Зиндониёни тоҷик дар як муассисаи ислоҳии шаҳри Волгогради Русия мегӯянд, пас аз расонаӣ шудани вазъи вазнинашон, фишор ба онҳо барои рафтан ба артиш бештар шуд. Ба нақли онҳо, ки номашон ба далели амниятӣ ошкор намешавад, мақомоти Русия дар як ҳафтаи охир ду маҳбуси тоҷикро ба ҷанги Украина бурдаанд.
Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми октябр хабар дода буд, ки ҳудуди 160 зиндонӣ аз Осиёи Марказӣ, ки дар миёнашон 60 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст, барои рафтан ба ҷанги зидди Украина зери фишор ҳастанд.
Идораи зиндонҳои Волгогради Русия дар вокуниш ба ин хабар рӯзи 31-уми октябр навишт, ҳеч кас маҷбурӣ ба ҷанг бурда намешавад ва хабари расонаҳо дар ин бора асос надорад.
Яке аз зиндониёни тоҷик рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳамчунон зери фишор ҳастанд. Ӯ гуфт, "шаби 3-юми ноябр ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки сокини вилояти Хатлон ҳастанд, ба фишору азият тоб наоварда, қарордод имзо карданд ва ба ҷанг бурда шуданд. Онҳо тақрибан як сол дар шароити сахт нигаҳдорӣ мешуданд."
Номи ду зиндонӣ барои Радиои Озодӣ маълум аст, вале ба хотири амнияти нафаре, ки бо мо суҳбат кард, фош карда намешаванд.
Ба нақли ҳамсуҳбати мо, дар як соли гузашта беш аз 100 маҳбус, ки дар миёнашон тақрибан 40 шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ба ҷанг бурда шудаанд. "Аз ин гурӯҳ танҳо ду нафар зинда монд, ки онҳо ҳам дасту по надоранд," -- гуфт мусоҳиби мо.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 6-уми ноябр ба зангҳои пайдарпай ва мактуби Радиои Озодӣ посух надоданд.
Зиндониёни тоҷик мегӯянд, онҳоро барои идомаи ҷазо ба ватан баранд ё аз ҳаққашон ҳимоят кунанд, ки онҳо дар ҷанги кишвари бегона кушта нашаванд.
Русия дар ҷанги васеъмиқёсе, ки аз соли 2022 алайҳи Украина пеш мебарад, ҳазорон шаҳрванд ё зодагони Тоҷикистонро ҷалб карда, то кунун хабари кушта шудани садҳо нафари онҳо расонаӣ шудааст.
Як масъули “Зистан мехоҳам”, тарҳи давлатии Украина, дар як ҳамоиши онлайнӣ дар миёнаҳои моҳи октябр гуфт, маълумот пайдо кардаанд, ки Русия аз аввали ҷанг бо беш аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷанги зидди Украина қарордод бастааст. Ӯ гуфт, шояд шумораи воқеӣ аз ин бештар бошад, вале ин маълумотест, ки онҳо дастрас ва собит кардаанд.
Русия наздик ба панҷ сол боз зидди Украина меҷангад ва аксари созмону кишварҳои ғарбӣ ҳамлаи Русияро таҷовуз дониста, онро маҳкум кардаанд. Дар Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сахт пешбинӣ шудааст, вале то кунун касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд.