Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути муҳоҷиронро киҳо ва чӣ тавр ба ватани худ меоранд?


Миллионҳо нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели бекорӣ ва маоши ночиз роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд. Ҳамасола ҳазорҳо нафар бо сабабҳои гуногун дар кишвари мусофират ва дур аз наздиконашон ҷон медиҳанд.

Ба ватан овардани тобути муҳоҷирон аз як раванди душвор иборат аст ва на ҳамеша ин кор аз ҳисоби давлат карда мешавад. Вақте муроҷиати муҳоҷирон ба намояндагии кишварҳои худ барои интиқоли тобути ҳамватанашон натиҷа намедиҳад, онҳо бо пули худ ин корро мекунанд ва ё маҷбур мешаванд, ҳамватанонашонро дар қабристони кишварҳои дигар ба хок супоранд.

Тоҷикистон: муҳоҷирон “бунёди кӯмак” ташкил кардаанд.

Ҷамила Нурзод, барои дарёфти кор ва рӯзии хонаводааш аз Тоҷикистон ба Русия рафта буд. Вай аз шавҳар ҷудо шуда, ба танҳоӣ зиндагии худу ягона фарзандашро пеш мебурд. Писарашро дар ватан монду ба Русия рафт. 21-уми декабр, чун маъмул бо гирифтани фармоиш, барои тамизкорӣ ё тоза кардани хонаи муштарии навбатӣ рафт. Хона хеле номураттаб ва ифлос буд ва Ҷамила корро қабул накард. Соҳибхона, ки сокини Маскав буд, ӯро бераҳмона кушта, хонаро оташ зад ва худаш пинҳон шуд.

Баъди омадани мошинҳои сӯхторхомушкунӣ Ҷамиларо бо ҷароҳатҳои зиёд дар қисмати сар ва синааш пайдову ба беморхона интиқол доданд, аммо ӯро наҷот дода натавонистанд.

Гумонбар дар марги ӯ, Владимир Упадишев боздошт шуд. Ҳафтуми октябр, ҷасади зани ҷавонро ба зодгоҳаш, шаҳри Ваҳдат оварданд. Зане, ки бо Ҷамила дар Маскав дар як хонаи иҷора зиндагӣ мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бечора, ният дошт барои овардани писараш ба Тоҷикистон биравад. Вале ба ҷойи ин ҷисми сардашро ба ватан оварданд.”

Ҷамилаи Нурзод, муҳоҷири тоҷик
Ҷамилаи Нурзод, муҳоҷири тоҷик

Барои интиқоли ҷасади Ҷамилаи Нурзод, наздикону шиносҳои ӯ дар Русия маблағ ҷамъ оварданд. Муҳоҷирони дигар ҳам ба онҳо ёрӣ расонданд. Маъракаи ҷамъоварии пул барои фиристодани пайкараи зани муҳоҷир чанд рӯз давом кард ва дар ин муддат ҷасад дар сардхона нигаҳ дошта мешуд.

Ҳамасола садҳо муҳоҷири тоҷик ба далели беморӣ, тасодуф ва ё кӯштор дур аз ватану наздикон ҷон медиҳанд. Дар шаш моҳи соли равон аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 600 тобут оварданд.

Бархе аз мусоҳибони Азатиқ Азия мегӯянд, дар Тоҷикистон тибқи қарори ҳуқумат харҷи интиқоли ҷасади муҳоҷирон бояд аз ҳисоби давлат пардохт шавад. Вале матни ин санад дар манбаъҳои боз дастрас нест.

Ҳукумати Тоҷикистон барои интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирон пул ҷудо мекунад. Аз соли 2008 ширкати “Тоҷик Эйр” ва аз соли 2009 ширкати “Somon air” вазифадор шуданд, ки тобути 200 ё пайкараи муҳоҷирон дар берун аз кишвар ҷонбохта ройгон ба ватан оварда шавад.

Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои интиқоли пайкараи муҳоҷирон ва иҷрои маросими ҷаноза то 30-33 ҳазор рубл харҷ мешавад. Фиристодани ҷасади муҳоҷирон бо ҳавопаймои ширкатҳои русӣ дар маҷмӯъ 63 ҳазор рублро ташкил медодааст.

Лаҳзаи ба ватан овардани тобути Ҳувайдо, кӯдаке, ки дар Русия кушта шуд. Июли соли 2018
Лаҳзаи ба ватан овардани тобути Ҳувайдо, кӯдаке, ки дар Русия кушта шуд. Июли соли 2018

Бархе аз тоҷикистониҳоро дар қабристонҳои хориҷи кишвар ба хок месупоранд, вале дар аксар ҳолат наздикони онҳо то охир барои овардани пайкара ба ватан, талош мекунанд. Мусоҳибони мо мегӯянд, дар бисёр ҳолатҳо тобути муҳоҷирон фавтида аз ҳисоби “бунёди кӯмакҳо” ё пуле, ки аз ҳисоби худи муҳоҷирон ҷамъоварӣ мешавад ба ватан интиқол меёбад.

Узбекистон: "Дар сафорат гуфтанд, ки кӯмаке карда наметавонанд ва гӯширо партофтанд."

Бо вуҷуди рукуди иқтисод дар пайи таҳримҳои ғарб ва афзоиши нигоҳҳои нажодпарастона, Русия ҳамоно барои зодаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ як масири асосии муҳоҷират боқӣ мемонад. Ҳарчанд солҳои ахир таваҷҷӯҳ ба кишварҳои дигар ҳам бештар мешавад, аз ҷумла ба Туркия. Дини муштарак ва шабоҳати забонҳои туркӣ муҳоҷирони зиёдеро махсусан аз Узбекистон ба ин кишвар ҷалб мекунад.

Ҳамасола ҳазорҳо шаҳрванди Узбекистон дар ҷустуҷӯйи кор ба Туркия мераванд. Аммо ин кишвар махсусан барои занҳо чандон бехатар нест. Солҳои ахир чандин ҳодисаи бо фоҷеа анҷом ёфтани сафари занони узбекистонӣ ба Туркия расонаӣ шудааст. Моҳи август расонаҳои Туркия аз қатли бераҳмонаи як зани узбек дар Истамбул хабар доданд. Дар пайи як муноқиша бар асари рашк, шавҳари зан, ки шаҳрванди Туркия будааст, ӯро бо корд ба қатл мерасонад.

Нодира Қурбоноваи 23-сола аз Узбекистон дар хонаи як депутат дар Анқара кор мекард. Соли 2019 аз таппончаи соҳибхона тир хӯрда, ба ҳалокат расид. Дертар гуфтанд, духтар худкушӣ кардааст.
Нодира Қурбоноваи 23-сола аз Узбекистон дар хонаи як депутат дар Анқара кор мекард. Соли 2019 аз таппончаи соҳибхона тир хӯрда, ба ҳалокат расид. Дертар гуфтанд, духтар худкушӣ кардааст.

21-уми сентября соли равон дар шаҳри Истамбул як зани дигари узбекистонӣ кушта шуд. Ӯ, ки 36 сол доштааст, чанд рӯз бо хонаводааш тамос намегирад ва онҳо ба пулис муроҷиат мекунанд. Занро дар хонаи иҷора бо гардани бурида пайдо мекунанд.

Чанде пеш аз ин дар шаҳри Айдини Туркия як зани 35 солаи узбекистонӣ кушта шуд. Вай дар як тарабхона чун пешхидмат кор мекардааст. Аз сараш тир хурда дар ҷойи ҳодиса фавтидааст. Бархе аз занони дигари муҳоҷир бар асари беморӣ дар ин кишвар ва дур аз фарзандон ҷон додаанд. Ҷасади Малика модари ду фарзандро соли гузашта аз як хона дар Измир пайдо карданд. Ӯ рӯзона кор ва шабона як бемори солмандро нигоҳубин мекард ва бар асари сактаи қалб ҷон додааст.

Қиссаи ин занро Озода Исломова, раҳбари ҷамъиятӣ “ҳимоя аз ҳуқуқи занони узбек” нақл кард. Бо кӯмаки ин созмон тайи чанд соли ахир тобути тақрибан даҳ зани узбекистонӣ ба ватан фиристода шудааст.

Озода Исломова
Озода Исломова

"Дар миёни онҳо духтарони хеле ҷавон ҳам буданд. Ин дарди мо аст. Ҳангоми интиқоли пайкараи Малика ба ватан барои омода кардани санадҳо ба мо консулгарии Узбекистон дар Истамбул кӯмак кард. Пас аз муроҷиати дастаҷамъонаи мо ширкате, ки маросими ҷанозаро ташкил мекунад каме тахфиф кард, дар натиҷа харҷи интиқоли ҷасад ба Узбекистон 1200 доллар шуд” - афзуд, Озода Исломова.

Дар давраи раҳбарии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, мавзӯи муҳоҷирати корӣ дар ин кишвар ошкорро баррасӣ намешуд. Ҳарчанд пули муҳоҷирон дар иқтисоди Узбекистон нақши чашмрасе дошт, худи муҳоҷиронро Каримов “тамбал” мехонду таҳқир мекард.

Барои интиқоли ҷасади муҳоҷирон ба ватан ҳам ҳукумат ёрӣ намекард ва дар бисёр маврид наздикону дӯстони афроди фавтида ин мушкилро ба танҳоӣ ҳал мекарданд.

Бо омадани Шавқат Мирзиёев ба сари қудрат дар Узбекистон муносибати мақомот бо муҳоҷирон тағйир ёфт. Дар назди Девони вазирон Оҷонсӣ оид ба муҳоҷирати берунӣ таъсис ёфт ва ҳукумат нақши муҳоҷиронро ба иқтисод эътироф кард. Дар пасманзари афзоиши руҳияи нажодпарастӣ дар Русия, Оҷонсӣ роҳҳои дигари муҳоҷиратро ҷустуҷӯ дорад. Барои таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои муваққатии корӣ ин ниҳод ҳоло бо кишварҳои аврупоӣ гуфтушунид мекунад.

Моҳи апрели соли равон ҳукумати Узбекистон қарореро қабул кард, ки бар асоси он давлат харҷи интиқол ва гуручӯби муҳоҷиронро пурра ба уҳда мегирад. Шурӯъ аз соли равон ҷамъоварии маблағ аз муҳоҷирон барои фиристодани пайкараи узбекистониҳо ба ватан қатъ шуд.

Вобаста аз кишварҳо хароҷот барои интиқоли тобутҳо аз 1000 доллар (Русия) то 1200-1300 доллар (Туркия) ва 9000 доллар (Куриё, Ҷопон)-ро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Консулгарии Узбекистон дар Истамбул аз оғози соли равон ҳукумати кишвар 43 тобути узбекистониҳоро, ки дар Туркия ба таври ғайрирасмӣ кор мекарданд ба ватан интиқол додааст.

“Кӯмаки ҳукумат барои фиристодани тобути шаҳрвандони кишвар солҳои ахир як таҳаввулоти мусбат аст. Вале ин метавонад ба захираҳои иқтисодӣ мушкил орад. Зеро Узбекистон аз ҷиҳати шумори аҳолӣ, калонтарин кишвари Осиёи Марказӣ аст ва теъдоди шахсоне, ки дар хориҷ мефавтанд, табиист, ки зиёд аст. Вале дар ҳар сурат ин тасмими ҳукумат ҷоизи дастгирӣ аст", — гуфт, Абдураҳмон Ташанов, ҳомии ҳуқуқи узбек.

Дар Қирғизистони ҳамсоя, аз соли 2021 харҷи интиқоли ҷасади муҳоҷирон пурра бар дӯши давлат аст. Барои ин вобаста ба кишвар аз 300 то 13 ҳазор доллар ҷудо мешавад.

Ба гуфтаи Боқит Кудойбердиев, раҳбари Маркази таъмини шаҳрвандон бо кор дар хориҷ, дар тайи 8 моҳи соли равон ба Қирғизистон 327 тобут оварда шудааст. 225 тобут аз Русия будааст.

Туркманистон: "Дар консулгарӣ дар Туркия кормандони хадамоти махсус нишастаанд."

Мизони баланди бекорӣ, маоши ночиз ва болоравии нархи маводи ғизоӣ сокинони Турменистонро маҷбур мекунад, ки барои дарёфти кор ва пешбурди зиндагӣ дастаҷамъона муҳоҷират кунанд.

Дар чанд даҳсолаи ахир Туркия ягона кишвари наҷот барои садҳо ҳазор турменистонӣ буд. То соли 2022 байни ин кишварҳо низомӣ бераводид ҷорӣ буд.

Бино ба омори ғайрирасмӣ дар Туркия тақрибан миллион туркменистонӣ зиндагӣ мекунад. Аз се ду ҳиссаи онҳо афроде ҳастанд, ки санади иқомат надоранд ва будубошашон дар кишвар ғайриқонунӣ аст.

Ҳоло дигар турманистониҳо барои тамдиди мӯҳлати шиносномаи худ ҳатман бояд ба ватан баргарданд. Вале аксари онҳо бозгаштан намехоҳанд, зеро эҳтимол дорад дигар ба онҳо иҷозаи баромадан аз Турманистон дода нашавад. Аз ин рӯ аксари сокинони Туркманистон бо шиносномаҳи хориҷии кӯҳнаи худ дар Туркия мемонанд ва ин барои дарёфти кори расмӣ ба онҳо мушкил эҷод мекунад.

Ҳолатҳое ҳам расонаӣ шудааст, ки бархе аз Туркманистониҳо ба далели надоштани бимаи тиббӣ натавонистанд сари вақт кӯмаки тиббӣ бигиранд ва дар Туркия ҷон доданд. Мисли Аннагул Қосимоваи 57 сола, ки духтури кӯдакона буд ва соли 2016 барои кор ба Русия омада буд. Соли 2021 ба хунравиии мағзи сар гирифтор шуд ва аз сабабе, ки бимаи тиббӣ надошт ӯро ба вазнинхона қабул накарданд. Ҳамватанонаш бо як номаи дастаҷамъона ба консулгарии Турманистон муроҷиат карда, хостори кӯмак шуданд. Аммо натиҷа надод ва Аннагул ба ҳалокат расид.

Ӯро дар як қабристоне дар наздикии Истамбул, ҷое, ки барои ятимону оворагардон пешбинӣ шуда буд, ба хок супурданд. Маҳз дар ҳамин қисмати қабристон шумори зиёди шаҳрвандони Туркманистон дафн шудаанд.

Зодаҳои Туркманистон дар Туркия дар сӯҳбат бо бахши Азаттық.Азия гуфтанд, хеле кам шудааст, ки дипломатҳои туркман ҳангоми даргузашти шаҳрвандони худ кӯмак расонда бошанд.

Соли гузашта расонаҳо хабар доданд, ки як моҳ боз ҷасади се шаҳрванди Туркманистон дар яке аз сардхонаҳои Истамбул нигаҳдорӣ мешавад. Дертар пайкараи ду нафари оҳоро дар қабристони Килос ба хок супурданд.

Руслан Мятиев, муассис ва сармуҳаррири нашрияи мустақили Turkmen.news, мегӯяд, на ҳама намояндагиҳои дипломатии Туркманистон аз бозгардонидани ҷасади шаҳрвандони фавтида худ сарпечӣ мекунанд.

Руслан Мятиев
Руслан Мятиев

"Ҳамааш аз консулгарӣ вобастааст. Онҳо бо ҳар шева кор мекунанд. Масалан консулгарии Туркманистон дар Русия барои интиқоди тобути муҳоҷирон ёрӣ мерасонад. Дар Қазон ҳолатҳои зиёде буд, ки дипломатҳои туркман барои фиристодани ҷасади масалан, донишҷӯён ба ватан мусоидат карданд. Зеро аз Қазон ба Ишқобод парвози мустақим ҳаст. Вақте парвози мустақим нест, худи наздикони мурдаҳо маблағ ҷамъоварӣ карда ҷасадро мебаранд. Вале дар консулгарӣ дар Туркия аксаран маъмурони хадамоти махсус нишастаанд. Онҳо вазифаи дигар доранд. Таъқиб, гӯш кардани сӯҳбатҳо ва истирдоди шаҳрвандон. Масъулият консулии худро, мисли тамдиди шиноснома ё додани маълумотнома онҳо кам иҷро мекунанд.” – гуфт, Мятиев.

Вай афзуд, ки ҳукумати Туркманистон на ҷасади шаҳрвандони оддӣ ва на мухолифонро қабул намекунад. "Соли 2007 дар Маскав мухолифи маъруфи турман, Абди Кулиев, даргузашт. Хешовандонаш мехостанд пайкараи ӯро ба Ишқобод баранд, вале ҳукумат инро рад кард.” — афзуд, Руслан Мятиев.

Танҳо соли 2023 пас аз заминларзаи маргбор дар Туркия мақомоти Туркманистон барои интиқоли ҷасадҳои турманистониҳо ба ватан пурра кӯмак карданд. Ин ягона ҳолате будааст, ки Турманистон барои бурдани тобути шаҳрвандони худ, ҳавопаймо фиристода, хароҷотро пурра ба ӯҳда гирифтааст.

Қазоқистон: "Барои интиқоли ҷасад ҳукумат маблағе пешбинӣ накардааст."

Ҳукумати Қазоқистон, кишваре, ки иқтисодаш аз ҳисоби фурӯши нафту филиззот даромад дорад, солҳо боз иддао мекард, ки дар хориҷ муҳоҷири корӣ надорад.

Соли 2014 байни Остона бо Сеул, низоми бераводид ҷорӣ шуд ва ҳазорҳо қазоқистонӣ барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ рафтанд. Онҳо чун сайёҳ вориди ин кишвар шуда, дар корхонаҳои саноатӣ, сохтмону хоҷагии қишлоқ ба кор шурӯъ карданд. Дар ин ҷо даҳҳо ҳолати марги қазоқистониҳо сабт шудааст. Набуди бимаи тиббӣ ва мақоми расмӣ раванди интиқоли онҳоро ба ватан мушкил кардааст. Аксари коргарони қазоқ бе раводиди корӣ ва иҷозаи расмӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Соли 2022- дар Корея Ботир Оспанови 39-сола фавтид. Хонаводаи ӯ хабарро расонаӣ карданд ва барои бурдани тобути ӯ ба бунёдҳои хайриявӣ муроҷиат кардан. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки дипломатҳо асноди лозимиро барои интиқоли ҷасадҳо омода карданд.

"Ин мушкили наздикони фавтидаҳо аст. Барои интиқоли ҷасад ҳукумат маблағ пешбинӣ накардааст. Ҳар як шаҳрванд бояд барои худ масъулият ҳис кунад. Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст. Бинобарин ҳам дар ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳам мо ба шаҳрвандон ҳамеша таъкид мекунем, ки бимаи тиббӣ бигиранд. Вале аксарият ин корро намекунанд", — гуфт, Айбек Смадияров, намояндаи вақти Вазорати корҳои хориҷии Турмакнистон.

Бо ин ҳол муҳоҷират аз Қазоқистон ба хориҷ, падидаи оммавӣ нест. Буҷаи ин кишвар барои интиқоли тобути шаҳрвандони худ аз хориҷ ба ватан пул ҷудо намекунад. Ба гуфтаи мақомот агар муҳоҷире дар кишвари хориҷ фавтид бояд бимаи тиббӣ ҳама хароҷотро рӯйпуш кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG