Додгоҳе дар вилояти Хатлон як афсари пешини милисаро бо иттиҳоми даст доштан дар марги як боздоштшуда ба 7 сол зиндон ва пардохти 105 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кардааст. Додгоҳ Маҳмадулло Идиевро дар он гунаҳкор донист, ки дар вақти боздошти Толибҷон Дӯстов, сокини ноҳияи Шаҳритус аз ҳадди ваколати хизматиаш берун баромадааст. Вакили дифои хонаводаи Дӯстов аз ҳукм норозӣ аст.
Дар бораи содир шудани ҳукми додгоҳ, Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ 17-уми июл хабар додааст. Ин эътилоф ба наздикони Толибҷон Дӯстов кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад.
Додгоҳ афсари пешини милисаро бар пояи моддаи 316 (қисми 3, банди “а”)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" ҷазо дод. Ин банди қонун ҷарима ва ё аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Маълум нест, ки афсари пешин Маҳмадулло Идиев то куҷо гуноҳро эътироф кардааст.
Ба гузориши Эътилофи зидди шиканҷа, хонаводаи Толибҷон Дӯстов ва вакили дифои онҳо, ҳукми афсари пешинро "аз ҳад зиёд нарм" хонда, бо талаби ҷазои вазнинтар ба зинаи касатсионӣ шикоят бурдаанд.
Толибҷон Дӯстов дар моҳи июли соли 2017, баъди боздошташ бо гумони қочоқи маводи мухаддир ҷон бохт. Пайвандонаш даъво доштанд, ки Дӯстов дар пайи латукӯби корманди милиса даргузашт. Ду нафаре, ки ҷасади ӯро шустаанд, низ шоҳидӣ доданд, ки дар бари рӯй ва назди гӯши чапаш доғҳои сиёҳро диданд.
Он замон мақомот сабаби марги Толибҷон Дӯстовро сактаи қалбӣ гуфта, аммо дертар алайҳи афсари милиса парванда боз карданд. Муҳокимаи Маҳмадулло Идиев дар моҳи январи соли 2018 шуруъ шуда, додситон дар моҳи июни ҳамон сол ба ӯ нуҳ сол зиндон хост, вале баъди ҳамин муҳокима афсари милисаро дигар наёфтанд. Идиев то он вақт бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ буд. Маҳмадулло Идиев моҳи апрели имсол баъди бозгашт аз Русия дар фурудгоҳ боздошт шуд. Ба иттилои Эътилофи зидди шиканҷа, то ин вақт ӯ дар боздоштгоҳ буд.
Эътилофи зидди шиканҷа дар ду баёнияи ахираш гуфт, бо вуҷуди он ки дар боздошт ва марги Толибҷон Дӯстов камаш се каси дигар даст доранд, мақомот танҳо алайҳи Маҳмадулло Идиев айбнома эълон карданд.
"Шоҳидон ҳамаи онҳоро шинохтанд, аммо додситонӣ аз боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи дигарон, аз ҷумла тибқи моддаи "шиканҷа" худдорӣ кард. Хешовандони Дӯстов ва ҳомиёни ҳуқуқ солҳо боз ба мақомоти ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ шикояту дархост фиристода, хоҳони ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи онҳо буданд," – гуфта шудааст дар як изҳороти Эътилоф аз моҳи апрели имсол.
Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон ҳамеша танқид мешавад. Созмони Милали Муттаҳид дар гузашта гуфтааст, ки дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ боздоштшудагонро азоб медиҳанд ва додгоҳҳо низ эътирофи онҳоро ба инобат мегиранд, ки мухолифи қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист. Дар гузашта чанд ин ҳолатҳое расонаӣ шуд, ки сокинон баъди боздошт дар шароити мармуз ҷон медиҳанд. Фавти Абдуқаҳҳор Розиқов дар шаҳри Кӯлоб ва Меҳроҷиддин Гадозода дар шаҳри Ваҳдат аз намунаи чунин ҳодисаҳо аст.