бонкӣ гуфт, таҳримҳо ба вазъи бонкҳо метавонад таъсир гузорад, зеро бо қатъи амалиётҳои бонкии марбут ба кишварҳои аврупоӣ аз сӯи муштариён, даромади бонк ҳам кам хоҳад шуд. Вай афзуд: “Ин як намуди хавфҳои эътиборӣ аст нисбати низоми бонкӣ, нисбати иқтисодиёти миллӣ, ки эҳтиёт кунанд, пешгирӣ кунанд, дар доираи ҳамон талаботҳое, ки ба дигар давлатҳо пешбинӣ мешавад, инро ҳам эҳтиёт кунанд ва чанде аз амалиётҳои бонкӣ худдорӣ кунанд”.
Иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев назари дигар дорад. Ба андешаи вай аз таҳрим ҳарду ҷониб зарар хоҳад дид. “Тарафи таҳрим эълонкарда худ зарар мебинад. Яъне он бонкҳо ва он сармоягузориҳое, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ кардаанд онҳо ба ҳар гуна мушкилу монеаҳо дар Тоҷикистону Аврупо акнун дучор мешаванд”- гуфт, вай.
Дар пай эълони чунин таҳримҳо Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, пайомадҳои таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба зидди се бонки тиҷоратии кишварро меомӯзад ва барои кам кардани оқибатҳои манфии он "бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.”
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон вазъро мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, барои коҳиш додани паёмадҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Маълум нест мақомот дар ҳамкорӣ бо шарикони аврупоии худ то куҷо метавонанд ин мушкилро ҳал кунанд. Ҳарчанд намояндагони бонкҳо мегӯянд, ҳоло корашон мисли пештара идома дорад, бархе коршиносон бар инанд, ки дар сурати дароз идома ёфтани чунин таҳримҳо он метавонад ба низоми бонкии кишвар бештар таъсир гузорад.
Гуфтугӯ