Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як ҳафтаи эътирозҳо дар Эрон 16 нафар кушта шудаанд


Тазоҳурот дар Теҳрон шурӯъ шуд ва дар дигар шаҳрҳои Эрон паҳн гашт.
Тазоҳурот дар Теҳрон шурӯъ шуд ва дар дигар шаҳрҳои Эрон паҳн гашт.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон рӯзи якшанбе хабар доданд, ки дар як ҳафтаи тазоҳурот ва нооромиҳо дар Эрон камаш 16 нафар кушта шудаанд. Тазоҳуроти густурда, ки бинобар сабаби афзоиши таваррум оғоз бархост, дар саросари кишвар паҳн гашт ва ба бархӯрд миёни тазоҳургарон ва нерӯҳои амниятӣ кашид.

Дар давоми ҳафта ҳам расонаҳои давлатӣ ва ҳам гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар бораи кушташудагон ва боздоштҳо гузориш доданд, вале омори онҳо аз ҳам фарқ мекунад. Эътирозҳои нав бузургтарин тазоҳурот дар Эрон дар се соли гузашта аст. Агарчӣ дар муқоиса ба ошӯбҳои гузашта, ки Ҷумҳурии Исломиро ба ларза оварданд, хурдтар ба назар мерасанд, вале дар лаҳзаи ҳассосе сурат мегиранд. Дар замоне, ки иқтисоди Эрон аҳволи баде дорад ва фишорҳои байналмилалӣ ба кишвар афзоиш ёфтаанд.

Доналд Трамп, президенти Амрико таҳдид кард, ки агар мақомоти Эрон бо эътирозгарон зӯроварӣ кунанд, ба кӯмаки онҳо хоҳад шитофт. Ӯ рӯзи ҷумъа гуфт, "мо комилан омода ва мунтазири ишора ҳастем", вале дар бораи иқдомҳои мушаххаси худ чизе нагуфт.

Ин ҳушдор боиси таҳдидҳои ҷавобии мақомоти баландпояи Эрон алайҳи нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа шуд ва Оятуллоҳ Али Хоманеӣ, раҳбари муаззами Эрон, гуфт, ки ин кишвар "таслими душман нахоҳад шуд".

Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башари курдҳои "Ҳенгав" хабар дод, ки аз оғози эътирозҳо то кунун камаш 17 нафар кушта шудаанд. Шабакаи Фаъолони Ҳуқуқи Башар (HRANA) теъдоди кушташудагонро камаш 16 нафар ва боздоштшудагонро 582 нафар эълон кардааст.

Аҳмадризо Родон, раиси пулиси Эрон, ба расонаҳои давлатӣ гуфтааст, ки ҳадафи нерӯҳои амниятӣ дар ду рӯзи охир боздошти раҳбарони эътирозҳо будааст. Ӯ афзудааст, "шумораи зиёди раҳбарони эътирозҳо дар фазои маҷозӣ боздошт шудаанд".

Аз бархӯрдҳои сахт дар минтақаҳои ғарбии Эрон гузориш мерасад, вале ҳамзамон дар Теҳрон, манотиқи марказӣ ва вилояти Балучистон дар ҷануби кишвар низ эътирозҳо ва даргириҳо миёни мардум ва пулис сурат гирифтанд.

Шоми шанбе раиси вилояти Қум маркази муҳофизакори рӯҳониёни Эрон, гуфт, ки дар онҷо ду нафар дар ҷараёни нооромиҳо кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз онҳо ҳангоми сохтани маводи тарканда ва бар асари таркиши бармаҳал ҷони худро аз даст додааст.

HRANA ва хабаргузории нимадавлатии "Тасним" гузориш доданд, ки мақомот мудирони саҳифаҳоеро, ки мардумро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба эътироз ташвиқ мекарданд, боздошт кардаанд.

Эътирозҳо як ҳафта пеш дар миёни тоҷирону дӯкондарон дар Теҳрон оғоз шуд ва сипас дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳо ва шаҳрҳои дигар густариш ёфт. Эътирозгарон дар баъзе шаҳрҳо алайҳи рӯҳониёни ҳокими Эрон шиор медоданд.

Аз моҳи марти имсол таваррум дар Эрон беш аз 36 дарсадро ташкил дода, қурби риёл дар баробари доллар тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст, ки ин боиси мушкилоти зиёди иқтисодӣ барои мардум гаштааст.

Таҳримҳои байналмилалӣ ба далели барномаи ҳастаии Эрон дубора ҷорӣ шуданд. Ҳукумат дар давоми сол барои таъмини барқу об дар саросари кишвар бо мушкил рӯбарӯ буд ва ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунанд, ки иқтисоди Эрон дар соли 2026 дучори рукуд хоҳад шуд.

Мақомот кӯшиш доранд, аз ду роҳе бо эътирозҳо муқобила кунанд. Аз як сӯ бӯҳрони иқтисодиро эътироф карда, пешниҳоди муколама медиҳанд, аз сӯи дигар, тазоҳуроти мардумиро бо зӯр саркӯб мекунанд.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи шанбе гуфт, ҳарчанд мақомот бо эътирозгарон гуфтугӯ хоҳанд кард, аммо "ошӯбгаронро бояд дар ҷояшон нишонанд."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG