Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сабтиноми номзадҳо. Кӣ вориди рақобат мешавад, кӣ аз бозӣ – берун? ВИДЕО


Пешбарии номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, ба поён расид. Ҳоло ҷараёни сабтиноми номзадҳо оғоз шудааст ва то 9-уми феврал идома хоҳад кард. Дар ин марҳила маълум мешавад, ки кадоме аз номзадҳои пешниҳодӣ вориди рақобати интихобот мешаванд ва кадоме аз бозӣ – берун.

Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) гуфтанд, ҳафт ҳизби сиёсӣ номзадии 70 нафарро пешниҳод кардаанд, ки беш аз 32 дарсади онҳо занон ҳастанд. Аммо шумораи довталабон аз ҳавзаҳои якмандатӣ ҳанӯз маълум нест. Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди он ки то замони баргузории интихобот якуним моҳи дигар мондааст, дар кишвар фазои гарму ҷиддӣ ва пур аз рақобат эҳсос намешавад.

Номзадҳои кӣ бештар?

Махфират Хидирзода, намояндаи КМИРТ, рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳама бештар ҳизби ҳокими халқии демократӣ номзад пешниҳод карадаст. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ гаравпулиро мониаи пешниҳоди номзадҳои бештар номиданд.

Гаравпулии интихобот 5800 сомонӣ (муодили 600 доллар) аст ва мақомот мегӯянд, ҳизбу номзадҳои пирӯз дар интихобот гарави додаашонро пас мегиранд ва онҳое, ки интихоботро бохтанд, пулҳояшонро ҳам аз даст медиҳанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳизбҳои Тоҷикистон ба интихобот 70 номзад пешниҳод кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Инчунин намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ дар баъзе аз ноҳияҳо ҳангоми таҳияи санадҳо барои пешбарии номзадҳои онҳо мушкилу монеаҳо эҷод кардаанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, номзадҳои онҳо дар ноҳияи Восеъ ва Кӯлобу Хуҷанд ба мушкил мувоҷеҳ шуданд. "Масалан, дар ноҳияи Восеъ ба номзад гуфтанд, шумо дар ин ҷо созмони ибтидоӣ надоред. Ё Шумо дар руйхат нестед. Ин ҳам дар ҳолест, ки мо тамоми муқарраротро иҷро карда будем," – афзуд ӯ.

Ташхиси равоншиносӣ

Раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам аз он нигаронӣ мекунанд, ки дар марҳилаи пешбарии номзадҳо мақомоти маҳалҳо "монеаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ эҷод кардаанд". Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, мегӯяд, дар ин бора ба КМИР шикоят бурд.

"Дар қонун то имрӯз талабот нисбат ба номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон аз 8 банд иборат буд. Ҳозир 12 банд шудааст. Масалан, аз шахсони боэътимод пештар ягон талаби мушшахас намешуд, ҳоло барои онҳо ҳам ариза додан даркор, бояд аз равоншинос маълумот гирад, ки солим аст. Ин талабот қаблан набуд ва як рӯз пеш ба мо маълум шуд. Шояд КМИР бигӯяд, ки сари вақт санадҳоро пешниҳод накардед,” – гуфт Зоиров.

Аз ҳизби сотсиал-демократ 5 номзад ба интихоботи Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ шудааст.

Чаро интихобот дар Тоҷикистон ҷолиб нест?

Ҳоло дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии кишвар баъзе овезаву шиор ва навиштаҳо дар бораи интихобот дида мешавад. Аммо бархе аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки фазои пеш аз интихоботӣ дар кишвар гарму ҷиддӣ ва пуррақобат нест.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо қариб пешакӣ медонем, чӣ ҳодиса рух медиҳад, кӣ вориди порлумон мешавад. Шахсан ягон чизи ҷолиб намебинам. Сабаб ин аст, ки ҳизбҳои воқеан мухолиф дар Тоҷикистон қариб вуҷуд надоранд. Онҳое, ки ҳастанд, қудрати муборизаи сиёсӣ бурданро надоранд.”

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад. Намояндагони ҳизбҳо ва афроди алоҳида барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон рақобат мекунанд. Вакилон дар панҷ сол як бор интихоб мешаванд.

Маъракаи таблиғотии пеш аз интихоботии номзадҳо 9-уми феврал оғоз шуда, то 28-уми феврал идома хоҳад кард. Рӯзи 29-уми феврал дар кишвар, ба истилоҳ, “рӯзи хомӯшӣ” аст. Ба ҳар ҳизб барои таблиғи барномаҳо тавассути Шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои давлативу маҳаллӣ то 40 дақиқа ва ба ҳар номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон то 20 дақиқа вақти бепули эфир ҷудо карда шудааст.

Интизор меравад, раванди интихоботи порлумонии Тоҷикистонро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ назорат кунанд.

Намояндагони КМИР мегӯянд, барои шаффофу ошкор гузарондани интихобот тамоми чораҳоро меандешанд. Аммо то ин дам созмону кишварҳои ғарбӣ интихоботҳои Тоҷикистонро озоду демократӣ эътироф накардаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG