Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи Рязан. Рӯйхати ҳалокшудагон ва захмиён


Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи садамае оғоз кардааст, ки дар натиҷаи он 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як духтари 14-сола ҷон бохта, ҳашт тани дигар (ду шаҳрванди Русия) захмӣ шудаанд.

Вазъи саломати ду нафар аз маҷрӯҳон вазнин гуфта мешавад. Ҳодиса субҳи 6-уми август дар ҳудуди ноҳияи Сасови вилояти Рязан рух додааст.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мусофирбаре, ки ба садама дучор шуд, 12 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд. Ба қавли Аҳмадӣ, шаш нафари онҳо, аз ҷумла Назираи 14-сола ба ҳалокат расида, шаш нафари дигар дар беморхонаи ноҳияҳои Шатский ва Сасов бистарӣ карда шуданд.

Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат афзуд, тибқи иттилои пешакӣ онҳо дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон будаанд, "вале ин ҳоло дақиқ нест". Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар садамаи субҳи 6-уми август ҳалок ва маҷруҳ шудаанд, аз 12 то 45-сола мебошанд. Чаҳор нафари онҳо узви як оила будаанд.

Дар садамаи мазкур

  • Насримова Назира Ҷамшедовна (21.07.2005, ноҳияи Ванҷ)

    Насримова Гулдона Саодатуллоевна (02.02.1983, ноҳияи Ванҷ)

    Саидов Абдулло Саидбекович (12.12.1974, ноҳияи Рашт)

    Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич (08.05.1989, ноҳияи Рӯдакӣ)

    Халилов Ислом Исмоилович (1974, шаҳри Панҷакент)

    Муллоев Фирӯз Бурҳонович (08.11.1977, ноҳияи Айнӣ)

    ҷон бохтанд.

Рӯйхати захмиён:

  • Аҳмедов Раҳмон Тоҳирович (02.05.1991)

    Атоев Файзалӣ Файзуллоевич (16.04.1988)

    Баротов Фурқат Зокирович (1971)

    Алиев Самандар Валиевич (02.03.1981)

    Назримов Ҷовидон Ҷамшедович (14.01.2007)

    Саидов Саидхон Фатҳуллоевич (14.08.1984)

Дар ҳамин ҳол, Ҳасан Шамсиев, масъули маркази “Сомонӣ” дар вилояти Рязан гуфтааст, намояндаи онҳо ба ҷойи ҳодиса рафт, то барои бурдани ҷасадҳо ба Маскав кумак кунанд.

Пулиси Русия мегӯяд, 12 муҳоҷир савори як мусофирбари хурди “Мерседес” ба тарафи Тоҷикистон мерафтанд. Ин мусофирбар ба як мошини сабукрав бархӯрдааст.

Сергей Личинин, як мақоми идораи бозрасии давлатии автомобилии Рязан ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки дар робита ба садама таҳқиқ оғоз шудааст ва аз рӯи натиҷаҳои он хулосаи худро эълон мекунанд. Вале аз ҳоло пулиси роҳи Русия тахмин задааст, ки садама гӯё бо айби ронандаи мусофирбар рух додааст.

Бо вуҷуди сафари пурмашаққат ба воситаи муосифрбарҳо, муҳоҷирон бештар аз ин роҳ ба Русия мераванд ва ё аз онҷо ба ватан бармегарданд. Чун нархи билети ҳавопаймо, ба гуфтаи онҳо, гарон аст ва на ҳама имкони хариди онро дорад.

Имрӯзҳо арзиши сафар ба Русия ба воситаи ҳавопаймо беш аз 2 ҳазор сомонӣ (200 доллар) ва тавассути автобус аз 500 то 750 сомонист (50-70 доллар).

XS
SM
MD
LG