Мақомоти Тоҷикистон дар нуҳ моҳи имсол ба ҳадде ҷарима ситонидаанд, ки аз нақшаи пешбинишуда қариб 50 дар сад зиёдтар будааст.
Ба иттилои Вазорати молия, дар ин муддат аз ҳисоби ҷарима ва қонушиканиҳои дигар ба будҷа 415 миллион сомонӣ ($ 44,6 млн) ворид шудааст, ки аз нақша 134 миллион сомонӣ ($ 14,4 млн) зиёд аст.
Маълум нест, ки ин миқдор пул аз кадом бахш ё кадом қонуншиканиҳо ситонида шудааст. Вазорати молия шарҳ надодааст, ки чунин нақша бар пояи чӣ пешбинӣ шуд ва кадом омилро дар назар дорад. Ин ниҳод то лаҳзаи таҳияи гузориш ба номаи расмии Радиои Озодӣ посух надод.
Ба андешаи коршиноси мустақил Уктам Ҷумъаев, пули ҷаримаву муҷозоти сокинон набояд дар нақшагирии будҷа ҳамчун сарчашмаи асосӣ нишон дода шавад.
Дар айни замон, ба қавли ӯ, барзиёд иҷро шудани даромад аз ҳисоби ҷаримаву муҷозоти дигар далели он аст, ки низоми назорат аз қонуншиканиҳо дар Тоҷикистон тақвият ёфтааст.
"Масалан пурзӯр кардани назорат дар мавриди самарбахш ё сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ. Албатта, бояд бинем, ки ин дастур саривақт иҷро мешавад ё не. Афзоиши ҷаримаҳо ин маънои онро дорад, ки бевосита татбиқ намудани ҷазоҳои маъмурӣ зиёд шудааст",-гуфт ӯ.
Ин коршинос афзуд, Вазорати молия бояд сарашмаҳои ҳамаи даромади будҷаро шаффоф ба ҷомеа бигӯяд, то сокинон огоҳӣ пайдо кунанд, ки даромади будҷа аз кадом манбаъҳо барзиёд иҷро шудааст.
Видеоро инҷо бинед:
Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон ҳаҷми ҷаримаро боло бурдаанд, ки гоҳе боис ба нигаронии сокинон ҳам мешавад. Як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар бораи ситонидани ҷарима ё ҳаҷми он назарҳои гуногун доранд.
Яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт: "Баъзан вақт бо назардошти вазъи молиявӣ пардохти ҷаримаҳо барои шаҳрвандон мушкил пеш меорад. Вобаста ба ҳамон ҳолати молиявӣ агар ҷарима пешниҳод шавад, боз нағзтар мешавад. Ҳолати молиявии ҳар шаҳрвандро ба назар гиранд".
Ба андешаи мусоҳиби дигар пардохти ҷарима метавонад сатҳи ҷинотякориро кам кунад: "Ба он хотир, ки сатҳи ҷинояткорӣ паст мешавад. Одамон ҷинояти бисёр намекунанд. Қоидавайронкунӣ намекунанд. Ҳама аз рӯи қонуну қоида. Ҷарима, ки зиёд шуд, имкони пардохт надорад, ҷиноят намекунанд, қонуншиканӣ намекунанд".
"Устои телефон будам пули патент насупоридам. Барои ҳамон ҷарима шудам ва патентро супоридам. Ҷаримаи ман қариб 4000 сомонӣ буд"-афзуд, роҳгузари дигаре.
Афзоиши даромади Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаҳо дар ҳолест, ки шикоятҳо аз беасос ҷарима шудан ҳам борҳо садо додааст. Дар чанд соли охир нигарониҳо аз ҷаримаҳои вобаста аз қонуни танзим ва роҳу нақлиёт бештар расонаӣ мешавад.
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли гузашта барои риоя накардани қонуни танзими ҷашну маросим сокинони кишварро қариб 8 миллион сомонӣ ҷарима бастаанд. Қарорҳое, ки на ҳама бо он розӣ ҳастанд.