Оҷонси Ҳамкориҳои Низомии Амрико гуфт, ки системаи дифоии ҳавоии HAWK ва васоили лозим барои нигаҳдошти он бо қимати 172 миллион доллар ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши дигар бо қимати 150 миллион доллар дар ихтиёри Украина гузошта мешавад.
Дар баёнияи ин оҷонсӣ омадааст, муҳимоти ҷангӣ, “тавоноии Украина барои муқобила бо хатарҳои феълӣ ва ояндаро беҳтар мекунад ва иҷоза медиҳад, амалиётҳои дифоӣ барои худ ва амнияти минтақавӣ анҷом диҳад.
Вазорати умури хориҷии Амрико барномаи фурӯши аслиҳаро тасдиқ қардааст ва Оҷонси Ҳамкориҳои Низомии Амрико ёддоштеро дар бораи он ба Конгресс фиристодааст, ки бояд барои фурӯш иҷоза бидиҳад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 14-уми июл зимни мулоқот бо Марк Рютте, дабири кулли Созмони Паймони Атлантики Шимол гуфт, ки ба Украина бо арзиши миллиардҳо доллар аслиҳа медиҳад, ки ва пули онро НАТО мепардозад.
Айни замон Трамп ба Русия 50 рӯз фурсат дод, то ба созиши оташбас бо Украина розӣ шавад, дар акси ҳол аз он кишварҳое, ки бо Русия тиҷорат доранд, боҷи иловагӣ меситонад. Ин кишвар метавонанд, Русияро барои музокироти сулҳ бо Украина моил кунанд.
Фурӯши аслиҳаи иловагӣ ба Украина пас аз он сурат мегирад, ки вазорати дифои Амрико интиқоли аслиҳа ба ин кишварро боздошт ва гуфт, ки то замони арзёбии захираи аслиҳа дар худи кишвар ба Украина аслиҳа намефиристад. Украина дар ин муддат таҳти ҳамлаҳои сахти мушакии Русия буд ва ин гуна ҳамлаҳо шоми 23-уми июл ҳам идома карданд. Украина ҳам бо паҳподҳо ба вилоятҳои ҷанубии Русия ҳамла кард, ки дар натиҷа як нафар ҷон дода, як каси дигар ҷароҳат бардоштааст. Мақомоти Русия гуфтанд, бинобар ҳамлаҳо фаъолияти фурудгоҳи шаҳри Сочиро то чаҳор соат боздоштаанд.
Рӯзи 23-уми июл ҳайатҳои Русия ва Украина зимни музокирот дар Туркия дар бораи табодули дигари асирон ба созиш расидаанд. Дар бораи созиши эҳтимолии оташбас ва мулоқоти эҳтимолии раҳбарони Украина ва Русия ҳеч пешрафте ҳосил нашудааст.
Украина пешниҳод дорад, ки раиси ҷумҳур Владимир Зеленский ва Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия то охири моҳи августи имсол мулоқот кунанд. Ба қавли Рустам Умаров, раҳбари ҳайати Украина, дар сурати ризоият ба ин пешниҳод Русия метавонад, “муносибати созандаи худро возеҳ нишон медиҳад”.
Владимир Мединский, раҳбари ҳайати Русия хостори қатъи 24-соатӣ ва ё 48-соатаи даргириҳо шудааст, то ду тараф тавонанд, ҷасадҳои сарбозони худро аз майдонҳои ҷанг ҷамъ оваранд. Украина гуфтааст, ки даргириҳо фавран қатъ шаванд ва оташбас дарозмуддат бошад.
Дар бораи табодули асирон, Владимир Мединский гуфтааст, ки ду тараф ризоият додаанд, ки камаш то 1200 асирон аз ҳарду тарафро озод кунад ва Русия гуфтааст, ки омода аст, ҷасадҳои 3000 сарбози украиниро баргардонад. Ба қавли Мединский, сарбозони сахт маҷрӯшударо ҳам бояд ба ҳамдигар бидиҳанд. Владимир Зеленский гуфт, ки тамоми рӯзи 23-уми июл омодагӣ ба табодули асирон идома дошт. Ӯ афзуд: “Мо мунтазири бозгашти одамони худамон ҳастем. Бо вуҷуди тамоми мушкилот, бисёр муҳим аст, ки украиниҳо баргарданд.”