Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи соли 2005 тасдиқ шуд


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон «Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2005» - ро ба тасвиб расонид, ки он буҷаи иборат аз 1 миллиарду 256 миллион сомонӣ, муодили ҳудуди 425 миллион долларро барои соли ояндаи Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.
Оқил Оқилов - сарвазири Тоҷикистон зимни суханоне дар иҷлосияи Маҷлиси Намондагон буҷаи соли ояндаро як буҷаи умдатан иҷтимоӣ номид ва гуфт, 46 дарсади ин буҷа ё ҳудуди 600 миллион сомонӣ ба манзури таъмини ниёзмандиҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Оқил Оқилов - раванди иҷрои буҷаи соли равонро муваффақона тавсиф кард ва гуфт, то кунун қонуни буҷа сад дар сад иҷро шудааст.
Ӯ ҳамчунин афзуд: «Дар соли 2003 ва 11 моҳи соли 2004 қарзи беруна ба андозаи 338, 8 миллион доллари амрикоӣ кам гардид. Агар дар соли 2003 қарзи беруна нисбати ҳадди маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ 66,3 фоизро ташкил дода бошад, пас дар соли 2004 ин нишондод 42,8 фоизро ташкил намуд. Ин ба мо имконият медиҳад, ки аз институтҳои моли хориҷӣ маблағҳои иловагӣ ҷалб намоем. Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд қарзҳои навро танҳо дар асоси шартҳои имтиёзнок ва баъд аз гузаронидани экспертизаи дақиқ оиди самаранокии иқтисодӣ ва мақсаднок будани лоиҳа барои соҳаҳои афзалиятнок ҷалб мекунад.»
Ҳамчунин, Сафаралӣ Наҷмиддинов - вазири молияи Тоҷикистон зимни ташреҳи нукоти қонуни буҷаи давлатӣ дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, буҷаи соли ояндаи кишвар назар ба буҷаи соли равон наздики 100 миллион доллар афзоиш хоҳад дошт. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Соли оянда сиёсати молиявӣ аз рӯи муқаррароти кодекси нави андоз ва гумруки ҷумҳурии Тоҷикистон ба самтҳои зерин равона карда мешавад. Шумораи андозҳо нисбати кодекси амалкунанда ба як адад кам карда мешавад. Меъёри андоз аз фоидаи корхонаҳо ба панҷ банд кам карда шуда, бисту панҷ фоизро ташкил медиҳад. Меъёри андоз аз фурӯши чакана ду фоиз кам карда шуда се фоиз муайян гардидааст. Дар баробари зиёдшавии музди меҳнат, меъёри максималии андоз аз даромади шаҳрвандон ҳафт банд кам карда шуда, 13 фоиз ва меъёри минималӣ ба ҷои 10 8 фоиз муайян карда шудааст. Корхонаҳо аз супоридани андоз аз амвол озод карда шуда аз онҳо фақат аз амволи ғайриманқул андоз гирифта мешавад. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз шаш намуди андоз озод карда шуда танҳо андози ягона месупоранд. Дар баробари ин, дар моддаи шаши қонун дар бораи бӯҷаи давлатии соли 2005 озодшавии воридоти қувваи барқ ва газ аз андози арзиши иловашуда пешбинӣ шудааст.»
Дар буҷаи соли равон ҳудуди 600 миллион барои барномаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, пардохти нафақа ва ҷубронпулиҳо, 250 миллион сомонӣ барои соҳаи маориф, 91 миллион барои тандурустӣ, 260 миллион барои соҳаи кишоварзӣ, саноат ва энергетика ва 8 миллион ҳам барои анҷоми таҳқиқоти илмӣ пешбинӣ шудааст. Буҷаи соъири сохторҳои қудратӣ то 45 дарсад, вале буҷаи кумитаи марзбонӣ ба далели ба ихтиёри ин ниҳод гузаштани ҳимояти қисмати умдаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду баробар назар ба соли равон афзоиш хоҳад дошт.
Касри буҷаи соли оянда, ба гуфтаи вазири молия, назар ба соли равон коҳиш дошта, 35 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи худ инчунин ҳайати нави комиссияи марказии интихобот ва райъпурсиро бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ кард. Мирзоалӣ Болтуев бори дигар ба унвони раис ва Мизроб Кабиров муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ тасдиқ шуданд.
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG