Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баъди 3 моҳ бояд бармегашт". Як маҳбуси тоҷик дар ҷанги зидди Украина бедарак шудааст


Ҷаҳонгир Пӯлодов, як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги зидди Украина бедарак шудааст.

Ба гуфтаи наздиконаш, Ҷаҳонгири 32-соларо ҳангоми адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии вилояти Владимир ба сафи нерӯҳои Русия ҷалб карда, аз онҷо ба ҷанг дар зидди Украина равон карданд. Ӯ мебоист баъд аз се моҳ ба ватан бармегашт.

Манучеҳр Пӯлодов, бародари зиндонии гумшуда гуфт, "ман ба фармондеҳаш занг задам, гуфтанд, ки ҳеч кӯмаке карда наметавонем ва ягон маълумоте надорем. Ба вазорати мудофиаи ин кишвар занг задам, онҳо ҳам гуфтанд, ки бе ному нишон гум шудааст".

Манучеҳр нақл кард, ки то анҷоми мӯҳлати ҷазои бародараш ҳамагӣ се моҳ монда буд ва ӯ мебоист моҳи октябр озод мешуд.

Аммо охири моҳи июл Ҷаҳонгир ба онҳо занг зада, хабар додааст, ки маҷбур шуд, шартномаро имзо кунад. Манучеҳр бовар дорад, ки бародарашро маҷбурӣ ва зери шиканҷа ба ҷанг бурдаанд. Ӯ мегӯяд, дар яке аз тамосҳо Ҷаҳонгир ашки чашмашро дошта натавониста, ба ин кор иқрор гаштааст.

Дар яке аз паёмҳои видеоиаш Ҷаҳонгир Пулодов гуфтааст, ки дар як машқгоҳ (полигон) қарор дорад ва тамос дар ин ҷо мушкил аст.

Ҷаҳонгир Пӯлодов: Субҳ соати 4 баромадем, то ҳол роҳ меравем. Гуфтанд, шояд соатҳои 12 ба "хона" баргардем. Ҳамин тавр дар ин полигон саргардонем. Дар ин ҷо алоқа хеле бад аст, бародар. Ту менависӣ-менависӣ, аммо ман ҷавоб дода наметавонам, чун дар полигон тамос қатъ мешавад. Ба болои теппа мебароем - каме меояд, поён мефароем - тамоман нопадид мешавад. Ҳамин хел вазъ".

Як зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина нопадид шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Дар паёми охирини видеоӣ ӯ ба бародараш хабар додааст, ки рӯзҳои наздик онҳоро ба ҷанг ворид мекунанд.

Ҷаҳонгир Пулодов: Бародар, ман ба ту нисфирӯзӣ хабар медиҳам. Эҳтимол 9 ё 10-ум равон кунанд. Хулоса, ҳеҷ кас чизро намедонад, ман ба ту баъд аниқ мегӯям. Ҳозир мо мегардем, ҳамин кору вазифаҳои навро меомӯзем…"

Ба гуфтаи Манучеҳр, бародараш ба қисми низомии 11-740 фиристода шуда буд, ки ба бригадаи мотопиёдагардии 164-ум тааллуқ дорад. Кори ин қисм ҳамла будааст. Бародари Ҷаҳонгир ҳадс мезанад, ки шояд вай дар ҷанг захмӣ шуда бошад, зеро ҳамаи талошҳояш барои дарёфти маълумот нисбати ӯ бенатиҷа будаанд.

Манучеҳр Пулодов: Ҳамхизматҳояш мегӯянд, ки панҷ нафари онҳоро барои вазифа равон карда буданд, чор нафари ҳамхидматонашон баргаштанд, ҳамаи онҳо тоҷик будаанд. Ба ман нақл карданд, ки гӯё ба Ҷаҳонгир дрон (паҳбод) ҳамла кардааст. Ӯ афтидаасту ҳамхидматаш ратсияи ӯро гирифтаст. Баъд аз чанд рӯз онҳо ба ҷойи ҳодиса баргашта диданд, ки на ҷасаду на устухоне аз вай намонда буд.

Шумори дақиқи тоҷикистониёне, ки аз тарафи Русия дар ҷанги зидди Украина иштирок мекунанд, нашр намешавад. Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон, дар моҳи август гуфта буд, ки чунин омор "мавҷуд нест".

Вале тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи соли ҷорӣ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд.

Ҳамин тарҳ дар моҳи сентябр рӯйхати 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Бо вуҷуди он ки ширкат дар ҷангҳои бегона дар Тоҷикистон ҷазо дорад, то ҳол дар ин робита ягон парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG