Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари раҳбари ҳамлаварон дар Данғара сабаби марги писарашро гуфт. ВИДЕО


Гулчеҳра Шодмонова мегӯяд, аз мақомоти зиндон гуфтаанд, писараш ба сабаби аз кор мондани гурдаҳояш вафот кардааст.

Мақомоти расмӣ ба модари Ҳусейн Абдусамадов, тарҳрези ҳамлаи хунин ба дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ӯ дар натиҷаи аз кор мондани гурдаҳояш фавтидааст.

Гулчеҳра Шодмонова, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 3-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ба маълумоте, ки онҳо доданд, гурдаҳояш аз кор мондаанд." Ҳусейн Абдусамадов, тарҳрез ва раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон, ки ба ҳабси абад маҳкум шуд, рӯзи 2-уми март дар яке аз зиндонҳои Душанбе вафот кардааст. Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳои вазорати адлия рӯзи 3-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сабабҳои марги Абдусамадовро Додситонии кул муайян мекунад.

Умаров афзуд, "ӯ бемории ҷиддӣ надошт, аммо ҳар сари чанд вақт ба бемориҳо гирифтор мешуд. Аз ин хотир, ҷасад аз ташхиси суддӣ-тиббӣ гузаронида шуд, то мабодо аз зӯроварӣ ва шиканҷа ҳалок нашуда бошад". Айни замон ӯ аз Ҳусейн Абдусамадов ба унвони "як террористи хатарнок" ном бурд, ки аз кирдораш ҳаргиз изҳори пушаймонӣ накардааст.

Сабаби марги раҳбари ҳамлаварон дар Данғараро ба модараш гуфтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Гулчеҳра Шодмонова, ки дар суҳбати видеоӣ ҳамчунин гуфт, ки баъди азодорӣ сабабҳои дақиқи марги писарашро аз мақомот мепурсад: “Ҳолӣ баъд мераваму мепурсам. Агар мусулмон бошанд, баъд мегӯянд, ки чанд рӯз касал шуд. Гуфтанд, ки бегоҳӣ касал шуд, ҳамон шифохонаи зиндон бурдем, саҳарӣ мурд.”

Шикоят аз бадрафторӣ бо маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёд аст, вале Гулчеҳра Шодмонова эътироф кард, ки ҷасади писарашро дидааст ва дар бадани ӯ осори шиканҷа, ё зӯроварӣ ба чашм намерасид: "Ҷасадашро дидем, ҷасадаш тоза, ҳамон чӣ амалиёте духтур гузаронидаст. Ягон ҷойи сиёҳу кабуд надидем, ҷойи задану, кафидагиву сӯхтагӣ надидем.”

Ҳусейн Абдусамадов гуфтаи мақомот, ҳеҷ гоҳ аз кирдораш изҳори пушаймонӣ накардааст.
Ҳусейн Абдусамадов гуфтаи мақомот, ҳеҷ гоҳ аз кирдораш изҳори пушаймонӣ накардааст.

Гулчеҳра Шодмонова, афзуд, ки чанде пеш бо писараш мулоқот доштааст ва “сару либоси ӯ тоза буд” ва шикояте аз сиҳатӣ ва муносибати посбонҳои зиндон надошт. Аз марги Ҳусейн Абдусамадов аввал бародарашро расман огаҳ кардаанд ва ӯ сипас хабарро ба модараш расонидааст. Ӯро рӯзи 3-уми март дафн карданд.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 35-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июли соли 2018 чаҳор дучархасавори хориҷиро дар Данғара куштанд. Гурӯҳи панҷнафарӣ дар минтақаи Себистон аввал ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш карда, сипас бо корду табар заданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳро нерӯҳои интизомӣ дар ҷараёни амалиёти боздошт куштаанд.

Дар ҳамла чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" чанд рӯз баъд дар Интернет, навори видеоии байъати Ҳусейн Абдусамадов ва ҳамроҳонаш ба ДОИШ-ро нашр кард. Ҳарчанд масъулияти ҳамла ба сайёҳонро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифт, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ҲНИТ даст доштани худ дар ин ҳамларо қотеона рад кард ва ин иттиҳомро як тӯҳмат ба хотири бадном кардани ҳизби сиёсӣ номид.​

Додгоҳи олии Тоҷикистон 21-уми ноябр ҳамон сол Ҳусейн Абдусамадовро ба зиндони яҳабси абад маҳкум кард. Ҳусейн Абдусамадовро ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар кишварҳо гунаҳкор донистанд. Ду нафари дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев барои мусоидат дар ҷиноят ба 16-солии зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳамчунин 12 нафари дигарро барои пинҳон доштани ҷиноят ва ё ба навъе нақш доштан дар ҷиноят аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG