Як пажӯҳишгари 64-солаи амрикоӣ аз зиндони “Толибон” дар Афғонистон озод шуда, ба Иёлоти Муттаҳида баргашт. Деннис Койл моҳи январи соли гузашта аз хонааш дар Кобул рабуда шуда, дар утоқи якнафарии зиндон нигоҳ дошта мешуд.
Вашингтон раҳоии ӯро иқдоми хуб донист, вале гуфт, рафтори “Толибон” барои аз рӯйхати “ҳомии боздоштҳои ноҳақ” бардоштани Афғонистон ҳанӯз басанда нест.
Вазорати корҳои хориҷии “Толибон”, ки ҳукуматаш аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нашудааст, дар изҳороте гуфт, Деннис Койлро бо дархости модараш раҳо кард.
Ба иттилои ҳокимони Афғонистон, модари Койл дар номае аз онҳо хостааст, писарашро дар остонаи Иди Рамазон афв ва озод кунанд ва Додгоҳи олии Афғонистон ҳам “муҳлати боздошти ӯро кофӣ донистааст.”
Иёлоти Муттаҳида дар аввали моҳи март Афғонистонро барои боздошти шаҳрвандонаш танқид кард ва ҳушдор дод, ки агар вазъ дигар нашавад, сафари дорандагони шиносномаи амрикоиро ба Афғонистон манъ хоҳад кард. Маҳдудияте, ки ҳоло танҳо дар мавриди Кореяи Шимолӣ татбиқ мешавад.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, озод шудани Деннис Койл ҳукумати “Толибон”-ро аз листи “ҳомии боздоштҳои ноҳақ” берун намекунад.
Марко Рубио, котиби давлатӣ гуфт, “ҳарчанд ин як қадами мусбат аз ҷониби “Толибон” аст, ҳанӯз кори бештаре бояд анҷом дода шавад. Мо ҳанӯз дар пайи бозгашти фаврии Маҳмуд Ҳабибӣ, Пол Оверби ва амрикоиҳои дигаре ҳастем, ки ноодилона боздошт шудаанд. “Толибон” бояд дипломатияи гаравгонгирии худро бас кунанд.”
Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии “Толибон”, гуфтааст, Афғонистон шаҳрвандони ягон кишварро бо ҳадафҳои сиёсӣ боздошт намекунад.
Як мансабдори баландпояи Амрико гуфт, Деннис Койл моҳи январи соли 2025 аз хонааш дар Кобул рабуда шуда, бе эълони айбномае дар ҳуҷраи якнафарии зиндон нигоҳ дошта мешуд.
Вай раҳоии Койлро ҳосили иқдоме таҳти роҳбарии Марко Рубио ва талоши ҳамоҳангшудаи байниидоравӣ дониста, аз устувории се хоҳари Койл низ қадрдонӣ кардааст.
Рубио дар навбати худ аз Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар барои таъмини озодии Койл ва ҳамчунин ҳимояту дифоъ аз амрикоиҳои дигаре, ки ноҳаққона дар Афғонистон боздошт шудаанд, изҳори сипос намуд.